Қонуни тиб

Сифати он: ангубини хубро аз шаҳд ҷудо карда, андар потилаи дорои оби софи хуши чашма бирезанд ва то рафтани бахши обии он биҷӯшонанд. (371) Сипас онро бардошта, нигоҳ доранд ва [ба ҳангоми ҳоҷат] ба кор баранд.
Як шароби шаҳди дигаре низ аз ӯ
Бар як бахш аз ангубин ду бахш оби куҳани борон бирезанд ва андар офтоб бигузоранд. Бархеҳо бар он оби чашма рехта, то сеяк мондан биҷӯшонанд ва гирифта, нигоҳ доранд.
Шароби афсинтин
Ин аз афтидагии иштиҳо ва нотавонии меъда судманд аст.
Таркиби он: аз шароби куҳан чаҳор қист ва аз ангубини кафк баргирифта ду қист гирифта, бар онҳо чаҳор дирам мастако, ду дирамӣ гӯргиё, содаи ҳиндӣ, сунбул, гули сурхи хушк ва сабри сақутарӣ, чаҳор дирам қуст, ҳафт дирам гиёҳи афсинтини румӣ, ду дирам ғориқун ва як дирам заъфарон биафзоянд. Ҳамаи ин доруҳоро ба шакли дурушт бикӯбанд, андар пораи катоние бибанданд, андар шароб тар карда, ҳафт рӯз андар офтоби тобистон [нигоҳ доранд], ин пораро ҳар рӯз якчанд бор бифишоранд ва сипас ба кор бибаранд. Як ошомиданӣ аз ин як уқия ва бар ношито бувад. [Ин шароб аз истисқо суд дорад ва мо инро санҷидаем].166 [Нусхаи дигаре аз шароби афсинтин
Меъдаро қувват бахшад, пешобро битозонад, аз бемориҳои ҷигару гурда, аз ярақон, аз дер ҳазм шудани таом, аз сустии иштиҳои таом, аз барои касе, ки меъдааш дард дорад, аз барои касе, ки андар зери сари устухонҳои паҳлуяш азҳамкашидагии музмин аст, аз дамишу морҳои шикам ва аз баста шудани хуни ҳайз суд дорад. [Низ] аз ошомидани шаробе судманд аст, ки «уксиё» ном дорад ва аз он миқдори бисёр ошомида, сипас қай карда бошанд.
[Тариқаи] сохтани он: инро ба тарзҳои гуногун омода кунанд. Аз ҷумла бархе аз мардум бар чиҳилу ҳашт қист аз афшураи ангур як ратл афсинтин афканда, онро то ба сеяк расидан биҷӯшонанд. Сипас, бар вай навад қист афшураи ангур ва ним ратл афсинтин афканда, нарм омезиш диҳанд, андар ҷогаҳҳо бардоранд ва ҳамин ки аз кафк пок шуд, онро бисанҷанд. Бархе аз мардум бар ҳамон миқдор аз афшураи ангур як ман афсинтин афканда, се моҳ бигузоранд. Бархе аз мардум як ман афсинтин гирифта, бикӯбанд, андар пораи сабуке кунанд, сипас айнан андар он миқдор аз афшура афканда, ду моҳ бигузоранд. Бархе аз мардум аз афсинтин се ё чаҳор уқия ва аз сунбул, дорчинӣ, наи бӯё, шукуфаи гӯргиё ва кабар як уқиягӣ гирифта, ин доруҳоро ба таври дурушт бикӯбанд, сипас онҳоро андаруни як паймона аз афшура афканда, сари ҷогаҳро сахт бибанданд ва ду моҳ бигузоранд. Сипас онро полида, бар ҷогаҳҳо бирезанд. Бархе аз мардум аз афшура як паймона, аз ғотиқо чаҳордаҳ мисқол ва аз афсинтин чиҳил мисқол гирифта, андар пораи катонӣ бибанданд ва андар [афшура] биафкананд. Сипас, баъди чиҳил рӯз онро полида, андар чогаҳҳои дигар бирезанд. Бархе аз мардум андар бист қист аз афшураи ангур як ратл афсинтин
ва ду уқия аз сақизи набатӣ, ки он самғи хушки санавбар
аст, афканда, баъд аз бисту чаҳор рӯз онро полида, [андар
ҷогаҳҳо] бардоранд. Бархе аз пизишкон мувофиқи мушоҳада [аз ин миқдор ё] бештар ва ё камтар [бигиранд].167
Шароби афсинтине, ки аз мураккаботи
мост
Мо инро санҷидаем ва ин беш аз аввалӣ судбахш аст.
Таркиби он: аз афсинтини румӣ сад дирам гирифта, андар се ман об ба мани хурд то чаҳоряки он боқӣ мондан биҷӯшонанд ва инро бо оташи бисёр нарм иҷро кунанд. Сипас онро фишурда, биполанд. Баъд, биҳиро гирифта, андар хамир, чунонки медонӣ, бирён кунанд, онро бифишоранд ва аз афшураи он ба қадри сеяки он об, аз ангубин ба қадри чаҳоряки он ва аз шароб ба қадри ними он бигиранд ва ҳамаро ҷӯшонида, қивом бидиҳанд.
Як шаробе, ки аз ташнагӣ судбахш аст168
Аз оби анори (372) туруш як ратл, аз оби дилаи турунҷ ним ратл, аз оби олу як ратл ва аз оби хурмои ҳиндӣ як ратл гирифта, бо оташи нарм то ситабр шудан биҷӯшонанд. Аз ин бо барфоб ва ё оби сард биошоманд.
Шароби меваҳо
Ин аз қае судбахш аст, ки аз заҳраи сафровӣ падид омада бошад, касони гарммизоҷро иштиҳои таом оварад ва меъдаро қавӣ созад.
Таркиби он: биҳӣ, себ, дилаи турунҷ, амруд, анор ва ғӯраи ангурро гирифта, аз ҳамаи инҳо обашонро бикашанд ва андар он [об] миқдоре аз тутум, дӯлона, самари кунор, мӯрддона ва зиришкро тар карда, як шабу як рӯз бигузоранд. Сипас онро фишурда, биполанд ва бар вай ангубин афканда, то ба қивом омадан биҷӯшонанд ва он гоҳ ба кор баранд.
Шароби олу
Ин аз ташнагӣ судманд аст, табиатро бикушояд [ва хилти сафровӣ ва хуниро ба исҳол оварад].169 Таркиби он: аз олуи ширин ба қадри лозимӣ бигиранд, аз дона пок кунанд, андар деги сангини покиза афкананд, бар вай ба андозае об бирезанд, ки онро паноҳ кунад ва то ҳал шудан биҷӯшонанд. Сипас, онро биполанд, дубора бар оташ ниҳанд ва бар вай ба қадри ҳоҷат шакари табарзад рехта, то сахт шудан ва ба қивоми ангубин расидан биҷӯшонанд.
Шароби Димуқротис170
Ин [шароб Димуқротисро] андар рӯзгори зиндагияш аз тамоми бемориҳо нигоҳ доштааст. [30] Вай аз заъфи меъда ва испурч ва аз табаҳмизоҷӣ судманд аст.
Таркиби он: аз бехи савсани осмонгунӣ, тухми бодиён ва мурчи сафед як дирамӣ, аз салиха чаҳор дирам ва аз мурр ва тухми афсинтин ду дирамӣ гирифта, бикӯбанд, андар ҷогаҳи обгинагӣ бигиранд ва бар вай ба қадре шароби сафед бирезанд, ки онро паноҳ кунад ва чаҳор ангушт бар шавад. Сипас сари онро устувор бибанданд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд. Андар бархе аз нусхаҳо як даврақ ангубин [низ] омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор