Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як дору аз мо175

Ин аз барои реши обгаҳ ва реши маҷрои нара созгор буда, онро андар сӯрохии нара бо обдуздак бифиристанд.
Таркиби он: аз арзизи сӯхта ва рубби тухми харбуза панҷ дирамӣ, аз табошир ду дирам, аз самғи арабӣ, тухми хашхош ва шохи сӯхтаи гавазн се дирамӣ, аз афюн ним дирам, аз банг ду донг ва аз мурр як дирам гирифта, ҳамаро нарм бисованд. Аз он бо оби коснӣ чизе мисли шиёфи чашм омода созанд. Инро андар шир, ё равғани мағзи донаи харбуза ҳал карда, бо қосотир ба кор баранд.
Нусхаи дигари шароби ғӯраи ангур176

Қувваи ин шароб қабзкунанда буда, он қувватдиҳандаи меъда аст ва аз барои касе суд дорад, ки таом ӯро ба душворӣ гуворида гардад. Ин аз барои меъдаи ба истирхо гирифтор, зани сарторик ва касе судманд аст, ки ӯро қулинҷи бо номи «иловус» маъруф бошад ва маънои он «Парвардигор, меҳрубонӣ кун» буда, ба сабаби душвор будани он [чунин гуфтаанд. Низ] гуфтаанд, ки ин шароб аз бемориҳои вабоӣ суд дорад. Ин шароб эҳтиёҷ бад-он дорад, ки солҳои дароз куҳан гардонда шавад ва агар чунин накунанд, ошомиданӣ нахоҳад буд.
[Тариқаи] сохтани он: ангурро пеш аз хуб пухтанаш ба ҳоли туршӣ гирифта, хӯшаҳои онро се-чаҳор рӯз бигузоранд, то пажмурда шавад, сипас фишурда, андар хумҳо афкананд, офтоб диҳанд ва баъд, чунонки ёд шуд, ба кор баранд.
Андар баёни шаробҳои кӯҳан ва судмандиҳои онҳо

Ман бо ин «шароб» гуфтан қаҳваро дар назар дорам.
Ин ҳар чанд ба зоҳири ҳис сода аст, вале ба ҳақиқат нофаҳмост, бинобар он мо онро андар Қарободин ёд кардем. Андозаи ошомидан мувофиқи синни ошоманда, ба ҳасби фаслҳои сол, одат, мизоҷи ошоманда ва қувваҳои тани ӯ гуногун аст. Бояд ошомидани шароб аз болои ташнагӣ набошад ва на ҳамроҳи таом ошомида шавад, балки хӯрдани таом ба замон пештар буда, ду соат аз он бигзарад, сипас шароб биошоманд, зеро ҳар кӣ шаробро аз болои таом биошомад ва ё таомро аз болои шароб бихӯрад, ин зиёнкортарини чизҳо буда, бемориҳои бад ба ҷой гузорад, ки камтарини онҳо гар мебошад.
Аммо мастӣ андар ҳамаи ҳолатҳо зиёнкор аст ва хусусан агар ба сурати доимӣ бошад, зеро ин асабҳоро суст кунад. Бинобар он агар пайваста ошомида шавад, нотавонӣ ва сустӣ оварад, инчунин сабаби бемориҳои тез ва [низ] сабаби марги ногаҳонӣ бигардад. Беҳтарини чизҳо он бошад, ки инсон аз шароб ба андозаи муътадил бигирад ва бояд, ки баъд аз шароб оби сард ва ё оби анор биошомад. Ин дар суратест, ки агар ошоманда ҷавон бошад, зеро [оби сард ва оби анор] хусусан ба ҳангоми тобистон ҳамлаи шаробро фурӯ нишонад ва шиддати онро бишканад. Аммо пиронро бошад, набояд [шароб ошоманд], зеро ин асабҳо ва ҳоссаҳоро зиён дорад, магар ин ки [шароби] хуштаъм бошад. Аз [шароб] бояд ҳар касе, ки андомҳои дарунияш бемору нотавонанд, дурӣ ҷӯяд ва беҳтар он аст, ки касони тандуруст аз он андак ва омехта [бо об] биошоманд.
Аммо шароби нав аз барои душвории гувориш судманд буда, пешобро битозонад ва [каси ошомида] хобҳои бад бинад. Шароби миёни наву куҳан [андар таъсир] миёни онҳост, бинобар ин ба ҳангоми тандурустӣ ва беморӣ

ошомидани кадом [беҳтар] аст, онро бояд ихтиёр кард.
Шароби сафеди тунук осонгувор ва андар тан зудгузар буда, аз барои меъда судманд аст. Аммо шароби сиёҳ ситабри душворгувор аст. Хулоса, миёнаи ин ду миёнаҳол мебошад. Шароби ширин беш аз ҳама душворгувор аст.
Дигар ин, ки шароби сафед гуногунмизоҷ буда, ширини он чун матбух меъдаро бидамонад ва шикаму рӯдагонро бибандад. Шароби райҳонӣ таом бигуворад, обгаҳу гурдаҳоро суд бахшад, пешобу хуни ҳайз битозонад, шикамро ором кунад ва бибандад ва таровишро қатъ кунад.
Шароби нармтаъсир барои асаб камтар зиён дорад, пешобро битозонад ва (375) шикамро ба таври муътадил нарм кунад. Аммо шаробе, ки андар он гач бидарояд, асаб ва обгаҳро зиён дорад, сардард оварад ва ба ҳалокат дучор кунад. Он барои касоне, ки хун мепартоянд, бад аст. Шаробе, ки андар [таркиби] он зифт ва ротиёнаҷ бидароянд, гармиоваранда буда, таом бигуворад ва барои касоне, ки хун партоянд, созгор нест. Аммо шаробе, ки андар [таркиби] он ушна бидарояд, сахт ва зуд масткунанда177 бувад. Ҳамчунин, агар андар шароб шухи гӯш гудохта шавад, аз ин он [шароб] мастӣ оварад. Шаробе, ки андар он рубби биҳӣ омехта бошанд, зиёни он камтар аст.
Ҳама гуна шароб агар холис буда, бо он чизе омехта накарда бошанд ва андар он андаке гирандагӣ бошад, ин гуна [шароб] гармӣ оварад, андар тан зуд гузарад, меъдаро қувват бахшад, иштиҳои таомро қавӣ ва хобро зиёд кунад, ҷасадро нерӯманд гардонад ва рангро хуб кунад. Агар аз он ба андозаи муносиб биошоманд, аз ошомидани фурбиюн суд бахшад ва ҳамчунин аз ошомидани доруҳои сарди кушандаи мисли шавкарон, афюн, саморуғ ва ғайри он судманд аст. Шароби муътадил аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкоре фоида дорад, ки заҳрҳои сарди онҳо кушанда бувад ва низ аз сӯзиши зери сари устухонҳои паҳлу, аз истирхои меъда ва нотавонии он суд дорад. [Инчунин аз] рутубатҳое, ки ба сӯи рӯдагон ва шикам сайлон кунанд ва аз барои касоне, ки суст арақ кунанд, хусусан [навъи] куҳан ва хушбӯи он судманд аст. Шароби куҳани ширин аз бемориҳои обгаҳ ва гурда судманд аст ва агар [порае аз] пашми ношустаро андар ин [шароб] тар карда, бар хуроҷҳо ва омосҳо бигузоранд, онҳоро суд бахшад. Шаробе, ки аз ангури сиёҳтоки даштӣ созанд, гиранда буда, касонеро суд дорад, ки фазлаҳо ба сӯи меъда ва рӯдагонашон сайлон кунанд ва [низ аз] дигар иллатҳое [нофеъ аст], ки эҳтиёҷ ба қабз кардан, ҷамъ кардан ва қатъ кардани моддаҳои ҷоришаванда доранд.
Шароби ангубинӣ

Ин аз таби доманадор суд дорад, шикамро нарм кунад, пешобро битозонад, меъдаро нафъ кунад, аз барои касоне, ки дарди пайвандгоҳҳо ва дарди гурда доранд, агарчи сарашон беқувват бошад ва аз истисқое, ки занонро рӯй диҳад, [судманд аст. Ин шароб] ғизо бахшад, иштиҳо оварад ва пиронро сахт судманд бошад.
Сифати он: аз афшураи шароб[шудаи] дорои қабзкунандагии [ангур] панҷ кӯза гирифта, бар он аз ангубин як кӯза ва аз намак ба миқдори як қавосус178 афкананд ва андар ҷогаҳи кушод бигиранд, то барои ҷунбишу ҷӯшиши он маҷол бошад. Намакро андар он андак-андак афкананд. Ҳар гоҳ аз ҷӯшидан бозмонад, онро андар хавобҳо (чалакҳо) ва ё кӯзаҳои сафолин бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ