Қонуни тиб

Гувориши турунҷ
Ин бодҳоро биронад, таом бигуворад ва бӯи даҳон хуш кунад.
Таркиби он: аз пӯсти хушки турунҷи зард сиҳ дирам,
аз мехак, гавзи бӯё, дорфилфил, мурч, хирбӯво, дорчинӣ, хуланҷон ва занҷабил як дирамӣ ва аз [25] мушк якуним донг гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор баранд.
Гувориши Қайсар
Аз қулинҷ, сардҷимоъӣ ва [балғами] хом суд дорад, фазлаҳои ситабри часпакро берун кунад ва аз ниқрис суд бахшад.
Таркиби он: аз дорфилфил, занҷабил, ҳалилаи зард,
маҳмуда ва турбид дувоздаҳ дирамӣ, аз тухми карафс, нонхоҳ, оқирқарҳо ва намаки табарзад шаш дирамӣ ва аз шакар шонздаҳ дирам гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Гувориши исқанқур
Ин боҳро биафзояд.
Таркиби он: аз тухми морчӯба, тухми пиёз, тухми шалғам, тухми сиписти тар, тухми гандано, тухми газар, тухми таратезак, тухми газна, шоҳисфарам, сақиздона, «забони гунҷишк», кунҷиди муқашшар, тухми турб, ҳар ду тударӣ, мағзи чилғӯза ва тухми таратезаки шоҳӣ се дирамӣ, аз занҷабил, газари даштӣ, хуланҷон ва дорфилфил панҷ дирамӣ, аз дорчинӣ, гавзи бӯё ва ҳар ду намуди баҳман ду дирамӣ, аз нофи исқанқур панҷ дирам, аз унсули бирён се дирам ва аз пониз баробари ҳамаи доруҳо гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам бо мусаллас, ё бо шири навдӯшида ва ё бо оби ангубин бар ношито бувад.
Як гувориши дигар
Ин аз барои хафақон судманд аст, меъдаро қавӣ созад, таом бигуворад ва шикам бикушояд.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ понздаҳ дирам, аз толисфар панҷ дирам, аз зурунбод, даруна ва салиха се дирамӣ, аз турбид бист дирам, аз маҳмуда се дирам ва аз пониз бист дирам гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он се дирам бувад.
Як гувориш аз мо, ки санҷидашуда аст
Таркиби он: аз уд се дирам, аз кофур чаҳоряк дирам, аз
мушк сеяк дирам, аз басбоса, нормушк, мушки замин, палангмушк, зарнаб ва зурунбод як мисқолӣ, аз дорчинӣ, мастако, занҷабил, мурч ва мехак ду дирамӣ, аз «забони гов»
панҷ дирам ва аз тухми бодиён, тухми карафс, ваҷ ва сунбул се дирамӣ гирифта, ҳамаро бо ангубин ҷамъ созанд.
Итрифали бузург
Ин аз истирхои меъда ва бодҳои дарунии бавосир суд дорад ва боҳро зиёда кунад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, балила, омула, дорфилфил ва мурч се бахшӣ, аз занҷабил, бузайдон, шитараҷи ҳиндӣ, широмула, газари даштӣ ва ба ҳасби як нусхаи дигар низ аз басбоса як бахшӣ, аз тударии сафед, тударии сурх, «забони гунҷишк», тухми анори даштӣ, яъне буссаддона, ки он ҳаббу-л-қилқил134 ва ба форсӣ норшаъон аст, кунҷиди муқашшар ва шакари табарзад ду бахшӣ ва аз баҳмани сафед (359) ва баҳмани сурх ним бахшӣ гирифта, хушкаҳоро ҷудогона бикӯбанд ва кунҷидро ҷудогона ва сипас биомезанд, бо равғани гов биолоянд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд Гувориши уд, ки аз мост
Аз ҳил, занҷабил, дорчинӣ, салиха, заъфарон, мурч, палангмушк ва зурунбод панҷ дирамӣ, аз мушки замин, зарнаб, содаи ҳиндӣ ва мехак се дирамӣ, аз уди хом ҳафт дирам, аз анбар як мисқол, аз лоҷувард ва кофур ду донгӣ, аз турбид чаҳор дирам ва аз намаки ҳиндӣ як дирам гирифта, ҳамаро бисованд ва аз онҳо бо ангубин ва ё шакар гувориш омода кунанд.
Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ХОКАҲО, ДОРУҲОИ КАФАКӢ (ҚАМИҲАҲО)
ВА ДОРУҲОИ БАР ДАҲОН РЕХТАНИИ135 КӮДАКОН
Мо бархе аз доруҳои хокаро мисли гуворишҳо андар ин ҷо оварем, вале боқимондаро баъдтар ба ҷои худаш ёд хоҳем кард.
Мақлиёсо136
Ин аз заҳир, печиши ноф, исҳол ва бавосир судбахш аст.
Таркиби он: аз тухми бирёни таратезаки шоҳӣ яку ним ратл, аз зираи кирмонии як шабу як рӯз андар сирко таркардаи бирёнкарда ва тухми бирёни гандано даҳ исторӣ, аз тухми катони бирён чаҳор уқия, аз киё як уқия ва аз ҳа
лилаи кобулии бо равғани гов пухта се уқия бигиранд. Як ошомиданӣ аз ин се дирам ва бо рубби биҳӣ бувад.
Як доруи хока
Ин аз бодҳои бавосир, исҳол, заҳир ва печиши ноф судманд аст.
Таркиби он: аз тухми бирёни таратезаки шоҳӣ як ратл, аз тухми бирёни катон ва аспғул се дирамӣ, аз тухми карафси бирён, гили арманӣ ва тухми марв ду ним дирамӣ ва аз самғи арабӣ як дирам бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор