Қонуни тиб

Шароби ангур
Ин аз дарди гулӯ ва омосе, ки андар он падид ояд ва аз решҳои андар меъда рӯйдиҳанда судманд аст.
Таркиби он: шаш ратл сулофаи171 (шароби холис) ангурии тунди қабзкунандаро гирифта, то ба сеяк расидан биҷӯшонанд. Сипас бар вай аз ангубин як ратл, аз тутум, бехи ширинбаён, мозу, гулнор, шукуфаи гӯргиё ва шукуфаи гул як истор, аз заъфарон ду дирам ва аз мурр ва замчи яманӣ як дирамӣ афканда, ҳамаро биҷӯшонанд, биполанд ва биошоманд.
Расотун172
Инро андар зимистон барои пирон ба кор баранд.
Таркиби он: аз афшураи ангури хубгавҳар даҳ даврақ, ки як даврақ чаҳору ним ратл бошад, бигиранд ва бо оташи нарм то [ба тамом] гирифтани кафки он биҷӯшонанд. Сипас бар вай ба нисбати ба ҳар чаҳор ратл як ратлӣ ангубини хуби сахт биафкананд ва бо оташи нарм ба ҳадде биҷӯшонанд, ки кафкашро низ бигиранд ва ними он биравад. Баъд, аз ҳил, қоқула, қирфа, мехак ва дорфилфил як дирамӣ гирифта, ба таври латиф бисованд, андар пораи тунуки катонӣ бигиранд ва бо он баъд аз гирифтани кафк бар ҷӯшонида афкананд. Ҳар гоҳ ҷӯшонидан тамомӣ ёбад ва дастро андар он даровардан мумкин бигардад, он пораро андаруни он сахт бифишоранд ва сипас берунаш оранд. Баъд, андар он се дирам заъфарон афканда, [шаробро] андар шишаҳо бардоранд ва сари онҳоро устувор бибанданд. Агар он тунук бошад, андар офтоб бигузоранд ва баъд аз он истеъмол кунанд. Ҳар қадар ки куҳан бигардад, ҳамон қадар хуб хоҳад буд.
Шароби афсинтин
Ин меъдаро қавӣ кунад, суддаҳо бикушояд ва сафроро ба исҳол бибарад.
Таркиби он: аз гул ҳашт дирам, аз ағориқун чаҳор дирам, аз сабр ду дирам, аз мастако, тухми карафс, гӯргиё ва анисун як дирамӣ, аз пудинаи бӯстонӣ се дирам, аз пудина якуним дирам, (373) аз заъфарон ду дирам, аз ҳар ду бех ду дирамӣ, аз афсинтин се дирам, аз бехи ширинбаён се дирам, аз ҳошо як чанди он ва аз сунбул, асорун ва сода як дирамӣ гирифта, [ҳамаи] инҳоро бо ҳашт ратл шароб то ним шудан биҷӯшонанд, биполанд ва бо якуним ратл ангубин баста бигардонанд.
Рубби себ, биҳӣ, анор ва ғайра
Ҳамаи инҳо мисли шаробҳоянд, вале [фарқ ин аст, ки] худи афшураи онҳоро бидуни ягон ширинии дигаре ба нармӣ қивом диҳанд.
Шароби кадар,173 ки аз таркиботи мост
Аз рубби кадар ду бахш бигиранд ва агар ёфт нашавад, худи кадарро гирифта, арра кунанд ва сабӯсаи онро ва ё бикӯбанд ва кӯфтаи онро гирифта, бо ним бахши он аз сандал андар сиркои тақтиршуда ва андар ғӯраоби холис як чанд рӯз тар кунанд. Сипас, андар он ба нармӣ ва муддати дароз то нарм шудан биҷӯшонанд ва баъд аз он фишурда, оби [онро] бигиранд. Сирко ва ё оби ғӯраи он ҳар қадар бештар бошад, ҳамон қадар хубтар хоҳад буд.
Сипас, оби дӯғи шири хобрафтаеро бигиранд, ки панири онро ё аз тариқи ба ғоят полидан ва ё аз тариқи ҷӯшонидан ҷудо карда бошанд, чунонки оби панирро барои ҷудо шудани фазлаи обияш ҳамин гуна биҷӯшонанд. Баъд, орди ҷавро бигиранд ва аз он ва аз оби дӯғ фуққоъ созанд ва он фуққоъро бигузоранд туруш шавад. Сипас онро равшан карда, дигар бор аз он ва аз орди ҷав фуққоъ созанд ва бигузоранд, туруш шавад. Ин корро ҳар қадар бештар такрор кунанд, ҳамон қадар хуб аст.
Пас, аз он панҷ бахш, аз оби амруди чинӣ, оби биҳии туруши сероб, оби анори туруш, оби себи туруши сероб, оби дӯлона, оби лиму, оби олуи туруш, оби шукуфаи фишурдаи хурмо, оби кундушаи табаристонӣ, оби тути шомие, ки тамом напухта бошад, оби зардолуи хоми туруш, афшураи ғӯра, афшураи чукурӣ, афшураи панҷаҳои ток, афшураи гули форсӣ, афшураи нилуфар ва афшураи бунафша сеяки як бахшӣ, аз афшураи дилаи турунҷ ва афшураи дилаи норинҷ ду сеяки як бахшӣ, аз афшураи кашниз, коҳу, барги хашхоши сабз, коснӣ ва хурфа чаҳоряки як бахшӣ, аз афшураи барги бед, барги себ, барги амруд, барги дӯлона, барги гул ва барги садпайванд чаҳоряки як бахшӣ, аз афшураи шинг, гули хушк, нилуфари хушк, афшураи зиришки хушк, аз тухми коснӣ, тухми коҳу ва гулнор ними даҳяки як бахшӣ, аз афшураи пудинаи бӯстонии тар шашяки як бахш ва аз афшураи зиришки тар ним бахш гирифта, доруҳо ва афшураҳоро ба ҳам ҷамъ кунанд ва бар оташ ниҳанд. Сипас, андар он аз наск чаҳор бахш, аз ҷави муқашшар ду бахш, аз тутум се бахш ва аз донаи анор се бахш афканда, ҳамаро бар оташ то ба ним расидан биҷӯшонанд. Баъд, бигузоранд сард шавад. Он гоҳ ба таври қавӣ фишурда, [обашро гиранд] ва биполанд.
Сипас, ба ҳар сесад дирами он як мисқол кофур гирифта, бисованд. Онро андар буни каду ва ё хум бипошанд, аз болояш доруро ба оҳистагӣ бирезанд, сари онро бо ягон чизи қавӣ бибанданд ва баъд аз он бар оташи лахча ба ҳадде биниҳанд, ки аз қариб ҷӯшидани он пай баранд, сипас онро бардоранд, ҷунбонда, омехта созанд ва бар бастӯ бирезанд, сарашро сахт бибанданд, то бӯи кофур парида наравад. Як ошомиданӣ аз ин то даҳ дирам бувад.
Бархе одамон андар он ба қадри салоҳдиди хеш як бахшӣ сунбул, занҷабил, тухми бодиён, анисун, мурч ва мушки замин ҳамроҳ кунанд.
(374) Як нусхаи фуққоъ аз мо
Ин судманд буда, боҳро зиёда кунад.
[Таркиби он]: аз мурч, занҷабил, сунбул ва гавзи бӯё панҷ дирамӣ, аз рими совидаи оҳан даҳ дирам, аз тухми гандано понздаҳ дирам ва аз тухми таратезак, тухми шалғам, тухми газна ва хардал чаҳор дирамӣ, аз «забони гунҷишк», анордонаи даштӣ, ҳаббу-з-залам ва мағзи сақиздона се дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва чунонки медонӣ, андар ҳамёне биниҳанд, андар дӯғи ба миқдори даҳ ба як гирифта афкананд ва андар он биҷӯшонанд. Сипас ин дӯғро ба қадри нимгӣ бо фуққоъи нон биомезанд ва аз он фуққоъ созанд.
Шароби афсинтине, ки аз мост
Аз афсинтин сад воҳиди вазнӣ, аз шароб сесад вазн ва аз афшураи биҳӣ сесад воҳид гирифта, [афсинтинро] андар онҳо се рӯз тар кунанд. Сипас бар вай сад [воҳиди вазнӣ] ангубин афзуда, бар оташ онҳоро қивом диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор