Қонуни тиб

Як намуди дигаре аз он
Сад дона ҳалилаи кобулии хубро гирифта, нек бишӯянд, як шаб бигузоранд, то андаке хушк шавад, сипас бар вай ба қадри паноҳ кардану чаҳор ангушт бар шудан, об ва ё кашкоби ҷав рехта, бо оташи нарм то рафтани об биҷӯшонанд. Сипас, онро андар танӯр ниҳода, рӯзи дигар бигиранд, бар табақе паҳн кунанд, бо порае покиза кунанд, бо сӯзан бишикофанд ва бар вай майпухта рехта, то нарм шудан биҷӯшонанд. Баъд, онро аз оташ фуруд оранд, бар вай бӯйафзорҳо бипошанд, [андар ҷогаҳе] бардоранд ва ба кор бибаранд.
Олуи парварда
Агар тар бошад, онро баъд аз дона ҷудо кардан нахуст бо ангубин ва об, сипас бо ангубини танҳо биҷӯшонанд ва бар вай ба тариқае бӯйафзорҳоро афкананд, ки пеш аз ин ёд кардем. Вале агар хушк бошад, андар об се рӯз тар кунанд ва сипас биҷӯшонанд.
Шалғами парварда
Шалғами хубро гирифта, ба қадри хурдию бузургии он аз чаҳор то шаш порагӣ кунанд ва пӯсти берунаашро бигиранд. Нахуст чаҳор рӯз андар обу намак, сипас се рӯз андар оби гарм тар кунанд, баъд бо обу ангубин ва сипас бо ангубин ҷӯшонида, хушбӯӣ зананд.
Бодоми парварда
Шақоқули парварда
Шақоқул решаҳоест мисли занҷабил, ки онро аз Ҳинд оваранд ва аз тозаи он андар кишвари худаш парварда омода созанд, ки он бениҳоят хуб аст. Аммо он чи ки ба ҷойҳои мо созанд, ба сифати зерин аст: Нахуст онро андар оби гарм тар кунанд, то пӯсти беруни он ковок шавад. Сипас онро бо корд пӯст карда, ҳафт рӯз андар оби сард тар кунанд, ҳар рӯз обро дигар кунанд ва ин корро то ҳангоме давом диҳанд, ки даруну беруни онҳо тар шуда, нарм бигарданд. Баъд аз тар кардан, онро бо обу ангубин биҷӯшонанд ва аз об ду бахш ва аз ангубин як бахш бигиранд. Сипас онро танҳо бо ангубин гирифта, як ҷӯш бидиҳанд ва андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд. Агар ангубин аз рутубати шақоқул тунук шавад, шақоқулро аз он ангубин гирифта, андар ангубини дигари кафк баргирифта ва бо бӯйафзорҳои мо ёдкарда биниҳанд.
Занҷабили парварда
Занҷабил решаҳоест мисли зардчӯба, ки аз зери замин [бигиранд]. Аз тозаи онҳо ба Чин парвардаи бисёр хубе омода созанд. Аммо андар ҷойҳои мо бошад, онро ба шакли бо ангубин ва ё бо оби гуринҷ парварда биоваранд. Андар ҷойҳои мо [парвардаи] онро бо ангубин ва бӯйафзорҳо аз хушки он бисозанд, баъд аз он ки онро як моҳ бе намак тар карда бошанд, вале гурӯҳе дигар онро мисли ҳалила андар рег гӯр кунанд. Сипас онро биҷӯшонанд ва ба сифате омода созанд, ки андар боби ҳалила ёд кардем.
Аз миёни [бодомҳо] ширину тозаи онро бо пӯсташ ихтиёр карда, бигиранд ва аз ғайри тар кардану шикофтан биҷӯшонанд ва сипас бар онҳо бӯйафзорҳои хушбӯй биафзоянд.
Шохаҳои баласони парварда
Шохаҳои тозаи баласонро ду бор ҷӯшонида, бар онҳо ба тавре, ки ёд кардем, бӯйафзорҳо бипошанд ва аз онҳо анбаҷ бисозанд.
Омулаи парварда
Аз миёни омулаҳо омулаҳои ба ғоят хуб ва ношикастаро интихоб кунанд, ҳафт рӯз бо оби сард тар кунанд, то нарм гардида, дам кунанд ва тар шаванд. Сипас онҳоро ду бор ба наҳве, ки ёд кардем, биҷӯшонанд, бар онҳо бӯйафзорҳо бипошанд, баъд аз он бо об ду сар биҷӯшонанд, бар онҳо ангубини кафк баргирифта бирезанд ва бӯйафзорҳо пошида, ба кор баранд.
Себи парварда
Ин аз барои қай созгор аст. Себи ширини шомиро гирифта, бо ду бахш об ва як бахш ангубин биҷӯшонанд,
(382) сипас бо ангубини танҳо дубора ҷӯшонанд, андар ҷогаҳи обгинагие бигиранд, бар вай ангубини кафк баргирифта афкананд ва аз болои он бӯйафзорҳоеро бипошанд, ки андар [боби] чӣ гуна сохтани турунҷ ёд карда омад.
Мақолаи ҳаштум
АНДАР БАЁНИ ҚУРСҲО
Гуфтори мо оид ба инҳо андар ин Ҷумла мисли гуфторҳои пешин бувад.
Қурсҳои ситора
Бузургдошти инҳо ба наздики пизишкони пешин ба андозае буд, ки онҳро «қурсҳои ситораи ломардхиёно»
номиданд, яъне қурсҳои ситорае, ки зиндагиро ҳаргиз
мағлуб шудан нагузорад. Ин қурсҳо аз барои меъдаи нотавоне, ки фазлаҳои дигар андомҳоро аз тариқи рондан
бипазирад, созгоранд ва оруғи турушро бибаранд. Онҳоро чун бар пешонӣ тило кунанд, сардардро фурӯ нишонанд. Онҳо назлаҳо ва дарди дандонро суд доранд ва он ҳоро бо борзад бар дандони кирмхӯрда биниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор