Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бархе аз [пизишкон] сабри ношустаро, ки ба таври қавӣ исҳоловаранда аст, ба кор бибаранд, лекин ин барои касони гирифтори таб зиён дорад, вале бо вуҷуди ин гурӯҳе аз ин мардумон чун аз он ошомидаанд, зиёне надидаанд. Ёраи талх на зуд, балки нарму андак-андак ва оҳиста исҳол оварад ва бошад, ки ба рӯзи дуввум кори худро кунад. Инчунин исҳоли он на ба тариқи аз дур кашидан аст, балки вай он чизеро аз рӯдаҳову меъда берун кунад, ки бо онҳо дучор ояд ва биомезад. Дуртарин ҳадди кашиши он ноҳияи ҷигар аст, на рагҳо. Аммо он нусхаи [ёра], ки ба наздики умуми [пизишкон] маъруф аст, аз рутубатҳои андар рӯдаҳо ва меъдаву сар падидоянда, аз дардҳои пайвандгоҳҳо, қулинҷ, лақва, гаронии забон ва истирхои андомҳо судманд аст.
Таркиби он: аз мастако, дорчинӣ, асорун, сунбул, донаи баласон, заъфарон, шохаҳои баласон ва салиха як дирамӣ ва аз сабр ду чанди доруҳо гирифта, ҳамаро бикӯбанд ва бибезанд. Як ошомидании тамом аз он ду дирам ва бо ангубин ва оби нимгарм аст.
Ёраи Луғозиё

Ин ёра табаррук ва бисёр судбахш буда, танро аз дуртарин андомҳои атрофии он сар карда, (342) аз тариқи исҳоли начандон сахт аз ҳамаи хилтҳо ва фазлаҳо пок созад ва аз бемориҳои сар, сардард, дарди нимсара, «хӯд», гижа, васваса, девонагӣ, саръ, карӣ, ҳаросидан, фалаҷ, истирхо ва ҳатто аз сакта низ судманд аст. Андар ҳамаи ин ҳолатҳо, чунонки андар боби шалисо ёд шуд, онро ба тариқи андар бинӣ афкандан [ба кор баранд]. Ин аз [шалисо] хеле беҳтар буда, аз дардҳои гӯшу чашм суд бахшад, меъдаро қавӣ созад, суддаҳои ҷигар бикушояд, хуни ҳайз битозонад, ба душворӣ омадани пешобро бартараф кунад ва аз таби чаҳоррӯзӣ, ҳамаи бемориҳои хомбалғамӣ ва савдовӣ ва аз табҳои навбатнок суд дорад. Низ аз дардҳои пайвандгоҳҳо, ниқрис, қавин ва инчунин аз «бемории мор», «бемории рӯбоҳ», решҳои куҳани сар ва дигар андомҳо, аз барас, баҳак, парюн, пӯстрав шудан, ҷузом, хукакҳо, омосҳои сард ва саратонҳо судбахш бувад.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал панҷ дирам, аз пиёзи унсул ба шакли бирён, аз ғориқун, маҳмуда, харбақи сиёҳ, уша ва сири даштӣ104 чаҳоруним дирамӣ, ба ҳасби як нусхаи дигар ду ним дирамӣ, аз афитимун, камозариюс, муқл ва сабр се дирамӣ, аз ҳошо, ҳиюфориқун, содаи ҳиндӣ, фаросиюн, гесугуна, салиха, мурчи сиёҳ, мурчи сафед, дорфилфил, заъфарон, дорчинӣ, баспоя, говшир, сакбина, гунди бедастар, мурр, карафси кӯҳӣ, зарованди дароз, афшураи афсинтин, уфурбиюн, сунбули хушбӯй, ҳамомо ва зан

ҷабил ду дирамӣ, аз ҷентиёно ва устухудус якуним дирамӣ ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомидании тамом аз он чаҳор мисқол ва бо оби нимгарму ангубин, ё бо ҷӯшонидаи афитимун ва мавизи аз дона поккарда бувад.
Ёраи Луғозиё ба ҳасби нусхаи Филағриюс

Аз дилаи ҳанзал, ғориқун, уша, пӯсти харбақи сафед, маҳмуда ва ҳиюфориқун даҳ мисқолӣ, аз афитимун, баспоя, муқл, сабр, камозариюс, фаросиюн ва салиха ҳашт мисқолӣ ва аз дорфилфил, мурчи сафед, мурчи сиёҳ, дорчинӣ, заъфарон, говшир, сакбина, гунди бедастар, карафси кӯҳӣ ва зарованди дароз чаҳор мисқолӣ гирифта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании тамом аз он ба ҳасби қуввати ҳар як инсон чаҳор ё се мисқол, бо оби ангубин ва намак бувад.
Ёраи Луғозиё ба ҳасби нусхаи Булус

Аз дилаи ҳанзал бист мисқол, аз мушпиёзи бирён, ағориқун, уша, пӯсти харбақи сиёҳ, маҳмуда ва ҳиюфориқун даҳ мисқолӣ, аз баспоя, афитимун, муқл, сабр, камозариюс, фаросиюн ва салиха ҳашт мисқолӣ, аз мурр, говшир, сакбина, карафси кӯҳӣ, се намуди мурч, дорчинӣ, заъфарон, гунди бедастар ва зарованди дароз чаҳор мисқолӣ ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд.
Ёраи Руфус

Ин аз зардаи сиёҳ, балғам ва «бемории рӯбоҳ» судманд аст.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал бист мисқол, аз камозариюс даҳ мисқол, аз сакбина ва говшир ҳашт мисқолӣ, аз тухми карафси кӯҳӣ панҷ мисқол, аз зарованди гирд панҷ мисқол, аз мурчи сафед ва мурчи сиёҳ панҷ мисқолӣ, аз дорчинӣ чаҳор мисқол, аз салиха ҳашт мисқол ва аз устухудус, заъфарон, гесугуна ва мурр чаҳор мисқолӣ гирифта, мурро андар тило тар кунанд, доруҳоро кӯфта, бибезанд, ҳамаро бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
(343) [Ёраи Руфус] ба ҳасби нусхаи дигар

Аз дилаи ҳанзал бист дирам, аз сабри сақутарӣ панҷ дирам, аз хуланҷон даҳ дирам, аз камозариюс бист дирам, аз сакбина ва говшир ҳашт дирамӣ, аз зарованди гирд, карафси кӯҳӣ, мурчи сафед ва мурчи сиёҳ панҷ дирамӣ ва аз сунбули хушбӯй, салиха, дорчинӣ, заъфарон, занҷабил, мурр ва гесугуна ду дирамӣ бигиранд. Мо ба изофаи ин дар нусхаи дигар доруҳои зеринеро ёфтем, ки мансуб ба [нусхаи] сирёниянд: даҳ дирамӣ камофитус, ғориқун ва фаросиюн. [Ҳамаи] инҳоро бисованд ва бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор дирам буда, бо оби гарм, ангубин ва намак баъд аз таб бар ношито [биошоманд].
Ёраи Аркоғонис ба ҳасби нусхаи умумӣ

Ин аз ҳар гуна беморие суд дорад, ки аз балғами хом
ва ғайри хом105 ва аз савдо ба амал ояд; аз гижа ва сардард
суд дорад; аз оғози об андар чашм, аз хастагии тари овоз, аз дардҳои гулӯ, душвории нафас, ташаннуҷ ва хуроҷҳои аз сабаби моддаҳои ситабр ба амал омада суд дорад; ва низ аз оби зард [18] ва гар судбахш аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ