Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гувориши фирӯзнӯши мушкзада

Ин аз бодҳо, бавосир ва [балғами] хом суд дорад, меъдаро қувват бахшад, боҳро ёварӣ кунад, рангро сафо бахшад, гурдаро гарм созад ва аз бодҳои заҳдон ва хунравие суд бахшад, ки аз сабаби бавосир ояд.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, ҳалилаи зард, шитараҷ ва тухми карафс шаш дирамӣ, аз балила, омула, нонхоҳ, тударии сурх ва сафед, дорфилфил ва кунҷиди сафедкарда чаҳор дирамӣ, аз қирфа, сунбул, гавзи бӯё, занҷабил ва филфилмӯя ҳашт дирамӣ, аз хирбӯво, қуст, салиха, мехак, басбоса, хуланҷон ва нормушк шаш дирамӣ, аз мушки замин даҳ дирам, аз мушк ду мисқол, аз анбар як мисқол, [22] аз рими оҳани парварда ба андозаи вазни ҳамаи доруҳо ва аз равғани гов даҳ истор бигиранд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании ин ду дирам буда, бо шири гови хобрафта ва маска баргирифта ва ё бо набизи мавизии хуб ду ҳафта [истеъмол кунанд].
Гувориши кундур

Аз кундур шаст дирам, аз мурч ва дорфилфил даҳ дирамӣ, аз шакар шаст дирам, аз занҷабил ва хуланҷон дувоздаҳ дирам, аз гавзи бӯё, мехак ва хирбӯво панҷ дирамӣ ва аз мушки хуб ним дирам гирифта, ҳар кадомро ҷудогона бисованд, бибезанд ва ҳамаро бо ангубин маъҷун созанд.
Гувориши толисфар

Ин аз барои сардии меъда ва бодҳои ситабри меъдаву ҷигар судманд аст.
(352) Таркиби он: аз толисфар панҷ дирам, аз занҷабил бист дирам, аз мурч дувоздаҳ дирам, аз ҳил ва қирфа шаш дирамӣ ва аз шакари табарзад панҷ ратл гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд.
Гувориши усқуф

Аз маҳмудаи антокӣ ва турбиди дарунтиҳии сафед панҷ мисқолӣ, аз мурч ва қоқула се мисқолӣ, аз занҷабил, дорчинӣ, омула, мехак, басбоса,123 [нашоста]124 ва гавзи бӯё ду ним мисқолӣ [бигиранд]. Андар як нусхаи дигар маҳмуда ва турбид се мисқолӣ омадааст. [Ҳамаи] инҳоро кӯфта, бибезанд ва бар онҳо як ратл шакари совида рехта, ҳамаро бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании тамом аз ин чаҳор мисқол бувад.
Итрифали125 бузурги аз рими [оҳан сохташуда]

Ин аз дардҳои бавосир ва истирхои обгаҳу меъда судманд аст, боҳро зиёда кунад ва меъдаро гармӣ бахшад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила, широмулаи донааш ҷудокарда, шитараҷи ҳиндӣ, тухми карафс, нонхоҳ ва саътари форсӣ як уқиягӣ, аз сунбули хушбӯй, ҳамомо, ҳил ва ваҷ се дирамӣ, аз дорчинӣ чаҳор дирам, аз мурч, дорфилфил, ноғист ва намаки ҳиндӣ ним уқиягӣ ва аз хардал якуним уқия, аз навшодир ним дирам ва аз

рими оҳан се дирам гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан бо ангубини кафк баргирифта ва ба қадри ҳоҷат бо равғани гов маъҷун созанд, бардоранд ва сипас ба кор баранд.
Итрифали хурд

Ин аз истирхои меъда ва рутубатҳои он ва аз бодҳои бавосир суд дорад ва рангро хуб кунад.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, балила ва широмулаи донааш ҷудокарда бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд, бо равғани гов биолоянд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд.
Гувориши балозур

Ин аз барои дарди деринаи меъда, сардӣ ва фаромӯшхотирӣ суд дорад, рангро беҳ кунад ва андешаву ҳушро тез кунад. Ин гувориши ҳакимон аст ва гӯянд, ки ба Сулаймон (алайҳиссалом) нисбат дорад.
Таркиби он: аз мурч, дорфилфил, ҳалилаи сиёҳ, балила, омула ва гунди бедастар чаҳор дирамӣ, аз қуст, балозур, баранг, шакари табарзад ва донаи даҳмаст дувоздаҳ дирамӣ ва аз мушки замин ҳашт дирам гирифта, балозурро ҷудогона ва нек бикӯбанд ва доруҳои дигарро низ кӯфта, бибезанд. Миқдори баробаре аз равғани гов ва ангубинро биҷӯшонанд, бар онҳо доруҳоро биафкананд, баста гардонанд ва баъди шаш моҳ ба кор баранд. Як ошомиданӣ [аз ин] ду дирам ва бо оби ҷӯшонидаи карафс ва бодиён бувад. [Каси истеъмолкунандаи он]126 бояд аз мондашавӣ, ғаму андӯҳ, шароби бисёр ва ҷимоъ хештандорӣ кунад ва оби исфедбои латиф бихӯрад.
Гувориши панҷнӯш127

Ин маъҷунест, ки аз барои истирхои меъда, бодҳои бавосир, табоҳии мизоҷ ва баднамудии ранг суд дорад ва боҳро биафзояд.
Таркиби он: аз балила, ҳалила, широмулаи донааш ҷудокарда, мурч, дорфилфил, занҷабил, мушки замин, шитараҷи ҳиндӣ ва сунбул даҳ дирамӣ, аз тухми шибит ва тухми гандано чаҳор дирамӣ ва аз рими оҳане, ки онро совида, дувоздаҳ рӯз андар сирко тар карда, сипас хушконида, бирён кардаанд, сад дирам бигиранд. Ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ҷамъ созанд ва бо ангубини кафк баргирифта ва ба қадри ҳоҷат бо равғани гов маъҷун кунанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд. Як ошомиданӣ [аз ин] ду дирам бувад.
Андар он ду дирам мушк низ биафзоянд. (353)
Як панҷнӯши дигар, ки бо мушк бувад

Ин меъдаро қавӣ сохта, гармӣ бахшад, бавосирро суд кунад, боҳро биафзояд ва озмудашуда бувад.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, балила, омула, мурч, дорфилфил, занҷабил, зира, тухми шибит, тухми карафс, тухми гандано, тухми таратезак, тухми шалғам, тухми газар, афланҷа, гули сурх, салиха, мушки замин, дорчинӣ, мехак ва гавзи бӯё як дирамӣ, аз басбоса, ҳил, қоқула, сукк, уди хом ва мушк ду дирамӣ, аз донаи таратезаки сафед се уқия ва аз рими оҳан як чанди ҳамаи доруҳо ги рифта, бикӯбанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ