Қонуни тиб

Нусхаи дигар [аз қурсҳои кофур]190
Аз кофур ва уди хом ним дирамӣ, аз заъфарон ва табошир ду мисқолӣ, аз тухми хиёрза, тухми хиёр, касиро,
лок, афшураи ширинбаён ва қоқула ду дирамӣ, аз гул ҳафт
дирам ва аз шакар ва тарангубин даҳ дирамӣ гирифта, бисованд, маъҷун кунанд ва қурсҳо созанд. (384)
Қурсҳои кофуре, ки аз мост
Аз тухми коснӣ, коҳу ва хурфа ду дирамӣ, аз донаи муқашшари каду ва донаи муқашшари хиёр ду ва сеяк дирамӣ, аз рубби кадар,191 агар ёфт шавад, вагарна аз сандали мақосирӣ се дирам, аз харчанги сӯхта, заъфарон, рубби ширинбаён ва кофур як дирамӣ ва аз гул чаҳор дирам гирифта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои табошир бо тарангубин
Ин аз таби тез суд дошта, онро хомӯш кунад.
Таркиби онҳо: аз гул шаш дирам, аз тарангубин чаҳор дирам, аз нашоста се дирам ва аз самғ, касиро, табошир ва заъфарон ду дирамӣ гирифта, бо оби тарангубин ва луоби аспғул маъҷун созанд. Бархеҳо андар он аз тухми хиёр, тухми хиёрза, тухми хурфа ва тухми кадуи ширин ду дирамӣ биафзоянд. [Сипас ҳамаи] инҳоро совида ва сиришта, қурсҳо бисозанд.
Қурсҳои табошир бо тухми туруша
Ин аз барои табҳои сафровӣ, таби рӯзафкан ва хусусан агар кушодагии табиат ҷой дошта бошад, низ аз он суд дорад.
Таркиби онҳо: аз гул ҳашт дирам, аз самғ, тухми муқашшари туруша ва нашостаи андаке бирёнкарда чаҳор дирамӣ, аз табошир се дирам ва аз заъфарон ду дирам гирифта, бикӯбанд ва бо оби анори туруш ва ё бо оби ғӯраи ангур сиришта, қурсҳо созанд. Инро бо рубби ғӯраи сода ва ё бо шароби чукурӣ [ба бемор] бидиҳанд. Бархе аз мардумон андар он ду дирамӣ гили арманӣ ва афшураи зиришк ва се дирам шоҳбулути бирёнкарда биафзоянд.
Қурсҳои зиришк
Ин аз барои таби тез, омосҳои ҷигар ва ташнагӣ [суд дорад].
Таркиби онҳо: аз афшураи зиришк ва ё худи зиришк чаҳор дирам, аз тухми хиёр, мастако ва табошир ду дирамӣ, аз лок ва рованди чинӣ як дирамӣ, аз гул дувоздаҳ дирам, аз заъфарон як дирам ва аз сунбул, афшураи алафи гулӯдард, бехи ширинбаён ва тарангубин ду дирамӣ гирифта, қурсҳои якдирамӣ созанд ва бо ягон шарбати созгоре [ба бемор] бидиҳанд. Гурӯҳе андар он ду дирам афшураи афсинтин, як дирамӣ асорун, тухми карафс ва тухми бодиён ва дуним дирам рӯяни рангрезон биафзоянд.
Нусхаи дигари қурсҳои зиришк
Ин аз табҳои афрӯхта, омосҳои ҷигар ва омосҳои меъда суд дорад.
Таркиби онҳо: аз зиришк, рубби ширинбаён, гул, тухми хиёрза ва тухми харбуза, ки сафед карда, кӯфта ва бехта бошанд, се дирамӣ, аз мастако, сунбули хушбӯй ва афшураи алафи гулӯдард ду дирамӣ, аз рӯяни рангрезон, рованди чинӣ ва заъфарон як дирамӣ, аз тухми зарпечак ва тухми коснӣ се дирамӣ, аз табошир якуним дирам ва аз тарангубин шаш дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо оби тарангубин сиришта, қурсҳои якмисқолӣ бисозанд ва биошоманд.
Нусхаи дигар
Ин аз барои дардҳои бо таби ҷигар, ташнагӣ ва ярақон суд дорад.
Таркиби онҳо: аз гули тоза ҳафт дирам, аз афшураи зиришк ва тарангубин се дирамӣ, аз зарпечаки хушк ва ё тухми он яку ним дирам, [аз афшураи алафи гулӯдард як дирам, аз тухми хиёр дуним дирам],192 аз нордин ва табошир яку ним дирамӣ, аз заъфарон, лок ва рованд як дирамӣ ва аз афшураи ширинбаён дуним дирам гирифта, бикӯбанд ва бо оби тарангубин ва ё оби коснӣ маъҷун созанд.
Нусхаи дигар
Ин аз барои табҳои фурӯзон, ташнагӣ ва тоса суд дошта, [онҳоро] хомӯш кунад.(385) Таркиби онҳо: аз зиришк ва ё афшураи он, афшураи ширинбаён ва табошир се дирамӣ, аз сунбул як дирам, аз тухми хиёр севуним дирам, аз гул шашуним дирам, аз тухми хурфа, заъфарон, нашоста ва касиро ду дирамӣ ва аз кофур ним дирам гирифта, бо оби тарангубин сиришта кунанд ва қурсҳо созанд.
Нусхаи дигар
Ин аз барои таб, сурфа ва дарди ҷигар суд дорад ва ташнагиро шиканад.
Таркиби онҳо: аз зиришк дувоздаҳ дирам, аз тухми хиёрза, [тухми] хиёр, мастако ва табошир шаш дирамӣ, аз лок ва рованди чинӣ се дирамӣ, аз гул шаст дирам ва аз заъфарон, сунбул, афшураи алафи гулӯдард, афшураи ширинбаён ва тарангубин шаш дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва қурсҳо созанд.
Нусхаи дигари қурсҳои зиришк193
Аз зиришк, тухми хурфа, сунбул, афшураи ширинбаён, касиро, самғи арабӣ ва нашоста севуним дирамӣ ва аз табошир, кофур ва заъфарон як дирамӣ [гирифта], бикӯбанд ва бо об сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои зиришке, ки аз мост
Аз рубби зиришк панҷ дирам, аз афшураи алафи гулӯдард ва табошир ду дирамӣ, аз локи шуста, кундур, сунбул, афшураи афсинтин, рованди чинӣ ва «забони гов»
дуним дирамӣ, аз тухми [34] коснӣ ва тухми зарпечак се дирамӣ, аз тухми хурфа якуним дирам ва аз заъфарон як дирам гирифта, бо оби коснӣ қурсҳо созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор