Қонуни тиб

Як хокае, ки «касило» ном дорад
Ин рафтани шикамро боз дорад.
Таркиби он: аз касило, мӯрддона, [ҷафти булут],137 сипандони сафед, зурунбод, гавзгандум, касиро, муғос, ҳузаз, фундуқ ва писта як бахшӣ, аз бодоми ширини аз ҳар ду пӯст поккарда даҳ дирам ва аз орди сафед бист дирам гирифта, биомезанд ва ба кор баранд.
Як хокаи дигар
Ин занони обистанро суд дорад, бодҳоро биронад ва меъдаву ҷигарро қувват бахшад.
Таркиби он: аз марворидҳои хурд ва оқирқарҳо як дирамӣ, аз занҷабил ва сақизи румӣ чаҳор дирамӣ, аз зурунбод, даруна, тухми карафс, ваҷ, хирбӯво, гавзи бӯё, мурч ва дорчинӣ ду мисқолӣ, аз тударӣ ва тухми бодиён як мисқолӣ ва аз шакар ба андозаи вазни ҳамаи доруҳо бигиранд.
Хокаи Убода
Ин аз барои лоғарии ҷигар, ковокии меъда ва рутубатнокии он суд дорад.
Таркиби он: аз лок, шохаҳои баласон, мӯрддона, булути хушк, шакари табарзад, мастако, пӯсти анор ва мозу як бахшӣ ва аз лубон ва занҷабил чаҳоряки як бахшӣ гирифта, баъд аз бехтан ба ҳам биомезанд. Аз он як ҳафта ҳар бомдод ва хуфтан аз як мисқол то ду мисқолӣ кафакӣ кунанд ва гӯштро начашанд.
Як хокаи [дигар]
Ин аз гармии тан, таб, сурхбод, махмалак, атса ва баста шудани забон ба сабаби барсом суд дорад ва бо он забонро даллокӣ кунанд.
Таркиби он: аз мушк ду донг, аз сукк ва ҳузаз як дирамӣ, аз кофур як дираму ду донг, аз заъфарон ду дирам, аз қоқула, мехак ва гавзи бӯё чаҳор дирамӣ,138 аз гули сурх, гулнор ва табошир шаш мисқолӣ ва аз шакари (360) табарзади сафед шаст дирам гирифта, ин доруҳоро баъд аз бехтан бо ҳам биомезанд. Агар каси бо ин муолаҷа мекардагиро гармӣ ғолиб бошад, гавзи бӯёро [аз ин таркиб] биандоз. Як ошомиданӣ аз он барои касони бузургсол ним мисқол ва барои касони хурдсол аз ду ҳабба то як қирот бувад.
Қамиҳаи харбузаи дароз
Ин меъдаи сустро қавӣ созад, шиками касеро бибанд, ки иллати он истирхои меъда бошад ва нафаси нотавонро нерӯ бахшад.
Таркиби он: харбузаи дарозро бигиранд, даруни онро аз дона ва ғайра пок кунанд, сипас бо бахшҳои баробар аз писти кунор, писти муқл, таросис, санҷиди бирёнкардаи кӯфта ва гуринчи бирён даруни онро пур кунанд ва бигузоранд, то онҳо тарии харбузаро ба худ бигиранд.
Баъд, онҳоро берун гирифта, бихушконанд, бисованд ва аз ин як кафӣ ба қадре, ки чаҳор дирам барояд, истеъмол кунанд.
Як хокаи дигар
Инро аз барои кӯдакони бар эшон рутубат ғолиб буда омода созанд.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ ва зираи кирмонӣ панҷ дирамӣ, аз мастако бисту панҷ дирам ва аз занҷабил ду дирам гирифта, ҳар кадомро ҷудогона бикӯбанд, бибезанд ва сипас ҳамаро бо ҳам биомезанд. Онро андар тобистон бо равғани кунҷид ва андар зимистон бо равғани зайтун биолоянд ва шакари тобистонаи онро аз табарзад бигиранд ва занҷабилашро биандозанд. Ин барои кӯдаконе созгор аст, ки бар эшон рутубат ғалаба карда бошад.
Хокаи Аристотолис, ки аз барои Искандар навишта аст
Ин аз барои дарунрав, табоҳии меъда, зардрангӣ, бадбӯии даҳон, васваса ва фаромӯшхотирӣ созгор аст ва гуворишу хуррамӣ оварад.
Таркиби он: аз қирфа, содаи ҳиндӣ, ҳил, уди ҳиндӣ, асорун, киё, ҳалилаи кобулии дона баргирифта, шоҳафсар, палангмушк, нормушк, норқайсар, зира, дорчинӣ, ушна, мурч, дорфилфил, занҷабил, мехак, донаи анор, гавзи бӯё ва қоқула ду бахшӣ, аз мушк, анбар ва кофур як бахшӣ ва аз шакари табарзад шаш чанди ҳамаи доруҳо бигиранд. Як ошомиданӣ аз ин аз як то се дирам бо оби сард бар ношито бувад. Баъди таом низ, чунонки тавсиф кардаанд, суди азим дорад.
Хокаи Бармакӣ
Ин аз барои кирмҳо ва заъфи меъда судманд аст.
Таркиби он: аз ҳалила, [26] омула ва баранг як бахшӣ, аз мағзи турбид як чанди ҳамагон ва аз понизи табарзад ҳамчанди онҳо бигиранд. Як ошомиданӣ аз он даҳ дирам бувад.
Хокаи унсул
Ин доруи андар гулӯи кӯдакон рехтании санҷидашуда аст. Ин маниши гаштан ва исҳол оварда, зиёни зардаву балғамро аз эшон бибарад.
Таркиби он: аз ҳалила, балила, омула, оқарқирҳо, гули сурх, гулнор, тутум, каймурда, зардчӯба, гавзи қай, мӯрддона, мозу, пудинаи даштӣ, қоқула ва мехак бахшҳои баробар гирифта, ҳамаро бикӯбанд, бибезанд ва ба кор баранд.
Як доруи андар даҳони кӯдакон рехтанӣ
Ин тани эшонро аз тариҳо ва зарда пок кунад.
Таркиби он: аз ҳалилаи зард панҷ дона, аз ҳар кадоми газмозу, табошир, анбари сайданонӣ, момирон, пудинаи даштӣ, гулнор, ҳузаз, сукк, заъфарон, қоқула,
мозу ва шакари табарзад ба қадри вазни ҳалила бигиранд. Сипас аз ин ба қадри бузургию хурдии каси ошоманда гирифта, ба кор баранд.
Доруи андар даҳон рехтании дигаре аз барои кӯдакон
Аз гул, гулнор, иқлимиё, оқирқарҳо, тутум, рубби ширинбаён, газмозу, ҳалила, балила, мозу, басбоса, мӯрд дона, табошир, кабоба, қоқула, (361) ҳузаз, заъфарон, сукк, зардчӯба, салиха, анбари сайданонӣ, пудинаи даштӣ ва пӯсти гуринҷ бахшҳои баробар гирифта, баъд аз бехтан бо ҳам биомезанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор