Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

(347) Як ошомиданӣ аз он баъд аз шаш моҳ чаҳор дирам бувад. Андар нусхаи дигар аз сунбул ва салиха дувоздаҳ уқиягӣ омада аст. Онро бо оби таркардаи афитимун баъди таб биошоманд.
Ёраи Тағмувои109 Антокӣ

Ин аз ташаннуҷ, сардард, дарди куҳани сар, аз тарсе, ки аз сабаби савдо хезад ва аз ларзидани бандкушоҳо судманд аст.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал бист дирам, аз камозариюс, фаросиюн, ағориқун ва устухудус даҳ дирамӣ, аз зарованди дароз, карафси кӯҳӣ, мурчи сафед, сакбина ва говшир панҷ дирамӣ ва аз мурр, сунбул, гесугуна, заъфарон ва дорчинӣ се дирамӣ бигиранд, доруҳои тарро андар ангубин ҳал карда, бар оташ андак-андак биҷӯшонанд, доруҳои хушкро кӯфта, бар вай афкананд, ҳамаро биомезанд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд.

Як нусхаи [дигари] ёра

Ин биноиро зиёда кунад ва онро тақвият диҳад, аз сардард, дил задани сар ва аз иллатҳои меъда, ҷигар ва испурч суд бахшад.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал даҳ дирам, аз камозариюс, салиха ва ҳар се намуди мурч ду дирамӣ, аз сабр, мурр, лубони нар ва заъфарон як дирамӣ, аз маҳмуда шаш дирам, аз афшураи афсинтин ду дирам ва аз ангубин ба қадри кифоят бигиранд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор дирам ва бо оби гарм бувад.
Ёраи мо, ки озмудашуда аст

Аз харбақ як дирам, аз дилаи ҳанзал як мисқол, аз сабр панҷ мисқол, аз намаки ҳиндӣ яку сеяк дирам, аз ағориқун як мисқол, аз санги арманӣ ним мисқол, аз гул як дирам, аз мурчи сафед як мисқол, аз занҷабил ду мисқол, аз ваҷ, ҳамомо, асорун, донаи баласон, ҳошо, саътар, тухми карафс, тухми газари даштӣ ва тухми газар се дирамӣ, аз «забони гов» даҳ дирам, аз шоҳисфарам, тухми палангмушк, тухми бодрангбӯя, тухми турунҷ ва пудинаи бӯстонии хушк ду дирамӣ ва аз афитимун якуним дирам гирифта, ҳамаро бо дучанди хеш аз ангубин маъҷун созанд, шаш моҳ нигоҳ доранд ва сипас ба кор баранд.

Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ГУВОРИШҲОИ110 ИСҲОЛОВАР ВА
ҒАЙРИ ИСҲОЛОВАР
Мо мехоҳем андар ин Ҷумла гуворишҳои машҳур ва умумиманишро ёд кунем, вале онҳоеро, ки манфаатҳои ҷузъӣ доранд, беҳтар он аст андар Ҷумлаи дуввум ёд карда шаванд.
Гувориши [20] зирагӣ

Ин аз дардҳои андомҳои дарунӣ, ки ба сабаби сардӣ ба вуҷуд оянд ва аз ғалабаи балғам андар пирон суд дорад, меъдаро қавӣ созад, таом бигуворад ва иштиҳои сагиву оруғи туруш бибарад. Як ошомиданӣ аз он ба миқдори як мозу ва бо оби гарм бувад. Низ, аз табҳои сарди савдовӣ ва балғамӣ судбахш аст.
Таркиби он: аз зираи кирмоние, ки як шабу як рӯз андар сиркои хамрӣ тар карда, хушконида, бирён карда бошанд, аз барги судоби андар соя хушконида, аз мурч ва занҷабил панҷ исторӣ ва аз бураи арманӣ даҳ дирам гирифта, ин доруҳоро баъди совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва андар ҷогаҳе бардошта, сипас ба кор баранд.
Гувориши зирагии Ҷолинус

Ин аз бодҳои сард ва хоммонии ғизо суд дошта, бодҳоро ҳал кунад ва ба касе низ судбахш аст, ки таом гуворидан натавонад.
Таркиби он: аз бура ним бахш ва аз зираи кирмонии андар сирко таркарда ва бирёнкарда, мурчи сафед, дорфилфил ва мурчи сиёҳ як бахшӣ бигиранд. Инро бар ду

нусха омода созанд: гоҳе бахшҳои ҳамаи омехтаҳоро, яъне зира, мурч, судоб ва бураро баробар бигиранд, ки (348) ин намуд табиатро бисёр ҳал кунад; ва гоҳе дигар аз омехтаҳои боқимонда ба миқдори баробар, вале аз бура ними он миқдор гирифта, биомезанд. Аз зираи кирмонӣ хуби онро ҷудо карда, андар сиркои тез тар кунанд ва сипас бирён кунанд. Мурч бояд мурчи сафед бошад, зеро он аз ду намуди дигар, яъне дорфилфил ва мурчи сиёҳ дида бештар меъдаро қувват бахшад, вале он набояд хурд-хурду пуч ва пӯсташ ситабр бошад, балки гаронсанги онҳоро бигиранд ва бузургҳаҷму дурусти онро ихтиёр кунанд. Бура бад-ин гуна бошад, ки агар доруро барои каси табиаташ баста месохта бошанд, бураеро бигиранд, ки «натруни баҳриқун» ном дорад ва сурх бувад, вале агар барои каси кушодатабиат месохта бошанд, бураи навъи дигар ба кор бибаранд ва миқдоре, ки аз он меафкананд, бояд ними миқдори ҳар як аз доруҳои мо ёдкарда бувад. Барги судоб низ бояд андаке хушк бошад, аз баҳри он ки сахт хушконидаи он гарми талх ва гармиоварияш беш аз андоза бувад. Аз тарафи дигар агар обаш сахт чида нашавад, андар он рутубати зиёдатӣ боқӣ монда, ба дараҷаи ҳақиқӣ гуворида нагардад ва ба сабаби он дамиши [меъда] баякборагӣ наравад.
Ин чаҳор намуд [доруро] гоҳе бо ангубини кафк баргирифта биомезанд ва гоҳе бе ҳеҷ чиз наомехта, бе ангубин ва ҷудогона нигоҳ доранд. Ҳар гоҳ бад-онҳо эҳтиёҷ пайдо кунанд, онҳоро андар оби ҷав ва ё ягон ғизои созгори дигаре биафкананд. Ин доруро ба танҳоӣ пеш аз ғизо ва баъди он ба кор баранд. Оне, ки бо ангубини кафк баргирифта омехта аст, андар ин гуна ҳол аз ҳама созгортар бувад, аз баҳри он ки дамишро аз бун бибарад.

пешина
аз 1215
навбатӣ