Қонуни тиб

Як лесидании дигар
Ин аз барои сурфаест, ки аз гармӣ ва хушкӣ бувад.
[Таркиби он]:143 аз тухми сафедкардаи хиёр панҷ дирам, аз бодоми ширини сафедкарда шаш дирам, аз тухми хитмӣ ва тухми панирак панҷ дирамӣ, аз самғ, касиро, нашоста ва донаи сафедкардаи биҳӣ чаҳор дирамӣ ва аз афшураи ширинбаён ва понизи сафед чаҳоруним дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва бибезанд. Сипас, бехи поккардаи ширинбаён, сапистон ва мавизи ширини поккардаро гирифта, бо об то ситабр шудан биҷӯшонанд ва бар вай майпухта афканда, бо он доруҳоро баста гардонанд.
Инро бо ҳариробе биошоманд, ки аз оби сабӯси орди сафед, орди боқилӣ, пониз ва равғани бодоми ширин сохта бошанд ва баъд аз он оби ҷав биошоманд.
Як лесиданӣ
Ин аз барои сурфаест, ки аз гармӣ бувад.
[Таркиби он]:144 аз сапистон се думушта, аз уннобҳои бузург панҷоҳ дона, аз бехи поккарда ва поракардаи ширинбаён сиҳ дирам, аз мавизи кашмаҳонии145 ширини поккарда чиҳил дирам ва аз хиёршанбари аз найҳо поккарда бист дирам гирифта, бо нуҳ ратл об то як ратл мондан биҷӯшонанд. Сипас онро биполанд ва бар вай ним ратл майпухта ва сеяк ратл пониз афканда, то мисли ангубин ситабр шудан биҷӯшонанд. Баъд, бо он ба қадри кофӣ орди боқилие бизананд, ки бо ҳарир бехта бошанд.
Лесидании хашхош
Ин аз барои хун партофтан, таби сахт, сурфа, дарди сина ва шавса судбахш аст.
Таркиби он: аз гули сурхи кулоҳакҳояш барчида ва аз самғ ним дирамӣ, аз нашостаи гандумӣ, касиро ва донаи хашхош ду дирамӣ, аз табошир ва заъфарон ним дирамӣ ва аз рубби ширинбаён ду дирам гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтани онҳое, ки бехтаниянд, ба ҳам ҷамъ кунанд, бо мусаллас маъҷун созанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор баранд. Онро бо тарангубин ва ё ҷӯшонидаи зуфо биошоманд.
Лесидании табошир
Ин аз сурфа, хунпартоӣ, фазлаҳои ситабр, дарди сина ва решҳои шуш судманд аст.
Таркиби он: аз қоқула чаҳор дирам, аз самғ ҳашт дирам, аз нашостаи гандумӣ, донаи хашхоши сафед ва занҷабил даҳ дирамӣ, аз табошир чаҳор дирам, аз шакари табарзад чиҳил дирам, аз донаи муқашшари хиёрза, аз бодоми ширини аз ҳар ду пӯст поккарда ва аз мағзи поккардаи чилғӯза ҳашт дирамӣ, аз бодоми талхи аз ҳар ду пӯст поккарда, рубби ширинбаён ва касиро панҷ дирамӣ, аз тухми бодиён ду дирам ва аз донаи хашхоши сиёҳ ду дирам гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъди совидану бехтани он чи ки бехтанист, ҷамъ созанд, бо ангубини кафк баргирифта ва равғани гов маъҷуни нарм созанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор баранд. (363)
Як лесидании дигаре аз табошир
Ин аз табҳои силӣ ва решҳои шуш суд дорад.
Таркиби он: аз самғи арабӣ ва қоқула шаш дирамӣ, аз занҷабил ва нашостаи гандумӣ дувоздаҳ дирамӣ, аз табошир чаҳор дирам, аз шакар шаст дирам ва аз донаи поккардаи хиёрза ва чилғӯзаи поккарда ҳафт дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтани он чи ки бехтанист, якҷоя кунанд, бо равғани гов ва ангубини кафк баргирифта маъҷуни нарм созанд ва андар ҷогаҳи обгинагӣ бигиранд. Аз ин билесанд ва бо оби гарм ва ё шири хар биошоманд.
Лесидании унсул
Ин аз барои душвории нафас, [балғам ва хун] партофтан, дарди ҳар ду паҳлу ва сина судманд аст.
Таркиби он: афшураи унсул ва ангубини кафк баргирифтаро гирифта, ҳар дуро якҷоя баста гардонанд ва аз он пеш аз [27] таом ва баъди он билесанд.
Лесидании сир
Ин аз сурфаи аз сабаби балғам ангехташаванда суд дорад, синаро пок кунад ва моддаҳои тунукро бипазонад.
Таркиби он: аз сири поккарда як ратл гирифта, бо як ратл равғани гов то нарм шудан биҷӯшонанд. Сипас биполанд ва сирро нарм кӯфта, бар вай ду ратл ангубини кафк баргирифта биафзоянд, бо оташи нарм ба андозае биҷӯшонанд, ки ситабр бигардад ва сипас аз оташ фуруд оранд.
Як лесидании дигар
Ин аз барои сурфаи ба сабаби гармӣ падидомада суд дорад.
[Таркиби он]: аз донаи биҳӣ ва аспғул панҷ дирамӣ, аз тухми хашхош даҳ дирам ва аз бехи ширинбаён ва сапистон ҳафт дирамӣ гирифта, андар се ратл об тар кунанд. Сипас онро бо оташи нарм то ситабр гардидан биҷӯшонанд, баъд бар вай дувоздаҳ дирам майпухта, ҳафт дирамӣ касиро ва самғи арабӣ ва як истор пониз афканда, то расидан омезиш диҳанд, андар ҷогаҳе бигиранд ва ба кор баранд.
Лесидании хинҷак
Ин аз барои хастагии овоз, реши сина ва аз барои касе [созгор] аст, ки хуноба партояд ва [низ] суддаҳоро бикушояд.
Таркиби он: аз тухми катони бирёнкарда ва мавизи поккарда як ратлӣ, аз мағзи чилғӯза, бодоми ширин ва бодоми талхи поккарда шаш уқиягӣ, аз фундуқи бирён, сақизи хинҷак, бехи ширинбаён ва самғи арабӣ се уқиягӣ, аз мурчи сафед, орди боқилӣ, нахӯд, зарованд,146 нашоста, нонхоҳ, сипандон, майъаи равон ва бехи савсани осмонгунӣ як уқиягӣ ва аз мурр, заъфарон ва лубони нар ним уқиягӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд, бо шири хар биолоянд ва бо он сиришта кунанд, аз он қурсҳо бисозанд ва андар соя хушк кунанд. Сипас онҳоро совида, бо ангубин маъҷун созанд. Аз ин як кафча пагоҳӣ ва як кафча бегоҳӣ истеъмол кунанд. Инчунин, аз ин шиёфҳову ҳаббҳои хурд сохта, шаб андар зери забон бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор