Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе онро аз барои дардҳои меъда, шикам ва заҳдон бо ҷӯшонидаи судоб биошоманд ва бошад, ки андар он андаке гунди бедастар ба миқдори то се қирот биафкананд. Аз барои дарди пушт, миён, гурда ва хояҳо бо ҷӯшонидаи карафс ва аз барои қавин ва монанди он бо оби қантуриюн [биошоманд] ва гоҳе бо он чаҳор қирот афшураи хиёри даштӣ ва ё ҳанзалро низ бо оби қайсум биомезанд. Гоҳе онро аз барои газидагии саги девона бидиҳанд ва хусусан бо як дирам аз сӯхтаи харчанги рӯдӣ аз падид омадани обтарсӣ эмин дорад.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал бисту ду мисқол, аз фаросиюн, устухудус, харбақи сиёҳ, камозариюс, маҳмуда, мурчи сафед ва дорфилфил ду уқиягӣ, аз мушпиёзи бирён, фурбиюн, сабр, заъфарон, ҷентиёно, карафси кӯҳӣ, уша ва говшир як уқиягӣ, аз гесугуна, дорчинӣ, сакбина, мурр, сунбул, гӯргиё, пудинаи кӯҳӣ ва зарованди гирд ду дирамӣ ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор мисқол ва бо ҷӯшонидаи афитимун ва мавизи поккарда бувад.

шохаҳои баласон ду дирамӣ, аз мурчи сиёҳ ва гунди бедастар чаҳор дирамӣ, аз рованди чинӣ, му ва сунбул як дирамӣ ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ чаҳор дирам ва бо оби гарм бувад. Инро шаш моҳ [нигоҳ доранд], то куҳан бигардад.
Тиёдаритуси дигар

Ин низ аз ҳамон гуна дардҳо суд дорад.
Таркиби он: аз бобунаи говчашм ҳаждаҳ дирам, аз гавзи бӯё дувоздаҳ дирам, аз сабри сақутарӣ шаст дирам, аз ағориқун чиҳилу чаҳор дирам, аз рованди чинӣ се дирам, аз мурчи сафед ва ҷентиёно чаҳор дирамӣ, аз заъфарон, мехак, ваҷ, киё ва дорчинӣ шаш дирамӣ, аз асорун ва шохаҳои баласон чаҳор дирамӣ, аз салиха ва маҳмуда дувоздаҳ дирамӣ, аз сунбул ҳашт дирам, аз исқурдиюн ҳафт дирам, аз ҳамомо, рӯян, мурчи сиёҳ, дорфилфил ва гӯргиё ду дирамӣ ва аз бехи савсани осмонгунӣ ҳашт дирам гирифта, бисованд, бибезанд, бо миқдори кофие аз ангубин маъҷун созанд ва шаш моҳ бигузоранд, куҳан бигардад. Як ошомидании он чаҳор дирам ва бо оби гарм бувад.

Ёраи Аркоғонис аз рӯи нусхаи Фулус

Аз фаросиюн, ғориқун, камозариюс, дилаи ҳанзал ва устухудус бист мисқолӣ, аз говшир, сакбина, карафси кӯҳӣ, зарованди гирд ва мурчи сафед панҷ мисқолӣ ва аз дорчинӣ, сунбул, гесугуна ва заъфарон чаҳор мисқолӣ гирифта, доруҳои хушкро бикӯбанд, сақизҳоро реза карда, андар ангубин тар кунанд ва сипас [ҳамаро] биомезанд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор мисқол бо як дирам намаки суда ва оби ангубин бувад.
Тиёдаритуси106 бузург

Ин аз табаҳмизоҷии сард, пурӣ, фазлаҳои часпаки ситабр, фаромӯшхотирӣ, торикии чашм, душвории нафас, карахтӣ, дардҳои ҷигар, меъда, испурч, гурда ва заҳдон, аз баста шудани ҳайз ва аз қулинҷ судманд аст ва аз ғайри ранҷи зиёд исҳоловаранда бувад. Як ошомиданӣ аз он чаҳор мисқол ва бо ҷӯшонидаи афитимун ва ғориқун ва ё бо оби гарм бувад.
Таркиби он: аз сабри сақутарӣ понздаҳ дирам, аз ағориқуни сафед бист дирам, аз заъфарон, дорчинӣ, ваҷ, мастако ва равғани баласон се дирамӣ, аз рованди чинӣ якуним дирам, аз шохаҳои баласон, донаи баласон, уфурбиюн, дорфилфил, мурчи сафед ва сиёҳ, ҷентиёнои румӣ ва шукуфаи гӯргиё (344) ду дирамӣ, аз қусти талх, камозариюс ва афитимун чаҳор дирамӣ, аз асорун, салиха ва маҳмуда шаш дирамӣ, аз сунбули хушбӯй сею ним дирам ва аз му ва ҳамомо як дирамӣ гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ҷамъ созанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд.
Тиёдаритуси дигар

Ин аз ҳамаи дардҳое суд бахшад, ки аз сабаби сардӣ ва балғам бархеста бошанд.
Таркиби он: аз сабр сиҳ дирам, аз ағориқун дувоздаҳ дирам, аз ваҷ, заъфарон, дорчинӣ, киё, суринҷон ва салиха се дирамӣ, аз камозариюс, мурчи сафед, асорун ва

Тиёдаритуси гавзи бӯё

Ин аз ҳама бемориҳои куҳани сар, девонагӣ, васваса, сардард, гижа ва саръ, аз заъфи биниш, аз дарди ҷигар, испурч ва гурда ва аз қулинҷ суд дорад, хуни ҳайзи бастаро битозонад ва [низ] аз ҷузом, барас, аз дарди ниқрис, пайвандгоҳҳо, тиҳигоҳ ва аз табҳои музмини дерина [судбахш] буда, исҳолаш беранҷ аст.
Таркиби он: аз сабр шаст дирам, аз ағориқун бисту чаҳор дирам, аз сири даштӣ, шохаҳои баласон, равғани баласон ва донаи баласон чаҳор дирамӣ, аз қуст се дирам, аз ваҷ, мастако, дорчинӣ ва мехак шаш дирамӣ, аз салиха ва гавзи бӯё дувоздаҳ дирамӣ, аз афитимун ҳаждаҳ дирам, аз сунбул шаш дирам, аз камозариюс ҳашт дирам, аз му ду дирам, аз ҳар се намуди мурч ва аз уфурбиюн чаҳор дирамӣ, аз шукуфаи гӯргиё ду дирам, аз ҷентиёно чаҳор дирам, аз ҳамомо ду дирам, аз маҳмуда ҳаждаҳ дирам ва аз ангубини кафк баргирифта ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор дирам ва бо ҷӯшонидаи афитимун бувад.
Тиёдаритуси исҳоловар

Аз сабр шаст дирам, аз ағориқун бисту чаҳор дирам, аз мастако, заъфарон, ваҷ, дорчинӣ ва сунбул шаш дирамӣ, аз зарованд, донаи баласон, равғани баласон, равғани бобуна, уфурбиюн, се намуди мурч ва ҷентиёно (345) чаҳор дирамӣ, аз камозариюс ва қуст панҷ дирамӣ, аз салиха ва афитимун дувоздаҳ дирамӣ, аз мурр, шукуфаи гӯргиё ва ҳамомо ду дирамӣ, аз маҳмуда бист дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Миқдори як ошомиданӣ, тарзи истеъмол ва судбахшии ин мисли аввалӣ аст.
Ёраи Ҷолинус аз рӯи нусхаи умумӣ

Яке аз судмандиҳои он чунин аст, ки аз тиёдаритус ва
луғозиё дида, латифтару таъсирноктар аст. Аз фалаҷ, лақ ва, ташаннуҷ ва истирхо суд бахшад, танро аз фазлаҳои часпаки ситабр ва гуногун пок созад, обгаҳи сустгардидаро шиддат бахшад ва бе ихтиёр рехтани пешобро [боз дорад].

пешина
аз 1215
навбатӣ