Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Қурсҳои афсинтин

Аз табҳои дерина судманд, ниҳоят суддакушой, пешобтозонанда ва иштиҳоовар аст.
Таркиби онҳо: аз анисун, афсинтин, асорун, тухми карафс ва бодоми талхи муқашшар бахшҳои баробар гирифта, бо оби сард маъҷун кунанд ва қурсҳо сохта биошоманд.

Нусхаи дигар

Ин аз реши гурда ва обгаҳ ва аз чакидани пешоб суд дорад.
Таркиби онҳо: аз тухми карафс, тухми банг ва шаҳдона шаш дирамӣ, аз тухми бодиён ду дирам, аз заъфарон, тухми турушаи даштӣ, мағзи чилғӯза, афюн ва бодоми талхи муқашшар се дирамӣ, аз донаи бузурги кокана бисту панҷ дона ва аз тухми хиёрза дувоздаҳ дирам гирифта, бикӯбанд ва сиришта, қурсҳо бисозанд.

Нусхаи дигари қурсҳои афсинтин

Ин аз барои ҷигар, испурч, меъда, таби рӯзафкан ва серӯзӣ суд дорад.
Таркиби он: аз анисун ду мисқол, аз асорун, афсинтини румӣ, тухми карафс, бодоми талхи аз ҳар ду пӯст поккарда, мастако ва сунбул як мисқолӣ, аз сабри сақутарӣ ва содаи ҳиндӣ якуним мисқолӣ ва аз афшураи алафи гулӯдард як мисқол гирифта, бикӯбанд ва сиришта, қурсҳо созанд.

Қурсҳои рованд

Ин аз бемориҳои куҳан, сахтию фишурдагии ҷигар, омосҳои он, аз дардҳои испурч ва кӯфтагие, ки бар тан афтида бошад, суд дорад.
Таркиби онҳо: аз рованди чинӣ ҳашт дирам, аз рӯян ва локи поккардаи шохаҳо194 чаҳор дирамӣ ва аз тухми карафс, алафи гулӯдард ва анисун се дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидан якҷоя кунанд ва ба ҳасби қоида қурсҳо созанд.

Қурсҳои алафи гулӯдард

Ин аз табҳои куҳани фурӯзон, аз ташнагӣ, суддаҳо, омосҳои ҷигар ва испурч ва аз ярақон суд дорад.
Таркиби онҳо: аз афшураи алафи гулӯдард шаш истор, аз гули сурхи кулоҳакҳо барчида ва сунбули хушбӯй ду исторӣ, аз тарангубини поккарда шаш истор ва аз табошир чаҳор дирам гирифта, ин доруҳоро ба ҳам ҷамъ кунанд ва сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои кабар

Ин аз дардҳои испурч судбахш аст.
Таркиби онҳо: аз пӯсти бехи кабар чаҳор истор, аз уша чаҳор истор, аз зарованди дароз ду истор ва аз тухми панҷангушт ва мурчи сиёҳ шаш исторӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидан ва бехтан ҷамъ созанд, вале ушаро андар сиркои хамрӣ тар кунанд ва сипас [дигар] доруҳоро бо он якҷоя карда, қурс созанд.

Қурсҳои лок

Аз локи шохаҳо, рӯян, анисун, тухми карафс, афсинтин, асорун, бодоми талхи муқашшар, қуст, дорчинӣ, зарованди дароз ва афшураи алафи гулӯдард панҷ дирамӣ гирифта, (386) бикӯбанд ва сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои кокана

Ин аз дардҳои гурдаву обгаҳ, аз хуну рим пешоб кардан ва аз гари обгаҳ суд дорад.
Таркиби онҳо: аз тухми харбуза сиву шаш мисқол, аз афюн ҳафт мисқол, аз тухми банги сафед, тухми карафс ва тухми туруша нуҳ мисқолӣ, аз тухми шавкарон ва тухми кашниз бисту ҳашт мисқолӣ, аз тухми бодиён, чилғӯзаи бирён, заъфарон ва бодоми талх нуҳ мисқолӣ ва аз донаи коканаи кӯҳӣ ҳафтоду панҷ дона гирифта, бикӯбанд ва бо шираи бастаи ангур сиришта, қурсҳо созанд. Як ошомиданӣ аз ин аз ду то се мисқол бувад.

Қурсҳое, ки Абумулис195 тартиб додааст

Ин аз барои гармӣ, исҳол ва дарди ҷигар судманд аст.
Таркиби онҳо: аз табошир, зиришк, уд, тухми туруша, мастако, асорун ва сукк як мисқолӣ, аз самғ се мисқол ва аз гул панҷ мисқол гирифта, бо оби гул маъҷун кунанд ва қурсҳо созанд.
Нусхаи дигар: аз анисун ва тухми карафс чаҳор дирамӣ, аз асорун, бодоми талх, мастако, сунбул ва содаи ҳиндӣ чаҳор дирамӣ ва аз афшураи алафи гулӯдард ва сабр ду дирамӣ бигиранд ва сиришта, қурсҳо созанд.
Нусхаи дигар: аз бодоми талх, анисун ва афсинтин ду дирамӣ ва аз асорун як дирам [гирифта], бикӯбанд ва сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои миюн

Таркиби онҳо: аз заъфарон, афюн, мурр, тухми банг ва пӯсти бехи луффоҳ бахшҳои баробар гирифта, бо афшураи коҳу сиришта кунанд, қурсҳо созанд ва ба ҳангоми ҳоҷат онҳоро кӯфта, андар об бигудозанд ва бар гижгоҳиҳо тило кунанд.

Як қурси дигар

Аз наи бӯё ва шоҳафсар се уқиягӣ, аз қоқула якуним уқия, аз барги насрин ним уқия, аз гули сурх ним уқия ва аз мушк як мисқол гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва қурсҳо созанд.
Қурсҳои [дигар]

Инҳо аз решҳои рӯда ва аз хун афкандан аз куҷое набошад, суд дорад.
Таркиби онҳо: аз шукуфаи гул, афюн, ақоқиё ва самғ як уқиягӣ, аз мозу ним уқия ва аз филзаҳра якуним уқия гирифта, бо афшураи «харгӯш» сиришта кунанд ва қурсҳо созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ