Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нусхаи дигар аз шароби ангубин

Беҳтаринаш онест, ки аз шароби куҳани қавии қабзкунанда ва ангубини хуби навъи олӣ сохта шавад. Ин назар ба дигар [шарбоҳо] камтар дамиш оварад, зудтар фуруд равад, агар куҳан бигардад, бештар ғизо бахшад ва агар [ба куҳнагию навӣ] миёна бошад, шикамро нарм кунад ва пешобро битозонад. Аз болои таом ва ё ношито ошомидани он зиён дорад. Ҳар гоҳ онро биошоманд, нахуст иштиҳои таомро бибарад, сипас баъд аз муддате иштиҳо биангезад.
Сифати он: аз шароб ду ҷарра (кӯза) гирифта, бо он як ҷарра ангубин омезанд. Бархе аз мардум шаробро бо ангубин биҷӯшонанд, то зуд бирасад ва сипас бардоранд. Бархе дигар шаш қист аз афшураи [ангурро] биҷӯшонанд, бо он як қист ангубин биомезанд, сипас бигузоранд, сард шавад ва ширин боқӣ бимонад.
Молиқиротун,179 ки он оби ангубин бувад

Қуввати ин чун қуввати ангубин бувад. Агар ноҷӯшонида бошад, бо он касеро муолаҷа кунанд, ки шикам равон кардан ва қай овардан бихоҳад. Аз он бо равған ба иллати қай оварданаш касе шифо ёбад, ки доруи кушанда ошомида бошад. Аммо ҷӯшонидаи онро аз барои ҳалшавии қувват, нотавонии тан, сурфа ва омоси шуш бидиҳанд. Онеро, ки биҷӯшонанд ва муддати дароз нигоҳ доранд, бархе аз мардум «идрумолӣ», яъне «шароби ангубин» номанд. Агар ин шароб [ба муддати нигоҳдорӣ] миёни куҳан ва нав бошад, қувваташ андар қавӣ сохтани тан мисли қуввати шароби камқувват аст. Ин ҳам аз омосҳо суд дорад, касонеро нафъ кунад, ки дарди меъда доранд ва аз он каси қувваташ суст шуда суди намоён бигирад.
Таркиби он: аз ангубин як бахш ва аз оби куҳнашудаи борон ду бахш гирифта, ба ҳам биомезанд ва андар офтоб гузоранд. Бархе аз мардум аз оби чашма гирифта, бо ангубин биомезанд (376) ва то боқӣ мондани ду севвуми он биҷӯшонанд, сипас бардоранд. Бархе аз мардум онро аз шаҳд ва об сохта, бибардоранд. Онро бо об бояд ба андозаи андаке омезиш дод.
Шароби ҷинҷак ва дӯлона

Ҳамаи ин шаробҳо аз барои меъда гирандаи сирдиоварандаанд ва моддаҳои ба сӯи меъда ва рӯдагон сайлонкунандаро қатъ кунанд.
Тарзи сохтани он: мисли сохтани шароби амруд бувад.
Шароби шукуфаи токи даштӣ

Ин аз заъфи меъда, камии иштиҳои таом, исҳоли дерина ва реши рӯдагон судманд аст.
Таркиби он: аз шукуфаи токи даштӣ, ки хушк карда бошанд, ду ман гирифта, бар вай як бахш аз афшураи ангур афканда, сиҳ рӯз бигузоранд, андар он биистад, сипас биҷӯшонанд ва бардоранд.
Шароби анор

Ин аз сайлони фазлаҳо ба сӯи меъда ва рӯдагон ва аз
табҳои дарозмуддат суд дорад, меъдаи гармро нафъ ра

сонад, шикам бибандад ва пешоб битозонад.
[Тариқаи] сохтани он: аз аноре бигиранд, ки донаҳояш сурхи пухтагӣ ва тухмҳояш нотавон бошанд. Донаи онро кӯфта, [обашро] фишурда, бигиранд ва то ба сеяк расидан биҷӯшонанд,180 андаке аз шакар ба он афзоянд ва бардоранд.
Шароби гул

Ин аз таб ва дарди меъда суд дорад ва таом бигуворад. Агар баъд аз таом ошоманд, аз шикамрав ва дардҳои рӯдагон суд бахшад.
[Тариқаи] сохтани он: аз гули хушки кӯфтае, ки як сол аз он гузашта бошад, як ман гирифта, андар пораи катонӣ карда бибанданд ва андар ҷогаҳе биафкананд, ки андар он бист қист аз афшураи ангур ва шароби нав гирифта бошанд, сипас се моҳ онро пӯшонида ва сари онро баста нигоҳ доранд. Сипас онро равшан карда, андар ҷогаҳи дигар бирезанд ва бардоранд. Гоҳ [ин шаробро] ба тариқи дигар созанд ва он чунин бошад, ки афшураи гулро гирифта, бо ангубин биомезанд ва инро низ «идрумолӣ» номанд. Ин дуруштии гулӯро созгор аст. Гоҳе ба тариқаи дигари ғайри ин созанд, бад-ин гуна ки аз гули тари кулоҳакҳояш чидашуда ба қадри ним ман гирифта, андар се ва ё панҷ чанди он аз об як соат биҷӯшонанд, сипас полида, бори дуввум андар он ба қадри як чанди он гули тарро афкананд ва ҳамчунин биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас бори севвум андар он [гули тоза] афканда, биҷӯшонанд, биполанд ва ба он андаке аз тарангубин ва ё ангубин афканда, сипас онро қивом диҳанд. Як ошомиданӣ аз ин аз даҳ то бист дирам бувад. Ин исҳоли зиёд оварад ва рутубатҳоро ба исҳол берун оварда, меъдаро пок кунад. Ҳар қадар ки ҷӯшониданро такрор карда, [андар он] аз гул биафзоянд, исҳоловарияш ҳамон қадар зиёда гардад.
Шароби мӯрд

Ин аз барои меъда суд дошта, сайлони рутубатҳоро ба сӯи меъдаву рӯдагон қатъ кунад. Он аз барои решҳое, ки андаруни тан падид оянд ва аз барои сайлони рутубатҳо аз заҳдон созгор аст.
Шароби ротиёнаҷ

Ин шароб ҳар қадар куҳан бигардад, мазааш бештар шавад, вале он саръ оварад ва аз он садар падид ояд. Он таом бигуворад, пешоб битозонад, касонеро, ки назла ё сурфа доранд, касонеро, ки исҳоли дерина доранд, касонеро, ки реши рӯдагон доранд, касонеро, ки истисқо доранд ва касонеро, ки доим аз заҳдонашон рутубатҳо равон аст, созгор бувад. Бо ин [шароб] метавон аз барои реши рӯдагон ҳуқнарезӣ кард. Сиёҳи он андар гирандагӣ аз сафедаш қавитар бувад.
[Тариқаи] сохтани он: ротиёнаҷро бо пӯстҳои дарахти он, ки андар таркиби он мавҷуд аст, якҷоя кӯфта, андар панҷ [дирам] аз он ним қутулӣ [аз шароб] афкананд. Бархе аз мардум онро андар шароб, то аз ҷӯш мондани он бигузоранд, сипас онро аз шароб бигиранд ва берун андозанд. Бархе аз мардум онро андар шароб то куҳан гардидани он бигузоранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ