Қонуни тиб

Шароби қатрон
Ин аз сурфаи куҳан, агар таб ба ҳамроҳ надошта бошад, суд дорад. Он гармӣ ва латифӣ оварад ва аз дарди синаву устухонҳои паҳлу, аз печиши ноф, решҳои андарун, дарди рӯдагон, аз ҳис (?), дарди (377) шуш ва заҳдон судманд аст. Морҳо ва кирмҳоро аз шикам берун афшонад, табларза бибарад ва дарди гӯшҳоро, агар андар он бичаконанд, беҳ кунад.
[Тариқаи] сохтани он: қатронро гирифта, бо оби хуш бишӯянд, сипас бар ҳар як уқия аз он як ратл афшураи [ангур] афканда, то шикастани он биҷӯшонанд.
Шароби зифт
Ин гармӣ оварад, таом бигуворад, бизудояд, пок кунад, аз дардҳои сина, шикам, ҷигар, испурч ва заҳдон аз ғайри будани таб, аз исҳол, шикамрави дерина, аз решҳои андарун, аз сурфа, сустии гувориш, дамиш ва аз дамкӯтоҳӣ суд дорад.
[Тариқаи] сохтани он: аз зифти тар ва сулофаи афшураи [ангур] бигиранд, вале бояд нахуст зифтро бо оби дарё ва ё намакоб якчанд бор бишӯянд, то оби [аз он] мерехтагӣ равшан бигардад, сипас баъди он оби хуш бар вай бирезанд. Бар ҳар ҳашт кӯзақавосус181 аз афшураи [ангур] ду уқия аз зифт афкананд ва ҳар гоҳ бирасад ва аз ҷӯш монад, онро андар ҷогаҳҳои [дигар] бигиранд.
Шароби зуфо
Ин аз бемориҳое, ки андар сина, ҳар ду бар ва шуш падид оянд, аз сурфаи куҳан ва аз дамкӯтоҳӣ суд дорад ва пешобро битозонад. [Инчунин] аз печиши ноф ва аз табларза судманд буда, хуни ҳайзро сахт битозонад.
[Тариқаи] сохтани он: инро чунон созанд, ки шароби афсинтинро бисозанд. Бояд бар ҳар як ҷарра182 аз сулофаи афшураи [ангур] як ратл аз барги кӯфтаи зуфо афкананд. [Барги зуфоро] андар пораи катонии тунук баста, як сангро ҳамроҳи он гиреҳ кунанд, то он ба зери зарф фурӯ рафта, нишинад ва қувваи зуфо ба афшура бигузарад. Сипас, баъд аз чиҳил рӯз онро бичашанд ва андар ҷогаҳҳо бардоранд.
Шароби камодариюс
[Тариқаи] сохтани он: мисли тариқаи сохтани шароби зуфост. Ин гармкунанда ва таҳлиловар буда, аз ташаннуҷ, аз ярақон, аз дамиши заҳдон, аз сустии гувориш ва аз истисқо суд дорад. Ҳар қадар ки куҳан бигардад, ҳамон қадар беҳтар бувад.
Шароби ҳошо
Ин аз бадгуворӣ ва камиштиҳоӣ судманд буда, асабро, агар ҳаракати бетартиб кунад, манфаат дорад. Аз дардҳое, ки андар зери сари устухонҳои паҳлу падид оянд, аз фарошое, ки ба ҳангоми зимистон рӯй диҳад, аз заҳрҳо ва [газидани] ҷунбандагони зиёнкор, ки танро сардӣ оварда, афсурда созад, суд дорад.
[Тариқаи] сохтани он: ҳошоро кӯфта ва бехта, аз он сад мисқол бигиранд ва андар порае гиреҳ карда, андар як ҷарра аз афшураи ангур афкананд.
Шароби бӯйафзорҳо
Ин аз дарди сина, ҳар ду бар ва шуш, аз бастагии шикам, табларза ва хуни ҳайз суд дорад, мусофиронро ба ҳангоми барф ва сармо ва касеро, ки кимуси ситабр дорад, нофеъ аст, рангро сафо бахшад, хоб оварад, дардҳоро ором кунад ва дарди обгаҳу гурдаҳоро беҳ кунад.
[Тариқаи] сохтани он: аз наи бӯё шаш мисқол, аз салиха ҳашт мисқол, аз асорун чаҳор мисқол, ба ҳасби нусхаи дигар аз сунбул шаш мисқол ва аз уд ҳафт мисқол гирифта, ҳамаро бикӯбанд ва андар пораи катонӣ баста, андар як микёл (паймона) аз сулофаи афшураи ангур афкананд. Ҳар гоҳ бӯи доруҳоро ба худ бигирад ва ҷӯшишаш боз истад, онро ба ҷогаҳи дигар полида [бигиранд].
Шароби росан
Сина ва шушро суд дорад ва пешобро битозонад.
[Тариқаи] сохтани он: аз бехи росани хушк панҷоҳ мисқол гирифта, андар порае кунанд ва андар шаш микёл (паймона) аз афшураи ангур биафкананд. Сипас, баъд аз се моҳ полида, ба кор баранд.
Шароби асорун
Ин пешоб битозонад, аз истисқо, ярақон, бемории ҷигар, дарди сурин ва дарди шушу меъда сахт судманд аст.
[Тариқаи] сохтани он: аз асорун ду мисқол гирифта, бар вай дувоздаҳ қутулӣ аз афшураи ангур афкананд ва бо он чунон кунанд, ки бо аввалӣ карданд.
(378) Шароби сунбули даштӣ
Аз бемориҳои ҷигар, ба душворӣ омадани пешоб, бемориҳои меъда ва дамиш суд дорад.
[Тариқаи] сохтани он: бехи сунбули навро гирифта,
бисованд, бибезанд ва ҳашт мисқол аз онро андар миқдори як кӯза аз афшураи ангур афканда, ду моҳ бигузоранд.
Сипас полида, андар ҷогаҳҳо бардоранд ва ба кор баранд.
Шароби газари даштӣ
Аз дарди сина, ҳар ду бар ва заҳдон судманд аст, ҳайзу пешоб битозонад, оруғ ангезад, сурфа ва тангии рӯдагонро беҳ кунад.
[Тариқаи] сохтани он: аз бехи газари даштӣ шаст мисқол гирифта, ба таври дурушт бикӯбанд ва андар як ҷарра аз афшураи ангур афканда, ба қадре бигузоранд, биистад, ки шароби аз ин пеш бударо гузоштанд. Сипас бичашанд ва андар ҷогаҳи дигар гирифта, ба кор баранд.
Шароби говшир
Аз фатқ ва порашавии рӯдагон, аз латхӯрдагии мушакҳо ва душвории нафас суд дорад, пешобро битозонад, ситабрии кимуси испурчро ба таҳлил бибарад, аз печиши рӯдагон, дарди пайвандгоҳҳо ва хоммонии ғизо судманд аст, ҳайз ангезад, бачаро берун орад, аз шиками зардобгирифта (ҳабан) ва аз газидагии чаҳорпоёни палид суд дорад.
[Тариқаи] сохтани он: аз бехи говшир даҳ мисқол гирифта, бар як микёл аз афшураи ангур афкананд ва бигузоранд, мисли шароби сунбули даштӣ биистад. Сипас бичашанд ва андар ҷогаҳи дигар бардошта, ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор