Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас мисли аввала бо оташи нарм биҷӯшонанд. Эҳтиёт шуд, ки бар болои оташ табаҳ нашавад, зеро аз мураббоҳо пухтани ин аз ҳама душвортар аст ва бояд зеҳну ҳушат пурра бад-он бошад, ки чун аз зераш оташ афрӯхтӣ, бояд ин оташ нарми ором бошад. Сипас турунҷро берун оварда, бар табақе паҳн кунанд ва се шабу се рӯз паёпай бигузоранд, биистад. Ба рӯзи чаҳорум онро бо сари корд покиза кунанд ва дубора ба дег андохта, аз болояш ба андозаи паноҳ кардану чаҳор ангушт бар шудан ангубини покиза бирезанд, бар оташи нарм панҷ ва ё шаш соат биҷӯшонанд, то ангубин бар болои турунҷ баромада, мисли марворидҳо намудор гардад. Ангубинро то як андоза ситабр созанд ва сипас аз болои оташ фуруд оварда, сард кунанд.
Баъд, аз сунбул, мехак, дорчинӣ, занҷабил, қоқула, дорфилфил ва хирбӯво як бахшӣ бигиранд ва бояд вазни маҷмӯи онҳо ба андозаи ними даҳяки турунҷ буда, ба ҳар як мани турунҷ ду исторӣ аз онҳо рост ояд. Инҳоро дурушт бикӯбанд. Сипас [як миқдор турунҷ]-ро андар ҷогаҳи сабз бигиранд, бар вай андаке аз ин доруҳо бипошанд, аз болои он як қабат турунҷ гузошта, аз болои он дору бипошанд ва то тамом шудани ҳамаи он ҳамин тавр амал кунанд. Баъд, аз болои онҳо оби аз ангубини андар потила боқимондаро бирезанд, то онро бипӯшонад ва чаҳор ангушт бар шавад ва даҳони ҷогаҳро мустаҳкам баста, андар ҷое бигузоранд, ки на сардӣ бирасад ва на рутубат.
Бидон, ки нишонаи расидани турунҷ ин аст, ки андар тағора андар зери об нишинад.
Биҳии парварда

Ин аз барои қавӣ сохтани меъда созгор аст, табиат бибандад ва аз барои бадгуворӣ ва қае, ки ба сабаби даҳони меъда падид ояд, [суд дорад].
Таркиби он: биҳиҳои хуби бузургро гирифта, даруни онҳоро пок кунанд, пӯсташро бигиранд ва чаҳор (380) пора карда, бо обу ангубин биҷӯшонанд. Бояд об ду бахш ва ангубин як бахш бошад. Гурӯҳе инро бо шаробу ангубин биҷӯшонанд, ки ин беҳтарин тариқа бувад. Сипас онро сард созанд ва андар рӯзи дуввум танҳо бо ангубин биҷӯшонанд. Баъд, онро андар тағора паҳн кунанд, бар вай доруҳои андар [боби] турунҷ ёд шударо бипошанд ва аз болояш ангубин рехта, нигоҳ доранд.
Нусхаи дигари биҳии парварда

Ин аз заъфи меъда ва исҳол судманд аст.
Таркиби он: биҳиҳои расидаро гирифта, чаҳор пора кунанд, дарунашонро аз дона пок кунанд ва берунашонро бо рӯймоли катонӣ пок созанд, бар вай як бахш ангубин ва чаҳор бахш об, яъне ба миқдоре, ки биҳиҳоро бипӯшонад, бирезанд ва ду-се сар биҷӯшонанд. Сипас онро полида, дубора ба дег андозанд, аз болояш як бахш ангубини кафк баргирифта ва як бахш об рехта, ду-се сар ҷӯш диҳанд. Баъд, биполанд, бар табақ паҳн кунанд ва бигузоранд, то рутубати доштааш бихушкад. Сипас онро пок карда, дубора ба дег андозанд, аз болояш ба миқдоре ангубин бирезанд, ки онро бипӯшонад ва чаҳор ангушти баҳам ҷафс бар шавад, як сар биҷӯшонанд, бар вай бӯйафзорҳои андар [боби] турунҷ ёдкардаи моро бипошанд, андар бастӯи сабз бардоранд ва сари онро сахт бибанданд. Бархе аз пизишкон бар ин аз бӯйафзорҳо ба ғайри қоқула, мехак ва заъфарон дигар чиз наафкананд.

Газари парварда

Ин аз сардҷимоъӣ, сустии гурда ва дарди миён суд дорад ва боҳро ёварӣ кунад.
Таркиби он: газарҳои сахти равшанранги покизаро гирифта, ду сари онҳоро бибуранд, сипас бар онҳо ба қадри вазни онҳо пониз ва ё шакар бипошанд ва ба қадри паноҳ кардани онҳо об бирезанд ва [ҳамаи инро] бар оташи нарм то нарм шудан биҷӯшонанд. Баъд, онро аз оташ фуруд оварда, бар табақе паҳн кунанд, то хушк шавад, ҳар чи оберо, ки аз тариқи кара бастан бар онҳо падид омадааст, пок кунанд ва дубора ба дег биандозанд, бар вай аз ангубини кафк баргирифта чандоне бирезанд, ки онро бипӯшонад ва изофа ба он чаҳор ангушт бар шавад ва бо оташи нарм то ҳангоме биҷӯшонанд, ки аз ҳамаи бахшҳои он берун дамидани ангубин мушоҳада шавад. Сипас онро аз оташ фуруд оранд, андар бастӯ як қабат аз он бичинанд, як қабат аз бӯйафзорҳо бипошанд ва то охир чунин кунанд.
Ҳалилаи парварда

Ҳалилаи парвардаро андар Чин ва Ҳинд аз ҳалилаи тар бисозанд ва он чи ки аз он ҷойҳо биоваранд, ба ғоят хуб аст. Вале андар ҷойҳои мо онро ба сифати зерин бисозанд: Ҳалилаи кобулии беҳтаринро бигиранд, андар замини намноки регии хуш, на шӯр чоҳаке бикананд, андар он як қабат ҳалила биниҳанд, аз боло ва аз зери он як қабатӣ реги тар бирезанд ва аз болои онҳо об бипошанд. Баъди ду рӯз ҳалиларо бигиранд, бар вай реги дигари тозае аз ғайри аввала рехта, ду рӯзи дигар бигузоранд, то тар шавад. Ин корро даҳ рӯз давом диҳанд, то ҳалила болида, тар шавад ва бидамад, он гоҳ онро бо оби хуш се-чаҳор бор бишӯянд. Сипас хурмо ва мушки заминро гирифта, бо оби бисёр биҷӯшон ва ҳалиларо бар он оби ҷӯшонида афканда, бар оташи нарм андак-андак ҷӯш бидеҳ ва ҳар гоҳ ки бипазад, онро пок шуста, тоза кун. Баъд, ангубин бигир ва онро ҷӯшонида, кафкашро бардор ва бипаз. Сипас бӯйафзорҳоеро, ки андар боби турунҷи парварда ёд кардам, бигир, андар пораи катонии покизаи тунук бибанд, андаруни дег биовез ва ҳар соате онро бифишор, то қувваи бӯйафзорҳо бо ҳалила берун ояд. Ҳар гоҳ [ҳалила] пухт, онро андар тағораи чинӣ бирез, ду-се рӯз бигузор, то ҳалила қувваи бӯйафзорҳоро ба худ бигирад ва сипас онро андар ҷогаҳи обгинагӣ бигир, аз болояш ангубини кафк баргирифта бирез, аз болои он мушк, заъфарон ва ба қадри салоҳдиди хеш андаке анбар бипош, даҳони ҷогаҳро бибанд ва [ба ҳангоми ҳоҷат] ба кор бибар. Ин ҳар қадар куҳан бигардад, ҳамон қадар хуб хоҳад буд.
Нусхаи дигаре аз ҳалилаи парварда

Аз ҳалилаҳои кобулии бузургҳаҷм сад дона гирифта, андар об тар кунанд ва панҷ рӯз андар офтоб биниҳанд.
Сипас онҳоро аз об берун оварда, [32] панҷ рӯз андар саргини тар бигӯронанд (381) ва ҳар рӯз бар вай об бирезанд. Баъд, онҳоро берун гирифта, хуб бишӯянд, дубора ба саргини тар бигӯронанд ва ин корро се бор такрор кунанд. Сипас, онҳоро берун оварда, хуб шуста, пок кунанд ва бо сиҳ дирамӣ аз гуринҷ, кашк ва хурмо андар миқдоре аз об, ки онҳоро паноҳ кунад, бо оташи нарм то рафтани об биҷӯшонанд. Баъд, онҳоро гирифта, бо по раи катонӣ пок кунанд, бо сӯзан бишикофанд, бар онҳо ба қадри паноҳ кардану чаҳор ангушт бар шудан, ангубини найшакар бирезанд, то ситабр шудан биҷӯшонанд ва [баъд аз он] ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ