Қонуни тиб

Як нусхаи дигари оби ангубин
Ин аз таб, афрӯхтагӣ, бисёрии ташнагии меъда ва аз сурфаи ба сабаби гармӣ падидомада суд дорад ва шавсаро [низ] нофеъ аст.
Таркиби он: аз гули сурхи поккарда чаҳор ратл гирифта, андар зарфи обгинагие бикун, бар вай даҳ ратл оби гарм бирез, сари ҷогаҳро нек бибанд ва як шабу як рӯз бигузор. Сипас онро берун ор, нек бифишор, бипол ва бар вай даҳ ратл шакар рехта, бар оташи кунӣ, то ситабр шудан биҷӯшон. Баъд, онро полида, ба кор бибар.
Гулоби оби гул
Шакари табарзади совидаро гирифта, паймона кунанд ва ба ҳар як паймона аз шакар се паймона оби равшани гули хубгавҳар рехта, бар оташи кунд то сеяк боқӣ мондан биҷӯшонанд ва кафкашро бигиранд. Ҳар кӣ бихоҳад, ки ба ҳоли ҷӯшонидан андар он заъфарон афканад, бояд баъди гирифтани кафк заъфарони носударо андар ҳамён гирифта, андар он афканад ва ҳар замон онро бифишорад, то ки [қувваташ] аз он берун ояд. Ҳар кӣ баъд аз пазондан ба он заъфарон афзудан бихоҳад, бояд баробари аз оташ фуруд овардан ва пеш аз он, ки сард бигардад, андар он заъфарони суда биомезад ва сипас андар ҷогаҳи обгинагӣ бардошта, ба кор барад.
[Сифати шароби унсул
Ин аз бадгуворишӣ, табоҳии таом андар меъда ва аз балғами ситабре, (367) ки андар меъда ва ё андар рӯдагон ҷой дорад, судманд аст ва [низ] аз табоҳии мизоҷе суд дорад, ки ба истисқои маъруф ба «суъу-л-қуня» бикашад. Аз истисқо, ярақон ва дарди испурч, аз фалаҷи бо истирхо рӯйдиҳанда, аз суддаҳо, аз табларза ва аз гусехтагии мушакҳову гардан нофеъ аст ва пешобу хуни ҳайзро битозонад. Аммо зиёни он ба асаб андак аст ва касе, ки ба таб гирифтор аст ва касе, ки андар [андомҳои] дарунии тани хеш реше дорад, бояд аз ошомидани он дурӣ ҷӯяд.
[Тариқаи] сохтани он: унсулро гирифта, чунонки медонӣ, пора кунанд, андар офтоб хушк кунанд ва аз он ба қадри як ман гирифта, бикӯбанд, бо ғарбели кушод бибезанд, андар пораи нави тунук бигиранд, андар бист қист аз шароби хуби нав [аз ангур] фишурда афкананд ва се моҳ андар он бигузоранд, то ҳал шавад. Баъд аз он шаробро равшан карда, андар ҷогаҳе бардоранд ва сари онро сахт бибанданд. Бархе аз мардум гӯянд, ки ба ҳоли тар будан [унсулро] гирифта, чун пора кардани шалғам пора кунанд, аз он ду чанди он миқдоре бигиранд, ки аз хушки он бигиранд, бар вай афшураи [ангур] бирезанд ва андар офтоб чиҳил рӯз бигузоранд, то куҳан бигардад.
Гоҳе инро ба тариқаи дигар бисозанд: бад-ин гуна, ки унсулро пора кунанд, пок кунанд ва аз он се ман гирифта, бар як ҷарраи итолиёӣ аз афшураи хуби [ангур] афкананд ва [сари зарфро] баста, шаш моҳ бигузоранд, биистад. Баъд аз он равшан карда, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд.
Сифати шаробе, ки аз оби дарё созанд
Ин аз барои таб судманд аст, аз он барои нарм сохтани шикам суд бигиранд, [низ] касеро, ки андар синааш рим ҷамъ шудааст ва касеро, ки табиаташ хушкида бошад, фоида дорад, вале касе, ки меъдааш бадҳол аст ва андар шикам ва меъдааш дамиш бошад, бояд аз [истеъмоли] он дурӣ ҷӯяд.
[Тариқаи] сохтани он: ин бар чанд тариқаи гуногун [сохта мешавад]. Бад-ин гуна ки баробари фишурдани ангур миқдори як ман оби дарёро гирифта, бар оби фишурдаи [ангур] афкананд. Бархе аз мардумон онро аз афшураи андар офтоб гузошта сохта, бо он оби дарёро биомезанд, бархе дигар бад-ин гуна бисозанд, ки ангурро гирифта, мавиз зананд, сипас ин мавизро гирифта, андар хавоб (чалак) бо оби дарё тар кунанд, сипас он мавизи таркардаро бо пой зер карда, афшураи онро берун оранд. Агар [ангурро] мавиз накарда, балки бигузоранд, то пажмурда шавад, низ ҷоиз аст. Ин шароб, ки аз синфи бо оби дарё сохташуда аст, мумкин аст [шароби] ширин ва бархе аз он мумкин аст дорои як миқдор гирандагӣ бошад, вале аз ҳамаи он бемориҳое, ки мо пеш аз ин баршумурдем, суд дорад].151 Шароби биҳӣ, яъне майбиҳӣ
Ин меъдаро қавӣ созад, табиатро бибандад ва аз дарди ҷигар, қай, маниши гаштан, ҳукак, [дардҳои рӯдагону гурдаҳо ва аз душвории пешоб]152 суд бахшад.
Таркиби он: аз афшураи биҳии туруш сиҳ ратл ва аз шароби хушбӯи куҳан бисту панҷ ратл гирифта, бо оташи нарм то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас, кафкашро гирифта, биполанд ва бигузоранд, то равшан шавад. Баъд, дубора андар дег рехта, бар вай даҳ ратл ангубини софи кафк баргирифта биафкананд ва бо оташи нарм ҷӯш диҳанд. Сипас, аз занҷабил ва мастако ду дирамӣ, аз қоқулаҳои хурду бузург, дорчинӣ ва ҳил чаҳор дирамӣ, аз мехак се дирам ва аз заъфарони носуда чаҳор дирам гирифта, ба таври дурушт бикӯбанд, андар пораи катонӣ бигиранд ва андар дег биафкананд ва ҳар замон онро бифишоранд. Инҳоро то сахт шудан биҷӯшон ва сипас аз болои оташ фуруд ор ва бипол. Баъд, ним дирам мушкро гирифта, андар шароби куҳан биомез ва андар он биафкан, нек омехта кун ва [андар ҷогаҳе] бардошта, то вақти ба кор бурдан нигоҳ дор. Агар бихоҳӣ, ки бе дегафзорҳо онро бисозӣ, онро бо афшураи биҳӣ ва ангубин ва ба ҳамон паймонае, ки расм аст, бисоз.
(368) Майбиҳии дигар
Афшураи биҳии майхушро гирифта, то ба ним расидан, чунонки тавсиф шуд, биҷӯшон. Сипас, аз он ду ратл,
аз афшураи себи кӯҳии майхуш, ки онро то ним расидан ҷӯшонида, пок карда бошанд, як ратл, аз шароби куҳани хуб як ратл, аз ангубини хуб ва ё шакар як ратл гирифта, бо оташи нарм то ситабр шудан биҷӯшонанд ва
кафкашро бигиранд. Баъд, аз уди хом ду дирам, аз мастако, сукк ва заъфарони мӯякӣ як дирамӣ, аз басбоса якуним дирам, аз сунбул, мехак, гавзи бӯё, ҳил, қоқула, дорчинӣ ва занҷабил ним дирамӣ ва аз мушк ду донг бигиранд ва ғайри мушку сукк ҳамаро реза кунанд, андар
пораи катонӣ гирифта, андар деге, ки афшура андар он
аст, биандозанд. Мушку суккро ҷудогона совида, бо ша роб биомезанд ва сипас бо [дигар] доруҳо омехта, ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор