Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як ошомиданӣ аз он ду дирам ва бо шири хобрафтаи гов бувад, вале [бемор] то вақте ки инро истеъмол мекунад, бояд таоми худро аз ширбиринҷ созад.
Гувориши ангудон

Ин аз барои дамиши шикаму меъда, қароқури [рӯдаҳо] ва боди ситабр судманд аст.
Таркиби он: аз мурч ва тухми карафс дувоздаҳ дирамӣ, аз ангудони сиёҳ чаҳордаҳ дирам, аз карафси кӯҳӣ, [ҳизормоҷ],132 пудина, ҳошо ва сисолиюс ҳашт дирамӣ ва аз кошим сездаҳ дирам гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидан ва бехтан якҷоя созанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун кунанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.

Як гувориши кофур, ки аз аввалӣ ҳам
қавитар аст

Таркиби он: аз занҷабил, мурч, дорфилфил, дорчинӣ, қирфа, содаи ҳиндӣ, сунбули хушбӯй, шитараҷи ҳиндӣ, гавзи бӯё, сандали зард, донаи баласон, қоқула, басбоса, мехак, ноғбушт, толисфар, мушки замин, табошир ва уди ҳиндии холис ним уқиягӣ, аз кофур ва мушк ду ним дирамӣ ва аз шакари табарзад даҳуним уқия гирифта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор баранд.
Гувориши уд

Ин меъдаро қавӣ сохта, на ба ифрот гарм кунад, таом бигуворад ва балғамро бичинад.
Таркиби он: аз сунбули хушбӯй, сунбули румӣ, тухми карафс, анисун ва мастако як дирамӣ, аз уд се дирам, аз мехак ду дирам, аз басбоса дуним дирам, аз қирфа ва сукк ду дирамӣ, аз ҳалилаи кобулии андар шароб таркарда ва бирёнкарда ва аз палангмушк дуним дирамӣ, аз гавзи бӯё якуним дирам, аз марвхуш се дирам ва аз гул ва наи бӯё ду дирамӣ гирифта, бо майбиҳӣ маъҷун созанд.
Як ошомиданӣ аз он ду мисқол бувад.

Нусхаи дигаре аз гувориши ангудон

Ин аз сахтии ҷигар, сардии он, аз оби зард ва сардии меъдаву гурда суд дорад.
Таркиби он: аз ангудони сиёҳ даҳ дирам, аз тухми таратезак ва тухми гандано ҳашт дирамӣ, аз занҷабил, балила ва омулаи дона баргирифта ҳафт дирамӣ, аз нонхоҳ, тухми карафс, анисун, қоқулаҳои хурд, зираи кирмонӣ ва дорчинӣ панҷ дирамӣ, аз ҳалилаи сиёҳи дона баргирифта ҳафт дирам, аз қирфа ҳафт дирам, аз мурч ва дорфилфил чаҳор дирамӣ, аз сунбули хушбӯй ду дирам, аз мехак як дирам ва аз понизи сафед бист дирам гирифта, ин доруҳоро баъди совидану бехтан ба ҳам ҷамъ карда, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва ба вақти ҳоҷат ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам ва бо оби анисун, мастако ва сунбул бувад.

Гувориши дорчинӣ

Ин аз заъфи ҷигар, меъда ва гурда судбахш аст, хилтҳои ситабрро пок созад ва бодҳоро биронад.
Таркиби он: аз дорчинӣ, уд ва росан шаш дирамӣ, аз мехак, мурчи сиёҳ, дорфилфил, сунбул ва асорун панҷ дирамӣ, аз занҷабил як уқия, аз пудинаи бӯстонӣ ҳашт дирам, аз хирбӯво ва қирфа ду дирамӣ ва аз киё, анисун, тухми бодиён ва салиха се дирамӣ гирифта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд.
Як гувориши ҳиндӣ

Гувориши кофур

Ин аз қулинҷ, сардии меъда, дарди пайвандгоҳҳо ва ниқрис судманд аст.
Таркиби он: аз шитараҷ ва содаи ҳиндӣ чаҳор дирамӣ, аз гавзи бӯё ва нонхоҳ ду исторӣ, аз мурч ва дорфилфил панҷ исторӣ, аз занҷабил панҷ истор, аз ҳалилаи сиёҳ сиҳ истор, аз нормушк ду истор, аз мехак панҷ дирам, аз гавзи бӯё ду истор, аз басбоса чаҳор дирам ва аз пониз даҳ истор гирифта, ба ҳангоми ҳоҷат ду дирам аз ин маҷмӯъро ба шакли хока бо набизи куҳан биошоманд.

Нусхаи дигари гувориши кофур

Ин аз заъфи меъдаву рӯдагон судманд аст, таом бигуворад, бодҳоро биронад, аз ҳайза суд бахшад ва шикамро бибандад.
Таркиби он: аз занҷабил бист дирам, аз самғи арабӣ ва хирбӯво даҳ дирамӣ, аз мехак ва дорчинӣ панҷ дирамӣ, аз гавзи бӯё як дона, аз заъфарон як дирам, аз нашоста чиҳилу ду дирам ва аз шакари табарзад як ратл бигиранд.

Аз заъфи меъда ва ҷигар судманд аст, бодҳои ситабрро биронад ва бар гуворидан ёварӣ кунад.
Таркиби он: аз кофур, заъфарон, уд, қоқула, хирбӯво, кабоба, кошим, қирфа, мехак, ушна, сунбул, басбоса,
сандали сафед, мурч, дорфилфил, дорчинӣ, шитараҷ, нормушк, газари даштӣ, хуланҷон, гавзи бӯё, занҷабил, мушки замин ва филфилмӯя бахшҳои баробар ва аз шакар ба андозаи (357) ҳамаи доруҳо бигиранд.

Ин аз бадгуворӣ, заъфи меъда ва балғами ситабр суд дорад.
Таркиби он: аз мурч, гавзи бӯё, занҷабил, мехак, басбоса, дорчинӣ, қирфа, ноғбушт,133 филфилмун, норқайсар, мехаки бӯстонӣ, кофур ва заъфарон ду дирамӣ гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъди совидану бехтан якҷоя кунанд, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор баранд.

Гувориши занҷабил

(358) Гувориши мушк

Ин аз заъфи меъда ва дамиши он, аз бодҳои бавосир ва хафақони дил судманд аст.
Таркиби он: аз мушк ним мисқол, аз хирбӯво, қоқула, мехак, занҷабил ва дорфилфил даҳ дирамӣ, аз дорчинӣ се дирам, аз уди ҳиндӣ як уқия, аз заъфарон ду дирам ва аз шакар баробари вазни ҳамаи доруҳо бигиранд, ҳамаро кӯфта, бибезанд ва сипас бо ангубин сиришта, ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ