Қонуни тиб

[Сифати шаробе, ки «идрумолӣ»153 ном дорад
Судмандиҳои ин мисли он судмандиҳоест, ки пеш аз ин ёд шуданд ва қувваташ низ ҳамчунин бувад.
[Тариқаи] сохтани он: аз ангубине, ки андар он биҳӣ афканда бошанд, ба қадри як ҷарра гирифта, бо ду ҷарра аз об биомезанд, сипас андар офтоб ба ҳангоми оғози гармидиҳии он бигузоранд.
Сифати шаробе, ки «малумолӣ»154 ном дорад ва он «ангубини бо биҳӣ» бувад
Аз дарди меъда ва сардии он ва аз нотавонии ҷигар ва рӯдагон суд дорад, иштиҳо оварад ва меъдаву ҷигарро қувват бахшад.
[Тариқаи] сохтани он: биҳиро гирифта, андаруни онро пок ва беруни онро пӯст боз кунанд, онро андар намакоб як муддати андак тар карда, сипас берун оранд ва андар ангубин афкананд. Ҷогаҳро аз он ба қадре пур кунанд, ки дигар чизе андар он ғунҷидан натавонад ва даҳони ҷогаҳро баста, як сол бигузоранд, то хубу хушбӯй бигардад. Бархе аз мардумон андар он заъфарон, бӯйафзорҳо, мушк ва ғайри он биафкананд].155 Хандиқун156
Ин аз барои сардии меъда, камии гувориш, нотавонии ҷигар, ки аз сардӣ бошад, таби чаҳоррӯзӣ ва пирони балғамогин созгор аст.
Таркиби он: аз шароби куҳан панҷ ратл, аз ангубини равшан якуним ратл, аз занҷабил панҷ дирам, аз қоқула ва ҳил ним дирамӣ, аз мехак як донг, аз дорчинӣ якуним донг, аз заъфарон як донг ва аз мурчи сиёҳ ва мушк якуним донгӣ гирифта, доруҳоро ба ғайр аз мушку заъфарон дурушт бикӯбанд ва бо заъфарон андар пораи катонӣ кунанд ва то ситабр шудан биҷӯшонанд. Пеш аз он ки аз оташ фуруд орӣ, ба он мушк биафкан ва сипас аз оташ фуруд оварда, андар ҷогаҳе бардор [ва ба кор бар].157 Хандиқуни дигар
Аз сунбул, мехак, қоқула ва уди хом ду мисқолӣ, аз заъфарон як мисқол, аз дорчинӣ, занҷабил ва мурч се мисқолӣ, аз сукк ним мисқол ва аз мушк чаҳоряк мисқол бигиранд, ҳамаи доруҳоро ба ғайр аз мушк ва сукк дурушт бикӯбанд, андар порае аз катон бибанданд ва бар онҳо дувоздаҳ ратл шароби райҳонии куҳан рехта, ду шабу ду рӯз бигузоранд. Сипас, онҳоро ба дег андозанд, аз болояшон се ратл ангубини равшан ва ду ратл шакари табарзад афканда, то ба қивом омадан биҷӯшонанд. Баъд, аз оташ фуруд оранд, [29] бар вай мушку сукк биафкананд ва бибардоранд.
Шароби Салмавайҳ
Ин меъдаро қавӣ созад, иштиҳо оварад ва хафақонро бибарад.
Таркиби он: як ратл пӯсти турунҷ, як уқия марвхуш, ду мисқол мехак ва як мисқол уди хомро гирифта, реза кунанд, бар онҳо панҷ ратл шароб бирезанд ва се шабу
се рӯз бигузоранд. Сипас бар вай се ратл шакари сафеди табарзад, як мисқол мастако, ним дирам заъфарон ва ду донг сукки хуб афзуда, бо оташи нарм то расидан биҷӯшонанд. Баъд, онро равшан кун, андар ҷогаҳе бигир ва чун гулоб ба кор бибар.
Шароби мӯрддона
Ин аз нотавонии меъда ва аз ҳалшавии ба ифрот суд бахшида, ҳайзро бибандад, (369) андомҳои даруниро қавӣ созад, [сайлони рутубатҳоро ба сӯи меъдаву рӯдагон қатъ кунад ва аз барои решҳое, ки андаруни тан ориз бигарданд ва сайлони рутубатҳои раҳм созгор аст].158 Таркиби он: аз афшураи ҷӯшонида ва равшанкардаи мӯрддона даҳ даврақ ва аз ангубини равшан як даврақ гирифта, ба ҳам биомезанд, то ситабр шудан биҷӯшонанд ва ба кор баранд. [Бархе аз мардум афшураро гирифта, то сеяк боқӣ мондан биҷӯшонанд, сипас бар он ангубин афканда, дубора то ба қивом омадан биҷӯшонанд.
Бархе дигар аз эшон мӯрддонаро гирифта, офтоб диҳанд, хушк кунанд, сипас бикӯбанд ва ба андозаи як микёли сунуфус аз онро бо се қутулӣ об ва се қутулӣ шароби куҳан биомезанд. Сипас онро фишурда, афшураи онро бигиранд, бар вай як миқдор ангубин афканда, як ҷӯши сабук бидиҳанд].159 Рубби мӮрд
Афшураи мӯрдро танҳо то ситабр шудан биҷӯшонанд ва ба кор баранд.
Сифати шароби барги мӮрд
Ин аз решҳои тари андар сар оризшаванда ва сабӯсаи он, аз табишҳо, аз истирхои вораҳо, аз омоси гӯштҳои буни ком ва [омоси] гӯшҳо, ки аз онҳо рим ояд, суд дорад ва арақ карданро қатъ кунад.
[Тариқаи] сохтани он: сарҳои барги мурди сиёҳ, барг ва донаи онро гирифта, бикӯбанд, аз он даҳ ман гирифта, бар вай се қулла аз афшураи ангур афкананд, то сеяки он рафтан ва ду севвуми он боқӣ мондан биҷӯшонанд, сипас равшан карда, бар вай як миқдор ангубин афкананд ва як ҷӯши сабук дода, андар ҷогаҳи покиза бардоранд ва ба кор баранд].160 Шароби пудинаи бӯстонӣ
Ин аз барои гардондан, маниши гаштан, маҳмезаи қай, ҳукак ва шикамрав судманд аст.
Таркиби он: анори ширин ва турушро бо дилаашон бикӯбанд ва [оби онро] то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас аз он ду ратл, аз афшураи пудинаи бӯстонӣ як ратл, аз ангубин ва ё аз шакар як ратл гирифта, то ситабр шудан биҷӯшонанд ва биполанд.
Шароби амруд
Ин аз барои шикамрав суд дорад ва меъдаро қувват бахшад.
Сифати он: амруди нопухтаро гирифта, то нарм шудан биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас оби онро дубора андар дег карда, то ситабр шудан биҷӯшонанд ва ба кор баранд. [Ин суди фаровон дорад].161

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор