Қонуни тиб

Агар эҳтиёҷ бадон бошад, ки ин дору аз барои ҳал намудани бодҳо қавӣ буда, ба таври қавӣ истифроғ оварад, боистӣ ангубини [он] хуб бошад.
Низ, бояд бидонӣ, ки ҳар гоҳ истифроғи бештар овардан бихоҳӣ, бояд доруҳоро ба таври дурушт бикӯбӣ.
Чунки ман мардеро донам, ки ин доруро ба ғоят бисуд, зеро аз он чи ки ман ёд кардам, бе хабар буд ва он табиати ӯро накушод, баръакс, ба таври қавӣ пешоб тозонд.
Ин [одам] ба назди мо омада, бо тааҷҷуб сабаби онро пурсон шуд ва ӯ гумон дошт ҷисми ӯро хосиятест ва он сабабгори ин гуна рӯйдод бувад. Чун мо ба ӯ фаҳмондем, ки сабаби ин чигунагии таркиби доруст ва чун бори дигар ба ҳасби фармудаи мо онро таркиб намуд, ба тамом амал кард. Боистӣ ин қоида ба ҳангоми таркиби дигар доруҳо низ риоя шавад.
Гувориши Дисулистус111
Ин аз барои сардии бисёр сахти меъда, оруғи туруш, иштиҳои сагӣ, ҳукаке, ки аз сабаби бисёрии кимусҳои ситабру балғамӣ хезад ва аз табҳои куҳане, ки аз сабаби сардӣ ва бадгуворӣ падид оянд, судманд аст.
Таркиби он: аз зираи бо сирко таркардаи хушконида понздаҳ истор ва аз мурч, занҷабил, судоби хушк ва бура бист дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Гувориши пудинаи рӯдӣ аз рӯи нусхаи Ҷолинус
Аз пудинаи рӯдӣ, пудинаи даштӣ ва карафси кӯҳӣ дувоздаҳ драхмигӣ, аз занҷабил шаш драхмӣ, аз тухми карафс ва кулоҳакҳои ҳошо чаҳор драхмигӣ, аз кошим шонздаҳ драхмӣ, аз мурч чиҳилу ҳашт драхмӣ ва аз сисолиюс панҷ драхмӣ гирифта, бикӯбанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.
Гувориши мӮрд
Ин аз барои кушодагии табиат, балғаму рутубат қай кардан ва аз бадгуворие суд дорад, ки ба сабаби меъда ба амал ояд.
Таркиби он: аз мӯрддонаи хуби хушк як ман, аз ҳалилаи сиёҳ, балила, омула ва толисфар бист дирамӣ, аз мурч, дорфилфил ва занҷабил даҳ дирамӣ, аз мастако, қардамоно, каравиё, анисун, зира, сунбул, салиха, қоқула ва қуст шаш дирамӣ, аз гавзи бӯё, тухми карафс ва нонхоҳ панҷ дирамӣ ва аз содаи ҳиндӣ (349) ва ҳамомо чаҳор дирамӣ гирифта бикӯбанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ як дирам бувад.
Як гуворише, ки мисли [гувориши]
Хузистонист112
Ин гувориш хуб аст.
Таркиби он: аз мӯрддона яку ним кайлача, аз сунбул се уқия, аз гавзи бӯёи бо пӯсташ ним ратл, аз мехак, қоқула, анисуни бирён, тухми карафси бирён ва ушна ду уқиягӣ, аз басбоса якуним уқия, аз салиха чаҳор уқия ва аз ҳалилаи кобулӣ, балила ва омула се уқиягӣ гирифта, ин доруҳоро бо шароби райҳонӣ як сар биҷӯшонанд, сипас таровонда, бо оби биҳӣ биҷӯшонанд, боз битаро
вонанд ва бар тобаи тафсон хушк кунанд. Баъд, бикӯбанд ва бо майбиҳӣ биолоянд. Як ошомиданӣ [аз ин] се мисқол ва ё се дирам ва бо шароби биҳӣ бувад.
Гувориши Мутаваккил,113 ки мансуб ба
Салмавайҳ114 аст
Ин меъдаро қувват бахшад ва аз бадгуворӣ судманд бувад. Ин ҳамонест, ки Исроил115 онро ба Мутаваккил меошомонд, зеро хубу озмудашуда буд.
Таркиби он: аз сунбул, мехак, дорчинӣ, гавзи бӯё, қоқула ва сукки хуб як мисқолӣ, аз мурчи сафед, занҷабил ва гунди бедастар ду драхмигӣ, аз лубони сафеди нар чаҳор драхмӣ ва аз шакари табарзад як чанди ҳамаи доруҳо гирифта, доруҳоро бо шакар биомезанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он се мисқол бувад.
Як [гувориши] зирагии дигар
Ин аз дардҳои шикам, ки аз сардӣ хеста бошанд, аз таби чаҳоррӯзӣ, аз иштиҳои сагӣ, табҳои балғамию савдовӣ, аз балғами бисёре, ки пирон бад-он гирифтор шаванд, аз шиддати сардии меъда, аз оруғи туруш ва аз оби даҳони ба сабаби фазлаҳои балғамӣ оянда суд дорад. Як ошомиданӣ аз он ба андозаи як мозу ва бо оби гарм бувад.
Таркиби он: аз зираи як шабу як рӯз андар сирко таркарда ва сипас бирён карда, аз судоби хушк, аз занҷабил ва аз мурч даҳ исторӣ ва аз бураи арманӣ даҳ дирам гирифта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.
Як гувориши зирагии дигар
Аз зираи кирмонии нав ва хуб ҳафт уқия гирифта, андар сиркои хамрӣ як шабу як рӯз тар кунанд ва сипас аз он баргирифта, бар суфрае паҳн кунанд ва тагурӯ созанд. Ҳар гоҳ ки хушк шуд, бо оташи нарм ба таври нарму сабук бирён созанд. Сипас аз мурч се уқия, аз занҷабили чинӣ чаҳор дирам ва аз бураи арманӣ ду дирам гирифта, биомезанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Гувориши мурчӣ
Ин аз сардҷимоъӣ, [балғами] хом, дарди меъда, бад аз худ кардани ғизо, бодҳои ситабр, оруғи туруш ва иштиҳои сагӣ судманд аст.
Таркиби он: аз мурчи сафед, мурчи сиёҳ ва дорфилфил се уқиягӣ, ба ҳасби як нусхаи дигар ду уқиягӣ, аз шохаҳои баласон як уқия, аз ҳамомо ва сунбул чаҳор дирамӣ ва аз занҷабил, тухми [21] карафс, сисолиюс, салиха, асорун ва росан як дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.
Як ошомиданӣ аз он ду дирам буда, бо оби нимгарм ва бар ношито [биошоманд].
Гувориши [фандодиқун]116
Ин аз дардҳои меъда ва ҷигари сарду заифе суд дорад, ки аз бодҳои ситабр падид омада бошанд.
Таркиби он: аз занҷабил, мурч ва сунбули хушбӯй шаш дирамӣ, аз мастако ва нонхоҳ чаҳор дирам, аз тухми карафс, [ҳизормоҷ]117 ва наъно панҷ дирамӣ, аз зираи кир монӣ, салиха, донаи баласон ва оқирқарҳо ду дирамӣ ва аз содаи ҳиндӣ як дирам гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор бибаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор