Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Сифати шароби уксумалӣ

Ин аз оби дарё, оби борон ва ангубин [иборат] аст, шикамро сахт афшонад ва онро қувваи бурандагӣ аз қувваи [бурандагии] оби хуш қавитар аст.
[Тариқаи] сохтани он: аз ангубин, оби борон ва оби дарё бахшҳои баробар гирифта, равшан кунанд, андар ҷогаҳи сафолин гирифта, ба ҳангоми тулӯъи ситорае, ки «Калб» ном дорад, андар офтоб ниҳанд. Бархе аз мардум оби дарёро биҷӯшонанд ва ду бахш аз он ва як бахш аз ангубин гирифта, [андар ҷогаҳе] бардоранд].162

ши нарм то ситабр шудан биҷӯшонанд. Агар онро ширин кардан бихоҳӣ, бар вай ба қадри дилхоҳ шакар афканда, биҷӯшон, бипол ва ба кор бибар.
Шароби турунҷ

Ин лазиз буда, меъдаро қувват бахшад.
Таркиби он: аз пӯсти турунҷи хушбӯй як ратл гирифта, бо якуним қист об то сеяки он боқӣ мондан биҷӯшон, бипол. Сипас бар вай ангубин афканда, бо оташи нарм то ситабр шудан биҷӯшон ва ҳамчун гулоб ба кор бибар.

Шароби себ

Ин аз заъфи меъда ва хафақони дил, ки аз сабаби гармӣ бошад, суд дорад, қаи заҳравӣ ва ташнагиро бартараф кунад.
Таркиби он:163 себи кӯҳии майхушро гирифта, бикӯбанд, бифишоранд ва [оби онро] то ним шудан ҷӯшонида, биполанд ва як шаб нигоҳ доранд. Сипас онро андар дег карда, бар оташи нарм то ситабр шудан биҷӯшонанд, биполанд ва андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд. Агар тобистон бошад, онро андар офтоб як чанд рӯз бигузоранд, то бахши обии он биравад, он гоҳ гирифта, нигоҳ доранд ва ба кор баранд. Агар онро ширин кардан бихоҳӣ, бар як ман аз афшура як ратл шакар афканда, биҷӯшон ва ба кор бибар.
Шароби ғӯраи ангур

Ин аз гармии меъда, ҳал шудани заҳра, ранҷҳои гармӣ ва заҳрҳо суд дорад, ташнагиро шиканад ва меъдаи занони обистанро ба андозае қавӣ созад, ки хилтҳои бад напазирад.
Таркиби он: афшураи ғӯраи ангурро гирифта, то ним мондан биҷӯшонанд, биполанд ва як шаб бигузоранд. Сипас, онро ба дег бирезанд, аз болояш ду дирам мехак биафкананд, то бӯи нохуши онро бибарад. Баъд, ҷӯшонида, ситабр кунанд, биполанд ва ба кор баранд. Агар онро ширин кардан бихоҳӣ, (370) [нахуст] онро бар оташи нарм то ба ҳадди равонии афшура ситабр шудан биҷӯшон, баъд бар вай шакар биафкан, ситабр соз ва ба кор бибар.
[Нусхаи] дигар аз шароби ғӯраи ангур бо ангубин

Ин шароб гирандаи сардиоваранда буда, аз истирхои меъда ва исҳоли дерина суд дорад ва онро баъд аз як сол ба кор баранд.
[Тариқаи] сохтани он: аз ғӯраи ангуре, ки ҳанӯз сиёҳ нашуда бошад, гирифта, се рӯз офтоб диҳанд, сипас бифишоранд, аз афшураи он се бахш бигиранд ва бар вай як бахш ангубини хуби кафк баргирифта афканда, андар ҷогаҳи сафолин бардоранд ва то як сол андар офтоб бигузоранд, сипас ба кор баранд].164 Шароби меваҳо

Ин меъда ва андомҳои даруниро қувват бахшад, қай ва ҳалшавии заҳраи зардро боз дорад ва занони обистанро ҳангоми ба қай кардан гирифтор шудан суд бахшад.
Таркиби он: аз оби биҳӣ, себ, амруд, анори майхуш, тутум ва дӯлона ба миқдори баробар бигиранд, бо ота

Шароби хашхош

Бояд сад дона хашхоши миёнаҳаҷмро пеш аз хушкидан андар бутта бигиранд, вагарна беафшура хоҳанд буд ва низ набояд чандоне норасида бошанд, ки аз онҳо ҷуз оби тунук чизе фишурда нашавад. Низ набояд аз ҷойҳои пасту канорҳои обҳо буда, афшурааш тунуку фазлаҳояш бисёр бошад. Сипас бар вай, агар ёфт шавад, даҳ қист оби борон, ки камганданда аст, бирезанд, вагарна оби чашма афканда, як шабу як рӯз то нарм шудан андар он тар кунанд. Агар нарм нашавад, беш аз ин нигоҳ доранд. Сипас онро то аз ҳам рехтан нарм биҷӯшонанд ва баъд онро фишурда, [афшураи онро] бо ним паймона ширинӣ қивом диҳанд. Агар онро барои пок кардану латиф сохтани сина [аз фазлаҳо] месохта бошанд, ба он ангубин ва рубби ангур ҳамроҳ кунанд ва ин суди фарогир дорад.
Нусхаи дигари шароби хашхош

Ин аз барои касоне, ки моддаҳо аз [танашон] фуруд оянд, суд дорад ва андар касони ба такрор хунпартоянда хунпартоиро боз дорад.
Таркиби он: аз хашхоши поккарда дусад дона ва аз оби борон понздаҳ ратл гирифта, се рӯз андар он [об] хашхошро тар кунанд. Сипас онро ба ҳадде биҷӯшонанд, ки ними об биравад ва хашхошро фишурда, барандозанд. Обро нек биполанд, аз он чаҳоруним ратл паймона карда, аз ангубин ва [сулофа]165 (шароби холис) якуним ратлӣ бигиранд ва ҳамаро то ба қивом омадан биҷӯшонанд. Сипас, аз ақоқиё, заъфарон, мурр, гулнор ва афшураи шинг як дирамӣ [гирифта, кӯфтаниҳоро] бикӯбанд ва ҳамаро бо он нек биомезанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд.
Як нусхаи шароби дигар

Ин аз сурфа ва шавса судманд буда, меъдаро қавӣ кунад.
Таркиби он: аз оби анори ширин чаҳор ратл, аз оби себи шомӣ як ратл ва аз оби найшакари табарзад ва ё пониз як ратл гирифта, онҳоро то қивом ёфтан биҷӯшонанд ва ба кор бибаранд.
Шароби шаҳд аз рӯи гуфтаи Ҷолинус

Инро ҳамчун чизҳои сардиоваранда биошоманд, зеро
агар онро бо оби сард биомезанд, андар тобистон ташнагиро бибарад. Низ касонеро суд дорад, ки андар тани
эшон хилтҳои хоми гувориданашаванда ҷамъ шуда ва хусусан туруш гардида бошанд. Агар ин шаробро бо ҳар
гуна оби ёфтшуда бисозанд, на чун шароби ангубин бо оби борон, андар ин ҳол мумкин аст каси чи бисёр ва чи кам ошомандаи он аз он ранҷур бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ