Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Қурсҳои Андрумохус

Инҳо аз хун афкандан судманданд.
Таркиби онҳо: аз тухми банг, афюн ва бехи марҷон чаҳор дирамӣ, аз лубон ҳашт дирам, аз «ситораи замин», нашоста ва гили арманӣ (387) се дирамӣ, аз тухми хашхош ду дирам ва аз гулнор ним дирам гирифта, бикӯбанд ва сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои Андрумохус аз рӯи нусхаи дигар

Ин аз дарди меъда, бастагии шикам ва гирифтагии пешоб суд дорад.
Таркиби онҳо: аз тухми карафс шаш дирам, аз анисун се дирам, аз рованди чинӣ, мурчи сафед, шукуфаи гӯргиё, гунди бедастар, сунбул, дорчинӣ ва афюн якуним дирамӣ, аз афсинтин се дирам, аз сабри сақутарӣ, мастако ва заъфарон як дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои Ал-Киндӣ

Ин аз ҷигаре суд дорад, ки хун зодан натавонад ва [бинобар он] ҳатто иштиҳои ғизо ва шаҳвати ҷимоъ заиф шуда бошанд.
Таркиби онҳо: аз локи шохаҳо панҷ бахш, аз зиришк се бахш, аз рованди чинӣ, гули сурх ва уди ҳиндӣ як бахшӣ, аз устухудус ва решаҳои савсани осмонгунӣ ним бахшӣ ва аз заъфарон, анисун, тухми карафс, кошими румӣ ва карафси кӯҳӣ чаҳоряки як бахшӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва қурсҳо созанд.
Қурсҳои Бармакӣ

Ин зудоянда буда, аз барои [балғами] хом ва зарда ба таври қавӣ суд бахшад.
Таркиби онҳо: аз ҳалила, балила, омула ва баранг196 баъди кӯфтану бехтан як бахшӣ, аз мағзҳои турбиди сафед як чанди ҳамагон ва аз пониз низ як чанди ҳамагон гирифта, понизро андар потила афкананд, аз болояш як миқдор об бирезанд, ҳамин ки ба ҷӯш омад, фуруд оранд ва бар вай баъд аз омезиш додан доруҳоро пошида, нек биомезанд. Сипас аз инҳо қурсҳои даҳдирамӣ созанд. Як ошомиданӣ аз ин як қурс буда, бо обе биошоманд, ки аз шаб андар он кашнизи хушк тар карда, пагоҳӣ ба ҳангоми ошомидани дору онро полида бошанд. Ин [беморро] аз даҳ то бист бор тақозои берун рафтан оварад. Бояд аз болои он ба ҳангоми намози дигар тариде бихӯранд, ки аз оби нахӯд ва бо равғани зайтуни шусташуда сохта бошанд. Агар бихоҳанд, ки он балғами обгинагии часпакро берун оварад, андар он ба қадри чаҳоряк бахши ҳалила дилаи ҳанзал биафзоянд.
Қурсҳои мозариюн197

Ин аз маниши гаштан, ҳукак ва дарунрав суд дорад.
Таркиби онҳо: аз анисун, тухми карафс, пудинаи бӯстонӣ, наъно, карафси кӯҳӣ ва нонхоҳ шаш дирамӣ, аз афюн, гунди бедастар, мурчи сафед, дорфилфил, наммом, мурр ва афсинтин чаҳор дирамӣ ва аз пӯстҳои салиха дувоздаҳ дирам гирифта, бикӯбанд ва бо ангубин сиришта, қурсҳо созанд.

Қурсҳои дигари мозариюн198

Аз тухми карафс, анисун ва дорчинӣ шаш дирамӣ ва аз афсинтин чаҳор дирам, аз мурр, афюн, мурч ва [35] гунди бедастар ду дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидан ба ҳам ҷамъ кунанд, бо мусаллас қурсҳо созанд ва аз барои заъфи меъда, шикамрав ва қай ба кор баранд.

Қурсҳои рузинун199

Ин аз барои табҳои афрӯхта, омосҳои ҷигар ва табҳои мураккаби аз сафро ва балғам падидомада суд дорад.
Таркиби онҳо: аз гули сурхи кулоҳакҳо барчида шаш дирам, аз сунбули хушбӯй ва заъфарон ду дирамӣ, аз рубби ширинбаён, бехи ширинбаён, донаи муқашшари хиёрза ва тарангубини поккарда се дирамӣ ва аз самғ ва касиро як дирамӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидан, ҷамъ созанд ва бо оби хуш сиришта, қурсҳо созанд.

Қурсҳои дигари рузинун200

Аз донаи харбуза, донаи хиёр, донаи хиёрза ва донаи муқашшари кадуи ширин (388) даҳ дирамӣ, аз рубби ширинбаён шаш дирам, аз касиро чаҳор дирам, аз тухми бодиён ва гул ду дирамӣ ва аз заъфарон як дирам гирифта, бикӯбанд ва бо луоби аспғул сиришта, қурсҳо созанд.

Қурсҳои морулис201

Инҳо аз барои бемори ҳолаш рӯ ба иловус ниҳода суд дорад, дамишро бибарад ва қайро боз дорад.
Таркиби онҳо: аз тухми карафс ва анисун шаш дирамӣ, аз афсинтини румӣ чаҳор дирам, аз мастако чаҳор дирам, аз мурч ду дирам, аз мурр ду дирам, аз дорчинӣ шаш дирам, аз афюн ду дирам ва аз гунди бедастар ду дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва сиришта, қурҳсо созанд.

Қурсҳои хашхош

Ин аз барои хунравӣ, сурфа, таб ва дарди сина судманд аст.
Таркиби онҳо: аз гул ва самғи арабӣ чаҳор дирамӣ, аз нашоста ва касиро ду дирамӣ, аз хашхоши сафед ва хашхоши сиёҳ се дирамӣ, аз табошир як дирам, аз рубби ширинбаён ду дирам ва аз заъфарон ду донг гирифта, бикӯбанд, якҷоя кунанд ва қурсҳо созанд.
Қурсҳои гулнор

Инҳо аз барои касе, ки ба шикамрав гирифтор буда, аз шикамаш хуну зардоб ояд ва аз барои заҳир созгоранд.
Таркиби онҳо: аз гулнор, қирт (ганданои даштӣ), тутум, булути бирён, писти кунор ва мӯрддона ҳашт дирамӣ ва аз мозуи бирёни андар сирко сардкарда ва зираи андар сирко таркардаи бирёнкарда чаҳор дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва бо оби гул, ё бо афшураи аспғул ва ё бо афшураи себ сиришта, қурсҳои якдирамӣ созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ