Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Таркиби он: аз дилаи ҳанзал, ағориқун, мушпиёзи бирён, уша, маҳмуда, харбақи сиёҳ, ҳиюфориқун ва уфурбиюн шонздаҳ дирамӣ, аз баспоя, афитимун, муқли кабуд, камозариюс, фаросиюн ва салиха ҳафт дирамӣ ва аз мурр, сакбина, зарованди дароз, се намуди мурч, дорчинӣ, говшир, гунди бедастар ва карафси кӯҳӣ чаҳор дирамӣ бигиранд. Бархеҳо андар ин чаҳор дирам заъфарон низ изофа кунанд. Сипас, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз кӯфтану бехтан ва тар кардании онҳоро андар мусаллас тар кардан бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва баъд аз шаш моҳ ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Ёраи Ҷолинус аз рӯи нусхаи Фулус

Аз камозариюс, мурчи сафед, дорфилфил, ағориқун, устухудус, харбақи сиёҳ, маҳмуда, сунбул, афитимун ва мушпиёзи бирён шаш мисқолӣ, аз мурр, заъфарон, уша ва ҳиюфориқун ҳашт мисқолӣ [19] ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд.
Ёраи Ҷолинус аз рӯи нусхаи Ибни Сарофиюн107

Аз дилаи ҳанзал чаҳор дирам, аз камозариюс, мушпиёзи бирён, ағориқун, маҳмуда, харбақи сиёҳ, устухудус, уша ва ҳиюфориқун се дирамӣ ва як донгӣ, аз афитимун, гесугуна, муқл, камофитус, фаросиюн, сабр, салиха ва баспоя яку ним дирамӣ, аз се намуди мурч, мӯрд, дорчинӣ, заъфарон, говшир, сакбина, гунди бедастар, карафси кӯҳӣ, зарованди гирд, ҷентиёно ва уфурбиюн ним ва сеяки як дирамӣ ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомидании он мисли [як ошомидании] луғозиё ва судаш чун ӯ бувад.
Ёраи Буқрот

Ин аз рутубати меъда, аз дардҳои сар, ки аз сабаби бухори табаҳ падидомада бошанд ва аз андӯҳи гарон суд дорад.
Таркиби он: аз ҷентиёно, сунбул, зарованди гирд, салиха ва дорчинӣ як дирамӣ, аз карафси кӯҳӣ, камозариюс, устухудус, филфилмӯя, пудинаи кӯҳӣ ва киё як дирамӣ, аз мурр чаҳор дирам, аз донаи бон ва заъфарон якуним дирамӣ, аз сабри сурх ҳаждаҳу ним дирам ва аз дилаи ҳанзал шаш дирам гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва баъди шаш моҳ ба кор бибаранд. Як ошомидании он чаҳор дирам бувад.
Як ёраи дигар аз Буқрот

Ин аз девонагӣ, васваса, гижа, сардарди сахт ва ташаннуҷ, аз кафидани дастҳо ва дарди пайвандгоҳҳо, аз ошуфтаақлӣ, табоҳии зеҳн, интишори [мардумак] ва падид омадани об андар чашм, аз ҷузом, барас, фалаҷ, лақва ва парюн суд дорад.
Таркиби он: аз хиёри даштӣ, (346) се намуди мурч ва камозариюс панҷ мисқолӣ, аз заъфарон, мурр ва маҳмуда ду дирамӣ, аз уша як дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он ним уқия ва бо оби гарм бувад.

Ёраи Андрумохуси пизишк

Ин аз дарди меъда ва шикам суд дорад.
Таркиби он: аз дорчинӣ, салихаи сиёҳ, наи бӯё, шохаҳои баласон, шукуфаи гӯргиё ва коснии даштӣ севуним уқиягӣ гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд, андар деги сафолини нав афкананд ва бар вай шаш донг оби борон рехта, то ним шудан биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас як ратл сабри сурхро гирифта, бар вай аз оби борон ба қадри кифоят бирезанд, андар нимрӯзӣ бисованд ва бишӯянд, то ширин шавад. Баъд, бар вай оби дегафзорҳоро рехта, андар офтоб бисованд, то хушк шавад. Сипас боз бисованд ва бар вай аз заъфарон, мурр ва киё се уқиягӣ биафкананд, вале андар нусхаи куҳани [ин дору] аз ҳар як як уқиягӣ ёд кардаанд. Баъд, ҳамаро якҷоя бисованд, андар ҷогаҳи обгинагӣ ва ё чинӣ бигиранд ва ба кор бибаранд.
Ин аз ташаннуҷ, садма, кӯфт хӯрдан ва шикастагӣ, аз дарди бар, дамиши меъда ва дардҳои он, аз хунпартоӣ ва дарди тиҳигоҳ судманд аст. Як ошомидании комили он як дирам ва бо оби нимгарм аст. Ба ҳар кас ба қадри қувват [бидиҳанд]. Аз барои омосҳои сахт бо сикангубин [ба кор баранд]. Онро аз барои омоси чашм бо афшураи пудинаи бӯстонӣ ва ё ангури сагак ва аз барои омосҳои меъда бо равғани гул ва шароби хуб зимод кунанд. Агар онро бо сиркои хамрӣ бигудозанд, аз барои решҳое суд бахшад, ки андар нохунҳо падид оянд ва аз барои сӯхтагии даҳон онро ғарғара кунанд.
Ёраи Андрухус

Аз баста шудани хуни ҳайз, аз ҷузом ва тарс суд дорад.
Таркиби он: аз устухудус, камофитус, ағориқун, харбақи сиёҳ, мурчи сиёҳ, мурчи сафед, мозариюн, маҳмуда ва пиёзи унсули бирён ҳаждаҳ дирамӣ, аз заъфарон, уфурбиюн ва уша ҳашт дирамӣ, аз мурр чаҳор дирам, аз дилаи қиссоу-л-ҳайя (морхиёр) се дирам ва аз ангубин панҷ ратл бигиранд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам ва бо ангубин, об ва намак бувад.
Ёраи Филоғурос108

Ин аз молихулиё суд дорад, пардаҳои мағзро пок созад ва кимусҳои ситабри часпаки хокиро фуруд орад.
Таркиби он: аз фаросиюн, устухудус, харбақи сиёҳ, камофитус, камозариюс, карафси кӯҳӣ, фулиюн, ки он гесугуна бувад, зарованди гирд, заъфарон, ҷентиёно, киё, касиро, сода, асорун, ҳамомо, қуст, дорчинӣ, фу, му, мурч, донаи баласон, сири даштӣ, салиха, ҳиюфориқун, шукуфаи гӯргиё ва сунбул ду дирамӣ, аз афитимун, ағориқун, баспоя ва дилаи ҳанзал се дирамӣ ва аз сабри сақутарӣ шаш уқия гирифта, бикӯбанд, маъҷун созанд ва шаш моҳ бигузоранд, куҳан бигардад. Як ошомиданӣ се уқия ва бо оби гарм бувад.
Ёраи Буситус

Аз барои биноӣ суд дошта, онро қавӣ созад, дарди доимии сарро бибарад ва аз дардҳои меъда, испурч ва ҷигар, аз дардҳои савдовӣ ва балғамӣ, аз гижа ва аз дарде судбахш аст, ки «иклил» (афсар) номанд.
Таркиби он: аз камозариюс дувоздаҳ уқия, аз ағо риқун шонздаҳ уқия, вале ба ҳасби як нусхаи дигар аз ағориқун даҳ уқия, аз дилаи ҳанзал ду уқия, аз устухудус, мурчи сафед ва мурчи сиёҳ дувоздаҳ уқиягӣ, аз му се уқия, аз заъфарон ҳаждаҳ уқия, аз харбақи сиёҳ, маҳмуда ва сабри сақутарӣ шонздаҳ уқиягӣ, аз уша ҳашт уқия, аз уфурбиюн ҳаждаҳ уқия ва аз пиёзи даштии бирён дувоздаҳ уқия гирифта, бикӯбанд ва бо ангубин маъҷун созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ