Қонуни тиб

Низ аз гӯшдард, аз хунпартоӣ, хунравии ҳар гуна андом ва аз сурфаи дерина судманданд. Онҳо аз тариқи ошомидан бо оби марзангӯш аз барои табҳои даврӣ ва бо оби судоб аз барои заҳрҳои газандагон ва [заҳрҳои] ошомиданӣ суд доранд. Андар таркиби ин [қурсҳо] «ситораи замин» бидарояд. Аксари [пизишкон] инро «талқ» ва бархеҳо «гили шомус» гуфтаанд. Шояд талқ бар пурзҳои меъда олоида шуда, бар онҳо нишинад ва дар таъсир кардан ба ғайраш аз гармии модарзодӣ мутаассир нагардад. Мо таркиби онҳоро, чунонки ёд кардаанд, оварем.
Таркиби онҳо: аз мурр, гунди бедастар, сунбул, салиха, гили набишта ва пӯсти ябруҳ чаҳор дирамӣ, аз афюн, заъфарон, қуст ва «ситораи замин», ки он талқ бувад, панҷ дирамӣ, аз хашхоши сафед шаш дирам ва аз тухми газари даштӣ, анисун, сисолиюс, тухми банг, майъаи равон ва тухми карафс ҳашт дирамӣ [бигиранд]. Сақизҳоро бо шароби райҳонӣ тар кунанд, доруҳоро бикӯбанд, ҳамаро маъҷун сохта, аз онҳо қурсҳои нимдирамӣ бисозанд ва андар соя бихушконанд.
Қурсҳои гул, ки онҳоро «данид вардо»186
номанд
Ин аз барои суддаҳои ҷигар ва испурч ва аз табҳои савдовӣ ва балғамӣ суд дорад.
Таркиби онҳо: аз гул даҳ дирам, аз афшураи ширинбаён панҷ дирам ва аз сунбул, салиха, шукуфаи гӯргиё, мурр, заъфарон ва мастако ду дирамӣ гирифта, [ҳамаро] бикӯбанд ва бибезанд, вале мурру заъфаронро андар сирко тар кунанд ва [дигаронро] бо онҳо сиришта, қурсҳо созанд.
Агар бихоҳӣ, онҳоро бо ангубин маъҷун соз.
Қурсҳои гуле, ки аз таби рӯзафкан суд доранд
Аз гули сурх панҷ бахш, аз сунбул, заъфарон, мастако, анисун ва локи шохаҳо187 даҳ бахшӣ, аз афшураи алафи гулӯдард ва афсинтин ду бахшӣ ва аз шукуфаи гӯргиё ва ҳалилаи зард як бахшӣ бигиранд, [33] вале андар як нусхаи дигар гул якчанди сунбул ва мастако омадааст. Сипас инҳоро бикӯбанд ва бо оби карафс сиришта, қурсҳои ниммисқолӣ бисозанд.
Қурсҳои гул, ки аз оммаи [пизишкон] аст
Инҳо аз дарди меъда суд доранд, рутубатҳои меъдаро бизудоянд ва табҳои балғамию деринаро бибаранд.
Таркиби онҳо: аз гули сурхи кулоҳакҳо барканда бист дирам ва аз сунбули хушбӯй ва бехи ширинбаён даҳ дирамӣ бигиранд, вале бархе аз пизишкон ба ҷои бехи ширинбаён рубби онро бигиранд. Сипас ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан якҷоя кунанд, бо мусаллас қурсҳо созанд ва андар соя бихушконанд.
Қурсҳои гул бо сунбул
Инҳо аз барои дарди ҷигар судманданд.
Аз сунбул, локи шуста ва бехи ширинбаён188 чаҳор дирамӣ, аз афсинтин, киё, заъфарон, афшураи алафи гулӯдард ва рованди чинӣ се дирамӣ ва аз гул ҳафт дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо об сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои кофур
Нусхаи қурсҳои гул аз Асқлибиёдус
Ин тафсро хомӯш кунад, аз дарди меъда суд дошта, меъдаро қувват бахшад ва низ аз дамкӯтоҳӣ, гармӣ, афрӯхтагӣ, рутубат, бозгуна шудани меъда, ташнагӣ ва сӯхтагӣ [судманд аст].
Таркиби онҳо: аз гули тоза шаш мисқол, аз бехи ширинбаён чаҳор мисқол ва аз сунбули ҳиндӣ ду мисқол гирифта, бо майпухта сиришта кунанд, қурсҳои якдирамӣ созанд ва андар соя хушк кунанд.
Қурсҳои гул бо маҳмуда
Ин аз табҳо ва бастагии шикам суд дорад.
Таркиби онҳо: аз гули сурхи кулоҳакҳо барканда дувоздаҳ дирам, аз сунбули хушбӯй ва бехи ширинбаён ҳашт дирамӣ ва аз маҳмуда се дирам гирифта, ин доруҳоро баъди кӯфтану бехтан ҷамъ созанд, сиришта кунанд ва қурсҳо сохта, андар соя бихушконанд. Инро бо оби сард, гулоб ва сикангубин биошоманд.
Қурсҳои гул бо табошир
Ин аз табҳои омехтаи деринае суд дорад, ки аз балғам ва сафро ба вуҷуд омада бошанд.
Таркиби онҳо: аз гули сурхи кулоҳакҳо барчида панҷ дирам, аз сунбули хушбӯй ду дирам, аз табошир як дирам ва аз афшураи алафи гулӯдард ҳашт дирам гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан якҷоя кунанд, (383) аз онҳо қурсҳо созанд, андар соя бихушконанд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор баранд.
Ин афрӯхтагиро хомӯш кунад, тафси табҳоро таскин диҳад ва ба ҳангоми [бемориҳои] диққ ва сил судманд буда, ташнагӣ, тоса ва қаи хуниро бибарад.
Таркиби онҳо: аз табошир чаҳор дирам, аз гул ҳафт дирам, аз тухми хиёр, тухми хурфа, тухми кадуи ширин, касиро, нордин, самғ, рубби ширинбаён, уди хом ва қоқула се дирамӣ, аз заъфарон ду дирам, аз шакари табарзад ва тарангубин ҳафт дирамӣ ва аз кофур якуним дирам гирифта, бикӯбанд ва бо луоби аспғул сиришта, қурсҳо созанд.
Нусхаи дигари қурсҳои кофур
Ин аз афрӯхтагии меъдаву ҷигар, хун қай кардан, ташнагӣ ва табҳои тез судманд аст.
Таркиби онҳо: аз табошир чаҳор дирам, аз гули сурхи кулоҳакҳо барчида даҳ дирам, аз уди холиси хуб, қоқула ва рубби ширинбаён се дирамӣ, аз шакари табарзад, тарангубин ва донаи хиёрзаи муқашшар ду дирамӣ ва аз заъфарон ва кофур як дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан якҷоя кунанд ва бо луоби аспғул сиришта, қурсҳои якдирамӣ созанд, андар соя хушк кунанд ва ба кор баранд.
Нусхаи дигаре аз қурсҳои кофур
Ин аз табҳои тез суд дорад ва суддаҳои бисёр сахти ҷигарро бикушояд.
Таркиби онҳо: аз бунафшаи хушк ва нилуфар се дирамӣ, аз тухми хиёрза, [тухми] хиёр, табошир ва заъфарон ду дирамӣ, аз гул панҷ дирам, аз рованди чинӣ ва лок як дирамӣ, аз касиро, самғи арабӣ ва афшураи ширинбаён ду дирамӣ, аз кофур як мисқол, [вале андар нусхаи дигар «аз кофур ним мисқол» омадааст]189 ва аз тарангубин ва шакар даҳ дирамӣ гирифта, бисованд ва қурсҳо созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор