Қонуни тиб

Мақолаи шашум
АНДАР БАЁНИ ШАРОБҲО ВА РУББҲО
Мо шаробҳо ва руббҳоро ба тавре оварем, ки пеш аз ин ишора намудем. Фарқи миёни шаробҳо ва руббҳо ин аст, ки руббҳо афшураҳои худ ба худ қивомёфтаанд, вале шаробҳо бошанд, ҷӯшонидаҳо ва афшураҳоеанд, ки бо шириниҳо қивом дода шудаанд.
[Уқсумолӣ147
Ин сикангубинест, ки пешиниён сохта ва мураттаб кардаанд ва аз қавин, дарди пайвандгоҳҳо ва саръ судманд аст. Агар аз он биошоманд, кимуси ситабрро ба исҳол оварад ва гуфтаанд, ки ошомидани он аз газидагии мори афъӣ суд дорад. Инчунин, аз ошомидани афюн ва доруҳои қаттол судманд аст.
Сохти он: аз сирко панҷ ратл, аз намак қариб ду ман, аз ангубин даҳ ман ва аз об даҳ қутулӣ гирифта, ба ҳам биомезанд ва бо оташи нарм то даҳ сар ҷӯшидан бипазанд. Сипас аз оташ фуруд оварда, бигузоранд, то сард шавад ва баъд андар ҷогаҳе бардошта, ба ҳангоми ниёзмандӣ ба андозаи фармудаи пизишк аз он истеъмол кунанд].148 (364) Сикангубини бузурии умумӣ
Ин табҳо ва афрӯхтагии меъдаро паст кунад, балғамро бурида, бизудояд, сафроро фурӯ нишонад, суддаҳои ҷигару испурчро бикушояд ва пешобро битозонад.
Таркиби он: аз сиркои хамрии куҳани хуб даҳ ратл гирифта, бар вай бист ратл ва ё ба қадри турушӣ ва хубии сирко бештару камтар аз оби хуши соф бирезанд, андар он аз пӯсти бехи бодиён ва пӯсти бехи карафс се уқиягӣ ва аз тухми бодиён, анисун ва тухми карафс як уқиягӣ афканда, як шабу як рӯз бигузоранд. Баъд, онро бо оташи нарм то рафтани шашяки он биҷӯшонанд. Сипас, аз болои оташ фуруд оранд ва бигузоранд, то сард шавад. Баъд аз он биполанд ва ба ҳар ду бахши ин обу сиркои бо бехҳову тухмиҳо ҷӯшонида як бахш шакари табарзад ва ё ба ҳар дуним бахши ин обу сиркои бо бехҳову тухмиҳо ҷӯшонида як бахш ангубин ҳамроҳ карда, бар оташи нарм то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас, аз оташ фуруд оварда, сард кунанд, биполанд ва ба кор бибаранд. Ба ҳангоми ҷӯшидан кафки онро баргиранд. Ҳар кӣ бихоҳад, баъд аз гирифтани кафки он ва баъд аз як-ду сар ҷӯшидан се дирам заъфарони нокӯфтаро андар ҳамёне гирифта, андаруни дег биовезад ва ҳар соате онро биҷунбонад, то қувваташ андар он барояд. Бархеҳо баъди [пухтани сикангубин] андар он ду дирам заъфарони хока биомезанд, вале дигар наҷӯшонанд.
Сифати сикангубини Ҷолинус
Ангубини хубро бар оташи лахчагии нарм ҷӯшонида,
кафкашро баргиранд ва бар вай сиркое бирезанд, ки на
чандон туруш ва на низ камқувват бошад. Сипас онҳоро
андак-андак биҷӯшонанд, то хуб ба ҳам биомезанд ва
сирко хом намонад. Баъд, аз оташ фуруд оранд ва гирифта нигоҳ доранд. Ҳар гоҳ онро истеъмол кардан бихоҳӣ, онро мисли шароб бо об биомез. Ҳар киро ба сабаби турушӣ ва ё ширинии он аз ошомидани он бадаш ояд, бояд бо об истеъмол кунад. Агар онро бисёр туруш ошомидан бихоҳанд, сиркояшро биафзоянд. Ба як миқдор ошомидани он барои [ҳама] сутуда нест ва ба назари ман ин мисли он мебуд, ки як кас ҳамаи одамони хамрхорро бифармояд, то хамрро бо об омехта биошоманд ва надонад, ки бархе аз эшонро одат ин аст, ки хамрро сахт омехта ва ба ҳоли бетаъмӣ расонда, биошоманд ва агар онро холис биошоманд, худи ҳамон замон сардард шаванд ва бархе дигарро одат ин аст, ки онро ба таври қавӣ биошоманд ва чун онро бисёр омехта биошоманд, аз он ғашашон ояд. Модом ки каси хамрхорро ба ҳоле, ки мардум ба ошомидани он бисёр одат кардаанд, чунин рӯй медода бошад, пас, ба ҳангоми ошомидани сикангубин чаро ин чунин ҳол бештар рӯй надиҳад, дар сурате, ки мо инро одатан хеле камтар аз хамр меошомем ва илова ба ин аз хамр қавитар ҳам ҳаст? Пас, бояд ҳадди онро мо бояд ба ҳасби каси ошоманда муайян кунем, на ба ҳасби ҳоли хеш. Бояд донист, ки барои каси ошоманда [сикангубини] аз ҳама созгор онест, ки барояш аз ҳама лазизтар бошад ва бинобар он суди ин ба ӯ бештар хоҳад расид, вале [аз ҳама] ранҷоваранда онест, ки касро аз он бад ояд. Шакли аз ҳама муътадилтари ин намудҳои [сикангубин] онест, ки барои аксари мардумон созгор бошад.
Ҳамин тариқ, сикангубинро бояд бад-ин гуна созанд, ки бо ҳар як бахши сирко ду бахш аз ангубини кафк баргирифта омехта кунанд. Бар оташи нарм то омезиш ёфтани таъми онҳо биҷӯшонанд ва низ бояд таъми хомии сирко боқӣ намонад, балки онро аз аввал бо об биҷӯшонанд. Ҳамчунин сикангубинро низ бад-ин гуна бисозанд, ки ба ҳар як бахш аз ангубин чаҳор бахш оби соф гирифта, сипас бо оташи нарм то кафк баровардани ангубин ба иътидол биҷӯшонанд. Зеро ангубини бад кафки бисёр барорад ва бинобар ин онро хубтару бештар бояд ҷӯшонд, вале ангубини хуб камтар кафк барорад (365) ва бинобар ин, он ба ҷӯшонидани бисёр эҳтиёҷ надорад, чунонки намуди аввалӣ бад-он эҳтиёҷ дошт.
Аз [ин чизҳои] аввала, ки то ба ин миқдор омезиш расиданд, ҳадди аксар ними онҳо боқӣ бимонад. Онҳоро ба иътидол биҷӯшон, то нек биомезанд ва сирко хом намонад. Сикангубинро [низ] бад-ин гуна бисозанд, ки ҳар се чизро чун ба аввали кор ба ҳам биомезанд, аз сирко як бахш, аз ангубин ду бахш ва аз об чаҳор бахш бигиранд, инҳоро то чаҳоряк боқӣ мондан биҷӯшонанд ва кафкашро баргиранд. Агар онро қавитар кардан бихоҳӣ, сиркоро баробари ангубин бигир. Инро мисли шароб ба шакли омехта биошоманд, вале на ҳамеша, балки рӯз андар миён, то даҳони меъдаро зиён наоварад, зеро [сикангубин] андар пайвандгоҳҳо сахт фурӯ равад, кимусро аз рӯдаҳои фурӯсӯвин бибарад ва рутубати танро ҳал кунад. Бархе одамон онро ба мақсади он беоб биошоманд, ки то рутубати даҳони меъдаро зудуда, ба фу рӯсӯ бибарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор