Қонуни тиб

Шароби карафс
Он иштиҳои таом бикушояд, меъда ва каси гирифтори ба душворӣ омадани пешобро суд бахшад ва ҳамаи фазлаҳои танро ба таҳлил бибарад.
[Тариқаи] сохтани он: аз тухми тоза чида, совида ва бехтаи карафс ҳафтод мисқол гирифта, андар пораи катон баста, андар як қулла аз афшураи ангур афкананд ва мисли [шароби] пеш аз он буда бигузоранд, биистад. Сипас андар ҷогаҳи [дигар] бардошта, ба кор баранд.
Шароби мозариюн
Ин касонеро суд дорад, ки ба истисқо ва дарди ҷигар гирифторанд ва занонеро судманд аст, ки ҳангоми дарди заҳ қай кунанд.
[Тариқаи] сохтани он: инро ҳангоми нав рӯидан гирифта, шохаҳояшро бо баргҳо реза карда, хушк кунанд ва бикӯбанд, сипас аз ин дувоздаҳ мисқол гирифта, андар як микёл аз афшураи ангур афкананд ва ду моҳ бигузоранд, биистад. Сипас полида, андар ҷогаҳе бардоранд ва ба кор баранд.
Шароби маҳмуда
Он шиками дардмандро шифо бахшад, заҳраи зардро ва балғамро низ ба тариқи аразӣ ба исҳол орад.
[Тариқаи] сохтани он: аз бехи маҳмуда, ки ҳангоми дарав канда бошанд, понздаҳ мисқол гирифта, бисованд ва андар пораи катон баста, андар навад ҷом аз афшураи ангур афкананд ва то рӯзи ҳаштум бигузоранд, биистад. Сипас бардоранд ва ба кор баранд.
Мақолаи ҳафтум
АНДАР БАЁНИ ПАРВАРДАҲО183 ВА АНБАҶҲО184
Сифати гулангубин
Ин аз барои таб ва дарди меъда судманд аст.
Таркиби он: гули сурхи кулоҳакҳо баркандаро пора кунанд ва аз риштаҳои сафеди сахт онро пок сохта, бар болои матои покизае паҳн кунанд, то рутубаташ хушк шавад. Сипас онро андар тосе афканда, молиш диҳанд, то нарм шавад ва бар он аз ангубини кафк баргирифта қадре бирезанд, ки ба таври нарм маъҷун бигардад. Баъд онро андар зарфи обгинагӣ ва ё чинӣ гирифта, чиҳил рӯз андар офтоб бигузоранд ва саҳару бегоҳ онро ҳаракат диҳанд. Агар боз ба ангубин эҳтиёҷ афтад, бад-он ангубин биафзоянд. Сипас, баъд аз шаш моҳ онро бардоранд ва ба кор баранд.
[Бунафшаи парварда]
Бо бунафша низ чунин кунанд. Агар гулангубин ва ё бунафшаи [парварда]-ро бо шакар сохтанӣ бошанд, шакарро бо миқдоре аз оби хуш то ба андозаи мисли ангубин гардидан бигудозанд ва сипас бо ин чунин кор кунанд, ки бо гулангубин кунанд.
[31] Турунҷи парварда
Аз барои заъфи меъда созгор аст ва таомро бигуворад.
Таркиби он: турунҷҳои тозаро гирифта, ҳар кадомро ба дарозо чаҳор пора кунанд, дилаи туруши онро пок кунанд, андар тағораи сафолин афкананд ва бо оби хуши (379) соф ва намаки нимкӯфта ҳафт рӯз тар кунанд, то сахт шаванд. Сипас, ҳафт рӯзи дигар бе намак, балки бо об тар кунанд, то рангаш дигар шуда, беруни он мисли дарунаш сафед гардад ва обро бичашанд, ки то шӯр набошад. Баъд, аз ангубини хуб як бахш ва аз об ду бахш, яъне ба қадри турунҷро паноҳ кардан бигиранд, андар дег андозанд ва бо оташи нарм ду соат биҷӯшо
нанд. Сипас, [турунҷро] аз обу ангубин баргиранд. Рӯзи дигар ангубинро гирифта, биҷӯшонанд, кафкашро бигиранд, андар он турунҷро андохта, як сар биҷӯшонанд.
Баъд, турунҷро гирифта, дубора андар тағора кунанд, бар вай доруҳои зеринро бипошанд: барои ҳар як аз ду ман турунҷ аз заъфарон, ҳил ва қоқула як мисқолӣ, аз мехак ва дорчинӣ ним мисқолӣ, аз мушк якуним донг гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд ва ба ду бари турунҷ пошида, онро андар ҷогаҳе афкананд ва аз болояш ангубин рехта, ба кор бибаранд.
Нусхаи дигар
Турунҷҳои ба таври миёна расидаи сатҳаш ҳамвор ва
дарозрӯяро гирифта, ба дарозо бибуранд, ҳар як турунҷро чаҳор пора кунанд ва андар тағораи сафолини нав тар
кунанд.Ин корро андар конуну-л-аввал ба ҳангоми ба
[бурҷи] Ҷаддӣ расидани офтоб бикунанд. Аз ҳама хубаш
он аст, ки андар соли бисёр хунук сохта бошанд, зеро об
ҳар қадар бар вай ях бибандад, турунҷ ҳамон қадар сахттару устувортар бигардад. Сипас турунҷро баъди бо намаки нимкӯфта молиш додан ҳар рӯзе ду бор бишӯянд,
пок кунанд ва боз ба оби сард андозанд. То се ҳафта чунин кунанд. Баъд, онро аз об бигиранд, биполанд, соате
бар табақ гузоранд ва сипас агар чизе аз он гандида бошад, бо корд пок кунанд ва дубора ба оби хуш афканда,
саҳару бегоҳӣ ба нармӣ бишӯянд. Чун аз ин чиҳил рӯз
бигзарад, онро аз об берун оранд ва аз тамоми гандидагӣ
ва хӯрдашудагӣ пок карда, як шабу як рӯз бигузоранд, то
намияш биравад. Баъд, рӯзи дигар онро андар деги даҳонкушод ва ё андар потилаи покиза афканда, аз болояш
ба қадре об бирезанд, ки онро паноҳ кунад ва ба андозаи
сеяки вазни турунҷ шакари кӯфта пошида, бо оташи нарм
биҷӯшонанд ва бо чӯбча омезиш диҳанд. Сипас турунҷро аз он берун оранд, покизаву тоза кунанд ва бар табақе
рехта, ду рӯзи паёпай бигузоранд. Баъд, онро дубора андар потила афканда, аз болояш ба андозаи ним вазни он
шакар бипошанд ва аз об ба қадре бирезанд, ки онро па ноҳ кунад ва чаҳор ангушти ҷафскарда бар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор