Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як ошомидании тамом ду дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Як маъҷуне, ки онро Ас-Саймарӣ100 тавсиф карда гуфтааст, ки он озмудашуда мебошад

Ин [маъҷун] аз барои фалаҷ, лақва, истирхо ва дигар иллатҳое созгор аст, ки асли онҳо балғам бувад. Аз он ба қадри таҳаммули бемор гирифта, чун аз барои истирхо бар андом бимоланд, ба таҳқиқ судманд бувад.

Таркиби он: аз афюн, фурбиюн, гунди бедастар, дорчинӣ, дорфилфил, банги сафед, сунбул, занҷабил ва заъфарон бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд, бибезанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Як маъҷуни фарбеҳсозандаи санҷидашуда, ки аз мост

Аз муғос, гавзгандум, баҳман, зурунбод, касиро, тухми хашхош ва каҳрабо се дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд, бо равғани зард сабук бирён кунанд ва бо ду мани хурд аз писти гандум ва як мани хурд аз шакари қолибзада биомезанд. Аз ин ҳар рӯзе бист дирам гирифта, бо як ратл шир биҷӯшонанд, бар вай ба қадри ҳоҷат равғани зард бирезанд ва дам кашанд, бисёр хуб аст.

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ЁРАҲО101
«Иёраҷ» (ёра) номи доруи исҳоловарандаи ислоҳшуда буда, таъвил ва тафсири он «доруи илоҳӣ» аст. Нахустин доруи исҳоловарандаи маъруф ёраи Руфус аст ва андар замонҳои пешин исми «иёраҷ» бар ҳамон итлоқ мешуд, вале сипас ғайри онро низ «иёраҷ» ном ниҳоданд.
Доруи исҳоловарандаро аз баҳри он «доруи илоҳӣ» гӯянд, ки кори доруи исҳоловаранда чун кори илоҳӣ буда, аз тарафи қувваҳои табиӣ ба субут бирасад. Андар қадим барои он [ба бемор] ёраҳо медоданд, ки пизишкон аз зиёни доруи исҳоловарандаи холисе мисли дилаи ҳанзал, харбақ ва ғайра метарсиданд. Бинобар ин ҳар гоҳ онҳоро истеъмол кардан мехостанд, бо доруҳои гузаронанда, ислоҳкунанда ва подзаҳрҳо меомехтанд, то ба истеъмоли онҳо ҷасорат пайдо кунанд. Сипас ба онҳо камкам одат карда, ҷӯшонидаи онҳоро ба кор мебурдагӣ шуданд ва баъд аз он ба ҳадде ҷасорат пайдо карданд, ки худи онҳоро, чунонки ҳаст, гирифта, ба шакли ҳаббҳо ба кор мебурданд.
Каси пешаи пизишкӣ ихтиёр карда бояд бидонад, ки ёраҳо некфарҷомтар аз матбухҳо (ҷӯшонидаҳо) ва ҳаббҳо мебошанд. [Ҷӯшонидаҳову ҳаббҳоро] на ба сабаби зиёнварӣ, балки ба сабаби бениёз будан аз онҳо ва ба сабаби бадодатӣ ба кор намебаранд [17] ва онҳо мисли ёраҳо аз маҳаллҳои дури [тан моддаро] намекашанд. Як ошомиданӣ аз ёраҳо то чаҳор мисқол аст ва гоҳе бар вай намаки хамирӣ бипошанд. Созгортарин чизе, ки бо он [ёраҳоро] биошоманд, оби афитимун бо мавиз ва хусусан аз рӯи нусхаи зерини яке аз пизишкон сохташуда мебошад: аз афитимун чаҳор дирам, аз мавизи поккарда даҳ дирам, аз ҳалилаи сиёҳи поккарда ҳафт дирам, аз устухудус се дирам ва аз об се ратл гирифта, то ним ратл мондан биҷӯшонанд ва бар ношито биошоманд. Сипас аз болои он як дирам тухми хитмӣ, ним дирам тухми хиёр, андаке равғани бодоми ширин ва оби нимгарм истеъмол кунанд. Ғизо бояд се рӯз зирабо бошад ва обро омехта [бо шароб биошоманд].

(341) Ёраи фиқро102, яъне талх

Ин ёраи сабр буда, вале аз барои латифӣ ва суд доштан барои андомҳои дарунӣ ва меъда дорчинӣ, аз барои ҳамин ғараз ва низ аз барои нигоҳ доштани қувват мастако ва аз барои пазонидан ва тақвияти дилу меъда салихаву заъфарон ба он ҳамроҳ кунанд. Гоҳе заъфарон андар таркиби он боиси сардард бигардад ва бинобар он бояд миқдори онро кам бигиранд ва ё аслан биандозанд.
Асорун [ҳам ҳамроҳ кунанд], зеро он барои исҳол ва фуруд овардани рутубатҳо ёварӣ кунад, вале гоҳе ба ҷои он кабоба биафзоянд ва он латиф бувад. Донаи баласон ва шохаҳои баласонро аз барои он [ҳамроҳ кунанд], ки меъдаро қавӣ созанд, таҳлил оваранд ва хусусияти подзаҳрӣ доранд. Бархе одамон андар он шукуфаи гӯргиё биафкананд ва он эҳтимоли саҳҷоварии сабрро пешгирӣ кунад ва ё гул биафкананд, то зиёни гармии сабрро аз меъдаву сар дур бидорад. Гоҳе онро бо ду чанди хеш аз ангубин бихобонанд ва гоҳе ба таври хушк ва нохобонда [ба кор баранд]. Ман бошам, онро баъди совидан бо оби муқл қурсҳо созам, андар соя бихушконам ва ба кор бибарам, беш аз дигар намудҳо ва ба ғоят хуб дарёбам. Эҳтимол он аст, ки бояд муқл қариб як бахш гирифта шавад.
Пешиниён оид ба чӣ андоза ислоҳ намудани сабр ихтилоф кардаанд. [Бархе аз эшон ҳангоми яксаду бист мисқол будани сабр вазни доруҳои ислоҳкунандаро сиюшаш мисқол бигиранд ва ин дар суратест, ки агар ба дорчинӣ, шохаҳои баласон, асорун, сунбул, заъфарон ва мастако кифоят кунанд ва аз ҳар кадоми инҳо шаш мисқолӣ афкананд, ё чиҳилу ҳашт мисқол бигиранд ва ин дар суратест, ки агар бад-он шаш [дору] кифоят накунанд, балки ба онҳо салиха ва донаи баласонро ба қадри шаш мисқолӣ аз ҳар кадом биафзоянд. Бархе аз эшон сабрро ҳамроҳи яке аз ду вазни доруҳои ислоҳкунандаи ёдшуда ҳаштод мисқол ва бархе дигар сабрро ҳамроҳи ҳар ду вазни доруҳои ислоҳкунандаи ёдшуда сад мисқол бигиранд. Бархе вазни доруҳоро ба қадри сеяки вазни сабр ва бархе вазни доруҳоро ними вазни сабр гирифта, каме биафзоянд ва ё аз он бикоҳанд. Мазмуни ҳамаи он чи ки Юҳанно ёд карда аст, андар Мақолаи шашуми «Тадбири тандурустон»-и Ҷолинус ва «Ҷавомеъ»-и табибони искандаронӣ [ҷой дорад] ва аз матн лафзи «Ҷавомеъ» [ва] Мақолаи шашуми «Тадбири тандурустон» андар ин бора [ба шакли зер] ислоҳ шудааст: ёраи фиқро бар се шакл сохта мешавад: яке он, ки бар сад мисқол аз сабр шаш мисқолӣ аз ҳар як аз доруҳои дигар афканда мешавад; дуввум ин, ки бар ҳар навад мисқол аз сабр аз ҳар яки доруҳои дигар шаш мисқолӣ афканда мешавад; ва севвум ин, ки бар ҳар ҳаштод мисқол аз сабр шаш мисқолӣ аз ҳар яки доруҳои дигар афканда мешавад].103 Гоҳе аз сабри шуста ба кор бибаранд, ки ин камтар исҳол оварад ва барои гарммизоҷон ва гирифторони таб бештар созгор бувад, вале инро на ба ҳама гуна каси гирифтори таб, балки ба он касе бидиҳанд, ки табаш нарм бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ