Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

робари ҳамаи доруҳо гирифта, римро андар сирко ҳафт рӯз тар кунанд, биполанд, бар тоба бирён кунанд ва сипас [ҳамаро] бо ангубини табарзад маъҷун созанд. Як ошомидании ин ду дирам ва бо шароби себ бувад.

Як панҷнӯши дигаре мисли ҳамон

Аз шитараҷи ҳиндӣ, зарнаб, толисфар, ҳил, ҳалилаи сиёҳ, балила, омула, ҳалилаи зард, салиха, мехак, донаи баласон ва донаи маҳлаб шаш мисқолӣ, аз пудинаи бӯстонӣ, фаланҷа, зурунбод, даруна ва дорфилфил чаҳор мисқолӣ, аз дорчинӣ, қирфа, сунбул, гавзи бӯё, қуст, занҷабил ва филфилмӯя се мисқолӣ, аз мушки замин даҳ мисқол, аз шакар шонздаҳ мисқол, аз рими оҳан як ман ва аз мушк ним дирам гирифта, бикӯбанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.
Сифати рими оҳани пухта

Ин аз сардҷимоъӣ, дарди пушт, табоҳии хуни ҳайз ва бавосир суд дорад, рангро беҳ кунад, иштиҳои таом орад, [балғами] хом ва сардҷимоъӣ бибарад ва меъда, заҳдон ва обгаҳро қавӣ созад.
Таркиби он: аз тухми карафс, тухми бодиён, анисун, карафси кӯҳӣ, тухми газари даштӣ, тухми газар, тухми гандано, тухми пиёз, тухми шалғам, тухми турб, тухми сиписти тар,128 нонхоҳ, тухми газна, сақиздона, ангудон, тухми шибит, мурч, тухми катон, зира ва кашниз се дирамӣ, аз зурунбод, даруна, ҳар ду баҳмани сафеду сурх, ҳар ду тударии сафеду сурх, гавзи бӯё, басбоса, дорчинӣ, хуланҷон, занҷабил, мушки замин, сунбул ва сисанбар чаҳор дирамӣ, аз ҳалила, балила, омула, ҷафти булут ва пӯсти бехи кабар даҳ дирамӣ, аз шитараҷ, ушна, асорун, нохуни дев, наи бӯё, «забони гунҷишк», нормушк, саътари форсӣ, росан, қоқула, хирбӯво, сандал, қирфа ва ҳарнува панҷ дирамӣ, аз гавзгандум, тухми сипандон, киё, гули хушк, марвхуш, пӯсти кундур, пудинаи бӯстонӣ ва пудина ҳафт дирамӣ ва аз рими [оҳани] басрӣ, ки як чанд бор тафсонда, андар набиз ва ё шароби райҳонӣ хомӯш карда бошанд, ба андозаи вазни ҳамаи доруҳо бигиранд.
Инҳоро андар набизи тунд то ситабр шудан биҷӯшонанд, сипас аз оташ фуруд оранд ва биполанд. Аз ин гармогарм ба қадри як уқия бар ношито биошоманд ва нимрӯзӣ исфедбои гӯшти буз хӯрда, набизи холис биошоманд ва муддати як ва ё ду ҳафта [чунин кунанд].

Нусхаи [дигар аз] рими оҳани пухта

Ин аз барои заъфи меъда ва гармии мизоҷ созгор аст.
Таркиби он: аз рими оҳани басрӣ, ҳалилаи зард, ҳалилаи сиёҳ, балила, омула, гул, гулнор ва гӯргиё бахшҳои баробар гирифта, бо шароб биҷӯшонанд ва аз он се уқия биошоманд.
Гувориши биҳигии исҳолбоздоранда

Ин табиатро аз ҳоли рафтан боз дорад, аз барои заъфи меъда, қай ва бад аз худ шудани ғизо [суд бахшад] ва рангро беҳ кунад.
Таркиби он: аз биҳии пӯстбозкарда ва дарунаш поккарда ва аз ангубини кафк баргирифта ду ратлӣ, аз мурч, дорфилфил ва занҷабил панҷ дирамӣ, аз ҳил ҳашт дирам ва аз қоқула, мехак, сунбули хушбӯй, дорчинӣ ва заъфарон ду дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд. Сипас биҳиро гирифта, бо сиркои хамрӣ нек бипазанд, вале бархе аз пизишкон онро бо шаробе, ки асл аст, бипазанд. Баъд, аз оташ фуруд оранд, биполанд ва як соат бигузоранд, то андар он ҳар чи рутубат аст, битаровад ва сипас нарм бикӯбанд.
Ангубинро гирифта, бо оташи нарм биҷӯшонанд ва андак-андак биомезанд, то қариб баста бигардад. Сипас бар вай биҳиро афкананд ва биҷунбонанд, то яксон омехта гардида, бахши обии биҳӣ биравад. Баъд, аз болои оташ фурӯд оранд, бар вай доруҳоро бипошанд ва омезиш бидиҳанд, то ҳама яксон бигарданд. Сипас онро бар тахтаи рухомӣ ва ё бар хони ҳамвори равғани гул ва ё равғани кунҷид андуда бирезанд ва бар рӯи он яксон тунук кунанд. Инро ду-се рӯз [бад-ин ҳол] бигузоранд, то хушкида, сахт шавад, он гоҳ бо корд ба шакли чаҳоргӯша ва ба қадри чаҳор мисқолӣ пора кунанд, андар барги турунҷ печида, бибанданд, нигоҳ доранд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд. Бархе аз пизишкон бо вай ду дирам мушк ҳамроҳ кунанд.
Гувориши биҳигии шикам равонкунанда

Як нусхаи дигари рими оҳан

Ин аз барои сардии меъда ва бавосир созгор аст.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, балила, омула, бехи савсан, занҷабил, уди хом, гавзи бӯё, сукк, гул, сунбул, гӯргиё ва мастако даҳ дирамӣ ва аз мушк як дирам бигиранд. Сипас аз сӯҳонрезаи сӯзанҳои129 ҳафт рӯз андар шароби райҳонӣ таркарда гирифта, бисованд, бар тобаи оҳанин бирён кунанд ва бо [дигар] доруҳо омехта, бо равғани бодоми ширин биолоянд [23] ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании ин ду мисқол ва бо шароби райҳонӣ ва ё майбиҳӣ бувад.
Нусхаи дигари рими оҳан

Ин аз барои заъфи меъдаи гарм созгор аст.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, балила, омула, бехи савсан, гул ва гӯргиё даҳ дирамӣ ва рими оҳан (354) ба

Ин аз қулинҷ суд дорад ва фазлаҳои танро бихушконад.
Таркиби он: аз биҳии пӯстбозкарда ва дарунаш поккарда як ратл, аз ангубини кафк баргирифта ду ратл, аз занҷабил ва дорфилфил чаҳор дирамӣ, аз дорчинӣ ду дирам, аз ҳил, қоқула ва заъфарон се дирамӣ, аз мастако панҷ дирам, аз маҳмуда даҳ дирам ва аз турбиди сафеди хуб сиҳ дирам гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд. Биҳиро бо шароб бипазанд ва бо он чунин корҳоеро кунанд, ки ба ҳангоми [гувориши] биҳигии табиатбанданда кунанд ва инро низ мисли он омода созанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва сипас ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он чаҳор мисқол ва бо оби гарм бувад.
Як нусхаи дигари [гувориши] биҳигии исҳоловар

Биҳии хушбӯйро гирифта, аз берун хамир андуда,
бирён кунанд. Сипас, аз дилаи он чаҳор дирам, аз мурч

пешина
аз 1215
навбатӣ