Қонуни тиб

(350) Гувориши Хузистонӣ118
Ин аз рафтани шикам, бад аз худ шудани ғизо, нотавонии меъда ва сардии он суд дорад.
Таркиби он: аз қуст, қирфа, сунбули хушбӯй, донаи баласон ва салиха даҳ дирамӣ, аз гавзи бӯё панҷ дона, аз қоқула, мехак, анисун, шоҳафсар ва шитараҷи ҳиндӣ чаҳор дирамӣ, аз басбоса се дирам, аз баранги [кобулӣ] се дирам, аз нормушк119 чаҳор дирам, аз рованди чинӣ, зарованд ва ушна ду дирамӣ, аз мушки замин ва занҷабил даҳ исторӣ, аз наи бӯё, мурч ва дорфилфил панҷ дирамӣ, аз ҳалилаи сиёҳи донааш ҷудокарда ду истор, аз балилаи донааш ҷудокарда даҳ адад ва аз мӯрддонаи хушк ним қафизи ҷундишопурӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан бо ангубини найшакар маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва баъд аз ду моҳ ба кор баранд.
Гувориши Хузистонии дигар
Ин аз заъфи ҷигару меъда ва сардии онҳо, аз рафтани шикам ва бад аз худ шудани ғизо суд дорад ва низ аз барои касоне судбахш аст, ки бими омадани оби зардро доранд. Ин [дору] аз барои испурч хуб буда, тозонандаи пешоб аст.
Таркиби он: аз қуст, қирфа, сунбул, донаи баласон ва салиха даҳ дирамӣ, аз гавзи бӯё панҷ дона, аз қоқула, мехак, анисун, шоҳафсар, шитараҷ ва нормушк чаҳор дирамӣ, аз басбоса се дирам, аз баранги кобулӣ ҳашт дирам, аз рованди чинӣ, зарованди дароз ва ушна ду дирамӣ, аз мушки замин даҳ истор, аз наи бӯё, мурч ва дорфилфил панҷ дирамӣ, аз ҳалилаи сиёҳи кобулӣ ду истор, аз балила даҳ дона ва аз мӯрддона ба қадри вазни ҳамаи доруҳо гирифта, мисли сурма бисованд ва бо ангубини табарзад маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба андозаи як мозу ва бо оби сард бувад. Андар нусхаи дигаре даҳ истор занҷабил [низ] омадааст.
Гувориши хусравии маъруф ба «гувориши анбар»
Ин гуворишро шоҳони Аҷам ба кор мебурдаанд ва он аз бемориҳои сарди хусусан гурдаҳо суд дорад, боҳро биафзояд, аз фалаҷ, лақва, раъша ва хафақон судманд бувад, хотираву ҳушро зиёда кунад, рутубати меъдаро бичинад ва гуворишро беҳ кунад. Ин яке аз доруҳои созгори пирон бувад.
Таркиби он: аз қоқулаҳои бузургу хурд ва басбоса чаҳор дирамӣ, аз занҷабил ва дорфилфил ду исторӣ, аз дорчинӣ чаҳор дирам, аз ушна ду дирам, аз қирфа як дирам, аз мехак ва заъфарон даҳ дирамӣ, аз гавзи бӯё панҷ дирам, андар бархе нусхаҳои дигар панҷ дона, аз сунбули хушбӯй, мастако ва анбар ду дирамӣ, аз мушк як дирам, аз тухми банг ва афюн як дирамӣ ва аз равғани баласон шаш дирам гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд, вале афюнро бошад, андар як сукарраҷа шароби хуб тар кунанд. Сипас [ҳамаро] бо ангуби
ни кафк баргирифта сиришта, баъди шаш моҳ ба кор баранд. Анбарро бо равғани баласон бигудозанд ва аз [равғани] бон ба андозае изофа кунанд, ки бо он ҳамаи доруҳоро олоидан битавон.
Гувориши шаҳриёрон
Ин аз сардии ҷигар ва меъда, оби зард ва зардаи сиёҳ судбахш аст ва шикамро исҳол оварад.
Таркиби он: аз шитараҷи ҳиндӣ, занҷабил, мурч, дорфилфил, қирфа, қоқулаи хурд, мехак, ноғбушт,120 содаи ҳиндӣ, нашостаи гандумӣ, мастако, қоқулаи бузург, дорчинӣ, сунбули хушбӯй, салиха, тухми карафс, нонхоҳ, тухми бодиён ва анисун шаш дирамӣ, аз афитимуни қаритӣ ва турбид дувоздаҳ дирамӣ, (351) аз сақмуниё даҳ дирам ва аз шакари табарзад бист дирам гирифта, ин доруҳоро баъди совидану бехтан бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Гувориши хурмоӣ
Ин гуворишест, ки ба таври хос қулинҷро суд дошта, онро бикушояд ва низ аз [балғами] хом, сардҷимоъӣ ва аз душвории пешоб судбахш аст.
Таркиби он: аз бураи арманӣ, зираи кирмонӣ, карафси кӯҳӣ, занҷабил ва мурчи сафед дувоздаҳ дирамӣ, аз маҳмуда панҷ дирам ва аз хурмои донааш ҷудокардаи Ҳирун,121 бодоми ширини аз ҳар ду пӯст поккарда ва барги судоб даҳ дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъди совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд. Хурморо як шабу як рӯз андар сиркои хамрӣ тар кунанд, сипас кӯфта нарм кунанд ва бо доруҳои [дигар] биомезанд. Баъд, ҳамаи инҳоро бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор мисқол бувад.
Гувориши хурмоии дигар
Сад дона хурмои аз дона поккардаи Ҳирунро гирифта, як шабу як рӯз бо сирко тар кунанд, биомезанд ва биполанд. Сипас аз судоби хушк ва занҷабил сездаҳ дирамӣ, аз мурчи сафед се дирам, аз бураи арманӣ панҷ дирам, аз бодоми талхи аз ҳар ду пӯст поккарда яксаду панҷоҳ дона, аз маҳмуда понздаҳ дирам ва аз турбид бист дирам [гирифта], ҳамаро бикӯбанд, бибезанд ва бо ҳам биомезанд.
Гувориши хурмоии дигар
Ин аз табҳо ва дигар [бемориҳо] суд дорад. Онро тобистону зимистон биошоманд ва аз ғайри душворие ба нармӣ исҳол оварад.
Таркиби он: аз занҷабил ва мурчи сафед як уқиягӣ, аз маҳмуда ду ним уқия ва аз хурмои Ҳирун ва ё сарафон,122 ки аз дона поккарда бошанд, бодоми ширини аз ҳар ду пӯст поккарда ва барги судоб чаҳор уқиягӣ гирифта, ин доруҳоро ҷудо-ҷудо бикӯбанд. Хурморо андар сиркои хамрӣ тар кунанд ва ҷудогона кӯфта, пок кунанд.
Бодомро низ ҷудогона бикӯбанд ва сипас ҳамаро якҷоя кунанд ва бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор