Қонуни тиб

ва занҷабил ду донгӣ ва аз маҳмуда як дирам гирифта,
бикӯбанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании ин як дирам ва бо шароб бувад.
Гувориши биҳигие, ки бо афшураи биҳӣ созанд
Ин аз барои беиштиҳоӣ ва аз барои касоне судманд аст, ки таом гуворидан натавонанд. [Низ] касони ҷигарашон заифбударо суд бахшад ва меъдаро қавӣ созад.
Таркиби он: биҳиҳои бузурги тунди аз даруну берун поккардаро гирифта, бикӯбанд, бифишоранд ва аз оби он ба қисти румӣ ду қист бигиранд. Сипас бо он аз ангубини кафк баргирифта як чанди [об] ва аз сиркои хамирӣ якуним қист биомезанд, бар оташи нарм биҷӯшонанд ва кафкашро баргиранд. (355) Баъд, аз занҷабил се уқия ва аз мурчи сафед ду уқия гирифта, бикӯбанд, бар вай биафкананд ва чандоне баста бигардонанд, ки барои лесидан созгор ояд. Ин дору аз барои касоне судманд аст, ки меъдаву ҷигарашон заиф бошанд. Инро бояд ҳадди аксар ду-се соат пеш аз таом истеъмол кунанд, вале баъд аз таом ҳеҷ зиёне надорад. Агар ин доруро барои касе месохта бошӣ, ки меъдааш ҳарорат дорад ва ё андар меъдааш чигунае набошад, заҳра аст, бояд мурчу занҷабилро аз ин [таркиб] барандозӣ ва фақат аз оби биҳӣ, ангубин ва сирко ба миқдоре гирифта, ба кор барӣ, ки мо ёд кардем. Агар инро барои касоне месохта бошӣ, ки мизоҷи меъдаашон миёна буда, андар он на заҳраи зиёдатӣ ва на балғами зиёдатӣ ҷамъ намешуда бошад, андар ин [дору] ба қадри ними миқдори мо ёдкарда занҷабилу мурч биафкан, яъне бояд тахмин аз мурч як уқия ва аз занҷабил якуним уқия биафканӣ. Агар инро аз барои касоне месохта бошӣ, ки андар меъдаашон балғам ҷамъ ҳамеояд, бояд андар он ба қадри ду чанди он миқдоре [аз инҳо] биафканӣ, ки мо ёд кардаем, яъне тақрибан аз занҷабил шаш уқия ва аз мурч чаҳор уқия бояд андар он биафканӣ.
Гувориши биҳигие, ки иштиҳои таом оварад ва меъдаро қавӣ созад
Таркиби он: аз афшураи биҳӣ се ратл, аз ангубин се ратл ва аз сиркои тез ду ратл гирифта, бар оташи лахча биҷӯшонанд ва кафкашро баргиранд. Сипас аз занҷабил панҷ дирам, аз мурчи сафед, мурчи сиёҳ ва дорфилфил се дирамӣ, аз дорчинӣ ду дирам ва аз уди хом се дирам гирифта, бикӯбанд ва бо ангубин, оби биҳӣ ва сирко биомезанд ва баста созанд. Як ошомиданӣ аз ин як кафча пеш аз таом буда, сипас ду соат сабр кунанд.
Гувориши ҳиндӣ
Ин аз барои қулинҷ, дарди пайвандгоҳҳо, ниқрис ва дарди пушт судманд аст.
Таркиби он: аз маҳмуда даҳ мисқол, аз хирбӯво,130 қоқула, занҷабил, дорчинӣ, қирфа, нормушк, мехак ва мурч панҷ мисқолӣ, аз турбид сад мисқол ва аз шакар сад мисқол гирифта, ҳамаи ин доруҳоро якҷоя бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Гувориши шоҳон, ки
«доруи яксола» бувад
Инро як соли тамом ҳар рӯз истеъмол кунанд ва истеъмоли он [ба хости Худой]131 умрро дароз кунад. Ҳар кӣ онро мудом ба кор барад, андар танаш ягон дард намонда, ҳама беҳ шаванд ва ягон мӯяш сафед нашавад, ба шарте ки пеш аз истеъмоли ин сафед нашуда бошад. Ин доруи шоҳон буда, чунонки ҳикоят кунанд, бо ин худро муолаҷа мекардаанд. Ин аз барои носури сиёҳ, сафед ва сурх, аз [ҳар гуна] таровишҳо, аз зардрангӣ, сардҷимоъӣ ва дил задани пайвандгоҳҳо судманд аст, биноию рангро зудоиш диҳад ва ҷимоъро афзун гардонад. Ҳеҷ гуна зиёне надорад ва аз паси он худованди онро таб наояд.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула сиву шаш мисқолӣ, аз сиёҳдона бисту чаҳор мисқол, аз мурчи сиёҳ, дорфилфил, занҷабил ва филфилмӯя дувоздаҳ мисқолӣ, аз нормушк, қоқула ва мушки замин ду мисқолӣ ва аз кабоба ва балозур шаш мисқолӣ гирифта, ҳар кадомро ҷудо-ҷудо кӯфта, бибезанд, то ягон чизе аз онҳо боқӣ намонда, қисмати он [пурра] ва ба ҳасби он миқдоре, ки тавсиф кардем, ҳосил гардад ва баъд ҳамаро биомезанд. Сипас шашсад мисқол понизи санҷариро гирифта, андар потила ва ё деги покизае афкананд, аз зераш оташи нарме дардиҳанд ва бар вай як миқдор об бипошанд, то пониз гудохта шавад. Ҳар гоҳ гудохта шуда биҷӯшад, он доруҳои омехтаро бар вай бирез ва биҷунбон, то нарм омехта бигарданд ва баъд [онро аз оташ] бигир ва бигузор, то ба ҳоли нимгармӣ ояд. Сипас аз он ба қадри ду мисқолу чаҳорякӣ фундуқҳо бисоз ва дастатро [андар ин ҳангом] бо равғани зайтун ва ё равғани гов равған кун. Баъд, ҳар рӯз аз онҳо як фундуқӣ бо оби сард биошом. Ин хоҷаи доруҳост.
Гувориши исҳоловарандаи масҳақуниё
Ин аз ниқрис, дарди пушт ва ҳамаи бемориҳои сард судманд аст.
Таркиби он: аз маҳмуда, дорчинӣ, шитараҷ ва занҷабил ҳашт дирамӣ, (356) аз мурчи сиёҳ шаш дирам, [24] аз турбид даҳ дирам, аз дорфилфил шаш дирам, аз қоқула, мехак, тухми карафс ва нонхоҳ чаҳор дирамӣ, аз навшодир ва намаки ҳиндӣ ду дирамӣ, аз пониз ва шакар бист дирамӣ, аз ангужад дуним дирам ва аз масҳақуниё се дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ду ва ё чаҳор дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Гувориши кунҷид
Аз кунҷиди муқашшар, зираи кирмонӣ ва занҷабил даҳ дирамӣ, аз мурч ва дорфилфил панҷ дирамӣ, аз дорчинӣ ду дирам, аз қоқула ва ҳил се дирамӣ ва аз шакари табарзад ва пониз шаст дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъди совидан ва бехтан якҷоя кунанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва сипас ба кор баранд.
Гувориши сақиздона
Ин аз бавосир, сардии меъда, бад аз худ шудани ғизо ва дарунравӣ суд дорад.
Таркиби он: аз сақиздона, ангубини балозур ва кун ҷиди муқашшар шаш исторӣ, аз шакари табарзад бисту чаҳор истор, аз ҳалилаи кобулӣ, балила, омулаи донааш ҷудокарда, занҷабил, дорфилфил, баранг, содаи ҳиндӣ ва шитараҷ чаҳор дирамӣ ва аз мурч, марзангӯш ва басбоса ду дирамӣ гирифта, ин доруҳоро якҷоя кунанд, бо ангубини кафк баргирифта ва равғани гов маъҷун созанд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор