Қонуни тиб

Чун гудохта шуд, биполанд ва бар вай дигар доруҳоро афканда, андар ҷогаҳи обгинагӣ ва ё симӣ бардоранд. Аз он ба миқдори як боқилои мисрӣ бо ду қавосус оби ангубин ба бемор бидиҳанд, вале андар он бо ангушт се қатра равғани кунҷид бичакон.
Як маъҷуни мансуб ба Сонитус
Ин рег ва дигар моддаҳои решҳоро аз тариқи пешоб берун орад.
Таркиби он: аз бехи савсан чаҳор мисқол, аз сисолиюс, камозариюс, яъне хомадрус, ҳуфориқун (чойкаҳ), улуқавин,94 ки барги хомоловани сиёҳ аст ва сипандон, яъне тухми либонутис чаҳор мисқолӣ, ҳамомо ҳашт мисқол, аз дорчинӣ дувоздаҳ мисқол, аз либонутиси95 кӯҳӣ, сунбули ҳиндӣ, заъфарони қилиқӣ, тухми карафси кӯҳӣ, гесугуна, тухми судоби даштӣ ва мушктаромашири қаритӣ як чандии худи ҳамон вазн, аз бехи ширинбаён, санги шомии нар ва модаи он шонздаҳ мисқолӣ, аз сипандони бобулӣ бисту чаҳор мисқол, аз тухми панҷангушт ва динорӯя бисту чаҳор мисқолӣ ва аз қардамоно чиҳилу ҳашт мисқол гирифта, бо ангубини ҷӯшонида маъҷун созанд ва аз он ба миқдори як фундуқ гирифта, бо чаҳор қавосус аз шароби ангубинзадаи омехта биошоманд.
[16] Маъҷуни ҷентиёно
Ин аз барои сахтӣ, суддаҳо, дарди ҷигар, меъда ва испурч ва аз барои таби куҳан судбахш аст.
Таркиби он: аз ҷентиёно ва мурч даҳ дирамӣ ва аз
қусти талх, сода, сунбул ва рованди чинӣ як уқиягӣ гирифта, бикӯбанд, бисованд ва бо ангубини кафк баргирифта, то ба шакли ангубини сахтшуда даромадан маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо оби судоби ҷӯшонида бувад.
Сифати доруе, ки «доди Худой» ном дорад
Ин доруест, ки онро андар хизонаи шоҳон дарёфтаанд ва гуфтаанд, ки он аз бавосир, фасоди меъда ва сардҷимоъӣ суд дорад, иштиҳои хӯрдану ҷимоъ кардан оварад, пешоб битозонад ва агар онро андар баҳору зимистон се моҳ ҳар рӯзи ҷумъа биошоманд, тандурустиро нигоҳ дорад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила, омула, ваҷ, зарованди гирд, зарованди дароз, газари даштӣ, ҳил, қоқула, мехак, тухми бобуна, занҷабил ва кунҷиди покнокарда шаш уқиягӣ, аз гавзи бӯё, (339) сунбул, турбиди сафед, му, фу, тухми газари даштӣ, асорун, тухми карафси кӯҳӣ ва уфурбиюн ду уқиягӣ, аз ниниё, ки нонхоҳ бошад, мағзи гандум, тухми гандано, тударии сафед, хашхош, зурунбод, даруна, решаи зиришк, ҳамомо, оқирқарҳо, табошир, сисолиюс, ангужади бадбӯй ва зираи кирмонӣ се уқиягӣ, аз шул, фул, бул, дорчинӣ, шитараҷи ҳиндӣ, шитараҷи форсӣ, филфилмӯя,96 ушна, мушки замин, бехи нилуфар, дорфилфил, қирфаи хушбӯй ва гунди бедастар панҷ уқиягӣ, аз говшир ва сакбина чаҳор уқиягӣ, аз пӯсти бехи карафс ҳашт уқия ва аз рими оҳани поккарда ва сӯхтае бигиранд, ки се ҳафта парварида бошанд: як ҳафта бо шакар; як ҳафта бо ангубину об; ва як ҳафта бо сирко. Сипас, онро як рӯз андар сирко тар кунанд, рӯзи дигар андар шакар би
гиранд ва рӯзи севвум ба обу ангубинаш гузаронида, се ҳафта ба ҳамин сифат бо он чунин кор кунанд, баъд андар соя бихушконанд ва то мисли сурма гардидан бисованд. Дигар доруҳоро низ кӯфта, бисов ва бибез. Сипас, аз доруҳо се бахш ва аз рими оҳан як бахш баркаш кун, баъд аз он онҳоро бо равғани гов нек биолой, бо ангубин хуб маъҷун соз ва бо он ба қадри вазни рими оҳан пониз ҳамроҳ кун. Понизро гудохта, бо ангубин бар онҳо бирез, то мисли ангубини сахт бигарданд. Сипас, андар кӯзаи сабзи хуб покиза бигир, даҳонашро бибанд ва шаш моҳ андар ҷав бигӯрон. Аз он ба қадри як мозу пагоҳӣ бар ношито [ба бемор] бидеҳ ва бояд то гузаштани се соат чизе нахӯрад. Сипас ба ӯ ғизо бидиҳанд ва тадбири ғизоии муътадил пеш гиранд, то хоммонӣ, таранг шудани шикам ва дигар зиёнҳои бимнок ба амал наоянд. Баъзе аз пизишкони донишманд чунин тасдиқ кардаанд, ки ин дору шиддати заҳри қотилро ба хости Худой Таоло бигардонад ва тандурустӣ бахшад.
Як маъҷуни дигар
Ин аз заъфи ҷигар, кӯфтхӯрдагӣ ва хунпартоӣ суд дорад.
Таркиби он: аз гулнор, хуни сиёвушон, барги кабар ва замчи яманӣ як бахшӣ гирифта, бикӯб, бисов ва бо ангубин маъҷун соз. Як ошомиданӣ аз ин як мисқол ва бо оби нимгарм бувад. Ё агар онҳоро биҷӯшонӣ, обашро биполӣ ва ба шакли нимгарм [ба бемор] бидиҳӣ, хуб хоҳад буд.
Маъҷуни Фиюмои97 пизишк
Ин аз табоҳии мизоҷ ва омоси ҷигар суд дорад, меъдаро қавӣ кунад ва рангро сафо бахшад.
Таркиби он: аз ҳалила ва киё бисту панҷ дирамӣ, аз занҷабил ва дорчинӣ бист дирамӣ, аз мурчи сафед бисту чаҳор дирам, аз толисфар се дирам, аз хуланҷон даҳ дирам, аз нормушк шаш дирам, аз афшураи афсинтин панҷ дирам ва аз тилои пухта ва майсавсан ба андозае, ки бо он доруҳо сиришта шаванд, бигиранд. Доруҳоро бикӯб, бисов, бо тило ва майсавсан маъҷун кун ва ба қадри донаи мурч аз он ҳаббҳо бисоз. Як ошомиданӣ аз ин ба қадри ду дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Як маъҷуни бо номи «амирӣ» маъруф
Ин аз душвории пешоб, дарди миён ва заъфи гурдаҳо суд дорад ва сангро аз ҳам бирезонад.
Таркиби он: аз тухми хашхош, тухми гандано, тухми карафс, тухми шибит, тухми савсан, тухми коҳу, тухми коснӣ, тухми хурфа, баҳмани сафед ва баҳмани сурх, «забони гунҷишк», тухми беданҷир, касило, тухми шоҳисфарам, тухми марзангӯш, баранги кобулӣ, мурч, турбид, тухми таратезак, тухми марв98 (субинак), ушна, уша, шукуфаи изхир, тухми шалғам, касиро, тухми банг, саътар, зарнаб, фаланҷа, донаи нил, қуст, каравиё, аспғул, абҳал, росан, лубон, тухми (340) фозил,99 салиха, тухми катон, намаки ҳиндӣ, тухми судоб, тухми хайрии сурх ва сафед, зираи кирмонӣ, қирфа, тухми палангмушк, муғос, санои маккӣ, суринҷон, афитимун, анисун, канабдона, сарахс ва боқилӣ се дирамӣ, аз ҳар ду навъи тударии сафед ва сурх, нонхоҳ, зурунбод ва донаи он, тухми бодиён, дорчинӣ, ҳалилаи зард, ҳалилаи кобулӣ, тухми ис панд, мӯрддона, хардал, шаҳдона, кунҷиди муқашшар, ҳулба ва тухми газар панҷ дирамӣ, аз газари даштӣ ва занҷабил чаҳор дирамӣ, аз киё, мурчи сафед, мехак, сунбул, шукуфаи ҳино ва оқирқарҳо якуним дирамӣ, аз маҳмуда ду донг, аз тухми харбуза ва аз тухми харбузаи дароз даҳ дирамӣ, аз равғани кунҷид чиҳил дирам ва аз ангубин ду ратл бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор