Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Қурсҳои диюлиндус202

Инҳо аз барои решҳои гурда ва обгаҳ ва аз барои пешоби хунӣ ва ба душворӣ омадани пешоб суд доранд.
Таркиби онҳо: аз тухми карафс, тухми банг ва шаҳдона шаш дирамӣ, аз тухми бодиён ду дирам, аз заъфарон, чилғӯза, тухми туруша, афюн ва бодоми талхи муқашшар се дирамӣ, аз донаи коканаи кӯҳӣ бисту панҷ дона ва аз тухми муқашшари хиёрза дувоздаҳ дирам гирифта, бикӯбанд, маъҷун кунанд ва қурсҳо созанд.
Қурсҳои Андарун аз рӯи нусхаи
Асқлибиёдус203

Аз кулоҳакҳои анор даҳ дирам, аз замчи яманӣ чаҳор дирам, аз қалқадис дувоздаҳ дирам, аз касиро дувоздаҳ дирам, аз мурр чаҳор дирам, аз лубон ҳашт дирам ва аз зарованд дувоздаҳ дирам гирифта, бо оби ангубин маъҷун кунанд ва қурсҳо созанд.
Нусхаи дигар: аз зарованд ва мозуи сабз ҳашт дирамӣ гирифта, боқии доруҳо ба ҳамон тартибе бошанд, ки [андар нусхаи пешомада] ёд шуд ва низ шакарро як чанди ҳамаи доруҳо [бигиранд]. Инҳоро бикӯбанд, маъҷун кунанд ва қурсҳо созанд.
Як қурси дигар

Ин аз решҳои рӯдагон ва хунпартоии аз сина оянда суд бахшад ва ҷанинро нигоҳ дорад.
Таркиби он: аз сурма, шодана204 ва хуни сиёвушон шаш исторӣ, аз сиёҳдоварон як истор, аз лозан, сукк ва заъфарон чаҳор дирамӣ, аз гулнор ва мозу бист дирамӣ ва аз афшураи филзаҳра, шохи сӯхтаи гавазн ва ақоқиё даҳ дирамӣ гирифта, бо оби аспғул ва ё оби садпайванд маъҷун созанд ва бар се тариқа ба кор баранд: яке аз барои хунравӣ аз тариқи аз зер ҳуқнарезӣ кардан; тариқаи дигар ин, ки бар пашминае гирифта, андар шарми пеш баргиранд; ва тариқаи севвум ин, ки бо афшураи турунҷ ва оби садпайванд, барои хунпартоии аз сина оянда бо оби хурфа ва аз барои зусанториё бо рубби содаи биҳӣ [ба бемор] бидиҳанд, биошомад.
Қурсҳои анисун

Инҳо суддаҳо бикушоянд, ҷигарро созгор бошанд, табиатро нарм созанд ва табҳои куҳанро бибаранд.
Таркиби онҳо: аз анисун се дирам, аз афсинтин, асорун, тухми карафс, бодоми талхи муқашшар, (389) сунбули хушбӯй, мастако, сода ва тухми шибит як дирамӣ, аз алафи гулӯдард се дирам ва аз сабр чаҳору ним дирам гирифта, бо оби афсинтин маъҷун кунанд, қурсҳои якдирамӣ созанд ва бо сикангубин [ба бемор] бидиҳанд.

Қурсҳои тухмиҳо

Ин аз барои кушодагии табиат, решҳое, ки андар рӯдаҳо падид оянд, касоне, ки ғизо гуворидан натавонанд, печиши сахти ноф, заҳир ва хунравии думодуми занон судбахш аст.
Таркиби онҳо: аз мӯрддона ду дирам, аз тухми бодиён, анисун, нонхоҳ, тухми карафс, тухми банг ва тухми газари даштӣ як уқиягӣ ва аз афюн шаш дирам гирифта, кӯфта, безанд ва бо шароб сиришта, қурсҳои нимдирамӣ бисозанд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд.
Қурсҳое, [ки аз пизишкони пешин бувад]205

Ин аз барои оғози об206 ва сахтии ҷигар судманд аст.
Таркиби онҳо: аз гул чаҳор дирам, аз зиришк ду дирам, аз сунбул як чанди он, аз мастако, афшураи алафи гулӯдард, афсинтин, гӯргиё, асорун, анисун, тухми карафс, тухми бодиён, усқулуфундариюн, газмозу ва бехи кабар як дирамӣ, аз рованд, лок ва рубби ширинбаён яку ним дирамӣ ва аз заъфарон ним дирам гирифта, қурсҳо созанд.
Қурси гул

Ин аз барои дарди меъда ва таби балғамӣ суд дорад.
Таркиби он: аз гули хушк ду уқия, аз сунбул ва бехи ширинбаён як уқиягӣ, аз каҳрабо ва мастако ҳафт дирамӣ ва аз шохаҳои баласон панҷ дирам гирифта, бикӯбанд ва бо майпухта сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои нармсозандаи гул

Инҳоро андар тобистон ба кор баранд.
Таркиби онҳо: аз гул даҳ дирам, аз сунбул ва бехи ширинбаён панҷ дирамӣ ва аз маҳмуда се дирам гирифта, бикӯбанд ва бо оби сард сиришта, қурсҳо созанд.
Қурсҳои гул ва алафи гулӯдард

Инҳо аз барои табҳои куҳан, дарди ҷигар ва ярақон созгоранд.
Таркиби онҳо: аз гул панҷ дирам, аз сунбул ду дирам, аз табошир як дирам ва аз афшураи алафи гулӯдард ҳашт дирам гирифта, бикӯбанд, бо оби тарангубин сиришта, қурсҳо созанд ва бо бархе аз шаробҳо биошомонанд.
Қурсҳои лок

Инҳо аз барои суддаҳои ҷигар ва испурч ва аз барои таби доимӣ судманданд ва пешобро битозонанд.
Таркиби онҳо: аз лок, рӯян, анисун, тухми карафс, афсинтини румӣ, асорун, бодоми талхи муқашшар, қуст, зарованди дароз, рованд, афшураи ширинбаён ва афшураи зиришк як бахшӣ гирифта, қурсҳои якдирамӣ созанд ва бо ягон шароби созгоре [ба бемор] бидиҳанд.

Як қурси нармкунандаи табиат

Ин тосаро бибарад, тангии нафасро суд бахшад ва қайро боз дорад.
Таркиби он: аз турбид панҷ дирам, аз бунафшаи хушк даҳ дирам ва аз рубби ширинбаён дуним дирам гирифта, бо об сиришта кунанд ва қурсҳои седирамӣ ё чаҳордирамӣ созанд. Инро бо даҳ дирам шакар биошоманд.

Қурсҳои рӯян

Инҳо аз барои сахтии испурч, дарди ҷигар ва таби дерина созгоранд.
Таркиби онҳо: аз рӯян дувоздаҳ дирам ва аз пӯсти бехи кабар, зарованди дароз ва бехи ширинбаён як дирамӣ гирифта, бо сикангубин сиришта кунанд ва қурс ҳои дудирамӣ созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ