Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Касе, ки онро биошомад, то ними рӯз чизе нахӯрад ва сипас мурғчӯҷа ва зирабо истеъмол кунад.
Сикангубини мо

Шакари беҳтаринро андар потила карда, болои онро
ҳамвор кунем ва бар вай аз сиркои тези хамрӣ чандоне
бирезем, ки аз зери шакар ҷӯш зада набарояд ва шакарро напӯшонад. Агар бихоҳем, ки [сикангубин] туруш
наояд, аз ин миқдор бикоҳем, сипас бар лахча ва ё оташи кунде то гудохта шудани [шакар] биниҳем ва кафки
онро бо буни тосҳо баргирифта, [сипас аз буни тос] бо
порае бигирем. Кафкро бо бардоштану ниҳодани [тосҳо]
бигиранд, на ғӯтонидани онҳо. Ҳар гоҳ аз [кафк] пок
шуд, бар вай об бирезем, то тунук шавад ва сипас онро
ҷӯшонида ба қивом орем. [Сипас фуруд оварда, истеъмол кунанд. Ин сахт судманд аст].149
Як сикангубини
баисҳоловарандаи сафро

Ангубини кафк баргирифта, ё шакар ва сиркои тезро гирифта, чунонки нахуст тавсиф кардем, онҳоро бар оташи нарм биҷӯшонанд. Сипас, аз афшураи хиёри даштӣ ва маҳмуда як уқиягӣ ва ё ба ҳасби ҳоҷат ва ба андозаи дилхоҳ бештар ва ё камтар аз ин миқдор бигир, маҳмударо бисов, андар пораи катоние бигир, андар дег биовез ва ҳар соате бифишор, то он гудохта шуда, андар пора чизе боқӣ намонад. Ҳар гоҳ [сикангубин] баста бигардад, аз оташ бардоранд. Гурӯҳе ба ҷои маҳмуда бехи маҳмударо бо бехи карафс ва бехи бодиён ба аввали ҷӯшонидан биҷӯшонанд.
Як сикангубини дигар, ки балғамро коҳиш диҳад

Ангубин, сиркои унсулӣ ва бехҳои ёдшударо гирифта, биҷӯшонанд. Сипас, данди чинӣ ва мағзи хасакдонаро,
ки чунонки медонӣ, ин аз барои қуввати мард созгор аст,
бигир, бисов ва андар ҳамёне ниҳода, [28] андар дег биовез, мисли аввалӣ биҷӯшон ва сипас ба кор бибар.
Як сикангубини дигар, ки савдоро коҳиш диҳад

Ангубин, ё шакар ва сиркоро гирифта, мисли аввалӣ биҷӯшонанд. Сипас аз афитимун ба қадри дилхоҳ ва низ баспояву харбақи сиёҳро гирифта, бисов, андар ҳамёне бигир ва андар дег овехта, мисли аввалӣ биҷӯшон.
Сохтани сиркои унсулӣ

Унсули сафеди поккардаро бигиранд, бо корди чӯбин
пора кунанд ва бар риштае чунон ҳамоил кунанд, ки пораҳо ба якдигар нарасанд ва ё онҳоро сӯрох карда, андар ришта ба тавре гузаронанд, ки яке андар паҳлуи дигар наояд ва сипас чиҳил рӯз андар соя онҳоро бихушконанд. Баъд, аз онҳо як ман бигир, бар вай ҳаждаҳ ратл
сиркои хуб бирез, шаст рӯз андар офтоб бинеҳ ва сари
ҷогаҳро нек бипӯш. Сипас, унсулро аз он берун ор, бифишор ва бо порае полида, аз он пок кун. Гурӯҳе аз мардумон ба ҳар як ман унсул ҳафту ним ратл сирко бигиранд. Бархе дигарон унсулро нахушконанд, балки онро
пок карда, айнан ба ҳамон миқдор бигиранд ва шаш моҳ

бигузоранд. Он чи ки бад-ин сифат омода созанд, бештар исҳоловар хоҳад буд.
Агар бо он мазмаза кунанд, даҳон ва вораҳоро суд бахшад ва хунравии онҳо боз истад, аз баҳри он ки ин [сирко] қабзкунанда буда, рутубати вораҳо ва дандонҳоро бикашад. Вай инчунин дандонҳои ҷунбонро мустаҳкам кунад ва даҳон ва бӯи бади онро хуш созад. Агар аз он биошоманд, нои шушро зудуда, сахт кунад (366) ва овозро равшану қавӣ созад. Низ барои касоне, ки дарди меъда доранд, барои касоне, ки таом гуворидан натавонанд, барои касоне, ки саръ доранд, аз барои суддаҳо, аз барои касоне, ки зардаи сиёҳ бар эшон ғолиб омада бошад, барои сустақлону ошуфтаақлон ва низ аз барои касоне, ки ихтиноқи заҳдон, ё испурчи сахт ва ё қавин доранд, созгор бувад. Тани сусту лоғарро қавӣ созад, ранги танро беҳ кунад, биноиро тезӣ бахшад ва аз тангии нафас судманд бувад. Агар онро ба ҳангоми гӯшдард аз тариқи рехтан андар гӯш ба кор баранд, агар андаруни гӯш ягон реше набошад, он [дардро] таскин бидиҳад.
Агар ҳар рӯз бар ношито аз он биошоманд ва [миқдори онро] ба тадриҷ то ба якуним уқия бирасонанд, аз барои ҳамаи он чи ки ёд кардам, созгор хоҳад буд.
Сикангубини унсулии шикаморанда

Ин аз барои душвории пешоб, дарди ҳар ду паҳлу ва меъда, бад аз худ шудани ғизо ва оруғи туруш судманд аст.
Таркиби он: аз дилаи пиёзи унсул ду ратл, аз занҷабил як уқия, аз мурч ду уқия, аз тухми газари даштӣ ним уқия, аз тухми бодиён ва анисун як уқиягӣ, аз тухми карафс ду уқия, аз нонхоҳ ним уқия, аз зираи кирмонӣ як уқия, аз бехи ангудон ва оқарқирҳо як уқиягӣ, аз шукуфаи зуфо як уқия, аз пудина ва наъно як уқиягӣ, аз кошим ним уқия, аз қардамоно ду дирам, аз судоб шаш уқия ва аз содаи ҳиндӣ ним уқия гирифта, ба таври дурушт бикӯбанд, андар шаш қист сиркои унсулӣ, ду қист ангубини кафк баргирифта ва як қист мусаллас тар карда, андар зарфи покизае ҳафт рӯз нигоҳ доранд. Сипас биполанд, биҷӯшонанд ва андар ҷогаҳи обгинагӣ бардошта, ба кор баранд. Онро пеш аз таом ва баъд аз он биошоманд.
Чӣ гуна сохтани гулоб

Як ман шакарро бигиранд, бар вай чаҳор уқия об рехта, бо оташи нарм биҷӯшонанд. Сипас бар он ду уқия оби гул рехта, аз оташ фуруд оранд, биполанд ва ба кор баранд.
[Бархе аз пизишкон бад-ин пеш аз ҷӯшондан ду бахш ангубин, як бахш табарзад ва як бахш набот афзуда, бо оташи нарм биҷӯшонанд].150 Чӣ гуна сохтани оби ангубин ва [оби] шакар

Ин аз барои бемориҳои сард ва дарди ҷигару сина судманд аст.
Сохтани он: аз ангубин як бахш ва аз об ду бахш гирифта, бо оташи нарм биҷӯшонанд, кафкашро бигиранд ва сипас то сеяк боқӣ мондан биҷӯшонанд. Баъд онро аз оташ фуруд оранд ва биполанд. Оби шакар низ ҳамчунин бувад. Ҳар гоҳ агар мо онро гармиоварандаю қавӣ сохтан бихоҳем, баъд аз бардоштани кафк андар он мастако, заъфарон ва дигар дегафзорҳое аз қабили дорчинӣ, хуланҷон ва ғайра биафканем.

пешина
аз 1215
навбатӣ