Қонуни тиб

Як доруи андар даҳон рехтании дигар аз барои кӯдакон
Аз шакари табарзад, гули сурх, ҳузаз, заъфарон, тутум, табошир, момирон, пудинаи даштӣ, гулнор, қоқула ва газмозу як бахшӣ бигиранд. Як ошомидании ин барои хурдсолон як қирот ва барои бузургон муносиби эшон бувад.
Як қамиҳа
Ин аз барои саҳҷ, исҳоли сахт ва табоҳию заъфи меъда бувад.
[Таркиби он]: аз қараз ва таросис панҷ бахшӣ ва аз мушк139 як бахш гирифта, ҳар кадомро ҷудо-ҷудо бикӯбанд ва сипас ба ҳам биомезанд. Аз ин пагоҳӣ ду дирам ва бегоҳӣ ҳамин қадар истеъмол кунанд, судманд аст.
Як хока
Ин аз барои бемории испурч, бадгуворӣ ва бадрангӣ бувад.
[Таркиби он]: аз сипандони сафед чаҳоряки як кайлача гирифта, бар вай то паноҳ шудан равғани кунҷид бирезанд, аз зераш оташи нарм дар диҳанд, то ситабр бигардад. Сипас бар вай аз муғоси кӯфта ҳафтоду як дирам, аз зираи кирмонӣ чаҳор дирам ва аз нонхоҳи шомӣ ду дирам афкананд. Аз ин ҳар пагоҳӣ як каф бихӯранд ва аз сирко, моҳии шӯр ва тоза ва аз ҳар гуна шир, тараҳо ва меваҳо парҳез кунанд.
Як хокаи [дигар]
Ин аз барои касони гирифтори ярақон ва дарди ҷигар ва зардаи зард қайкунанда созгор аст.
Таркиби он: аз локи шуста як мисқол, аз табошир ду дирам, аз заъфарон як дирам, аз рованди чинӣ якуним донг ва аз кофур як донг бигиранд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам ва бо ним ратл ҷӯшонидаи олу ва оби хурмои ҳиндӣ бувад.
Як хокаи [дигар]
Ин аз барои каси гирифтори таб, дарди ҷигар ва шикамрави зардавӣ созгор аст.
Таркиби он: аз дурди шароб, зарованд, сунбул ва локи шуста як мисқолӣ ва аз рими оҳани басрӣ ҳафт дирам гирифта, бикӯбанд. Як ошомиданӣ аз ин як мисқол бо як уқия оби кашнизи хушк бувад.
Як хокаи [дигар]
Ин аз барои гармии ҷигар, ярақон, суддаҳо ва хунпартоӣ суд дорад.
Таркиби он: аз донаи сафедкардаи биҳӣ, нашоста ва тухми сафедкардаи хиёр чаҳор дирамӣ, аз гили арманӣ, локи шуста, гул, сунбул ва савсан як дирамӣ, аз табошир ним дирам ва аз мастако сеяки як дирам140 бигиранд.
Як ошомиданӣ аз ин як дирам ва бо оби сард бувад.
Як намак
Ин аз барои гарммизоҷон ва исҳоли ҳар ду намуди зарда хуб буда, иштиҳои таом оварад.
[Таркиби он]:141 намаки дарониро гирифта, ба пораҳои хурд шикананд, бар тобаи оҳанӣ, ё тобаи сафолин ва ё бар сафолина ниҳода, [бирён кунанд ва] бар вай чандин бор сиркои хамрии тез бипошанд. Сипас, онро кӯфта, бибезанд ва бо он андаке донаи анори бирёнкарда ба қадри сеяки намак тутуми аз дона поккарда ва якчанди он кашнизи хушки бирён ва афшураи зиришки кӯфта афзуда, биомезанд ва ба кор баранд.
Як намаки дигар
Ин аз барои меъда, ҷигар, аз дарди пайвандгоҳҳо ва аз ҳамаи бемориҳое суд дорад, ки аз сабаби фазлаҳо падид омада бошанд.
Таркиби он: аз намаки ошӣ як ратл, аз навшодир ду уқия, аз мурчи сафед се уқия, аз занҷабил ва мурчи сиёҳ ду уқиягӣ, аз анисун, донаи таратезак, нонхоҳ ва сунбул як уқиягӣ, аз пудинаи даштӣ ду уқия ва аз донаи карафси даштӣ якуним уқия гирифта, бикӯбанд ва бисованд. Як ошомиданӣ аз ин ду мисқол ва бо оби нимгарм бувад.
(362) Мақолаи панҷум
АНДАР БАЁНИ ЛЕСИДАНИҲО
Гуфтори мо оид ба доруҳои лесиданӣ бар қиёси он гуфтори мост, ки андар бобҳои пеш аз ин оварда шуд.
Доруҳои лесиданиро аксар вақт барои он бисозанд, ки то андар даҳон нигоҳ дошта шаванд ва аз онҳо андак-андак ба сӯи шуш бирасад ва якбора ба меъда наравад, зеро андар акси ҳол роҳи он аз меъда ба сӯи шуш дароз хоҳад буд.
Як лесиданӣ
Ин аз барои сурфаи хушк бувад.
[Таркиби он]:142 тухми катони бирён кардаро гирифта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор