Қонуни тиб

Як ошомиданӣ аз ин як [қурс] ва бо ҷӯшонидаи афсинтин бувад.
Қурси зарпечак
Ин аз барои табҳои дерина суд дорад ва [тафсро] хомӯш кунад.
Таркиби он: аз тухми хиёр, [36] тухми хурфа ва тухми шоҳисфарам се дирамӣ, аз чарха, бозовард ва шоҳтара чаҳор дирамӣ, аз касиро, нашоста ва самғ якуним дирамӣ, аз табошир, турбид ва зарпечак (390) чаҳор дирамӣ, аз тарангубин сиҳ дирам, аз шакари ушар сиҳ дирам ва аз заъфарон се дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо об сиришта, ба кор баранд.
Қурсҳои даҳдору
Аз барои таби чаҳоррӯзии куҳан, дарди ҷигар ва нармгӯштӣ созгоранд.
Таркиби онҳо: аз анисун чаҳор дирам, аз асорун, содаи ҳиндӣ, афсинтин, тухми карафс, сунбул, бодоми талхи муқашшар ва мастако як дирамӣ, аз сабр ду дирам ва аз афшураи алафи гулӯдард чаҳор дирам гирифта, бикӯбанд ва бо ҷӯшонидаи афсинтин сиришта, қурсҳои якдирамӣ созанд ва бо оби нимгарм [ба бемор] бидиҳанд.
Қурсҳои дигар
Инҳо аз табҳои куҳан, афрӯхтагӣ ва қай судманд буда, табиатро нарм кунанд.
Таркиби онҳо: аз гули сурхи кулоҳакҳо барканда шаш дирам, аз донаи муқашшари хиёрза, мастако, рованди чинӣ ва афшураи алафи гулӯдард се дирамӣ, аз заъфарон ду дирам ва аз сабри сақутарӣ як дирам гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан бо оби хуш маъҷун кунанд, қурсҳо созанд ва бо оби сард, ё бо оби хиёр ва ё сикангубин ба кор баранд.
Мақолаи нуҳум
АНДАР БАЁНИ ОБПУХТАҲО207 ВА ҲАББҲО
Мо гуфтори оид ба доруҳои исҳоли чи ҷӯшонида ва чи ҳаббҳои онҳо ва гуфтори оид ба доруҳои ғарғарашаванда, доруҳои андар бинӣ афканданӣ, доруҳои атсаовар, зимодҳо, тилоҳо, доруҳои дандону чашм ва ғайраро то ба Ҷумлаи дуввум пас гузорем. Мо ин Ҷумларо бо гуфтор оид ба равғанҳо ва марҳамҳо хотима дода, пеш аз инҳо он нусхаҳои обпухтаҳо ва ҳаббҳоеро биоварем, ки пеш аз Ҷумлаи дуввум ёд кардани онҳоро муносиб дидаем.
Ҷӯшонидаи оби бехҳо
Ин аз барои суддаҳо, ба душворӣ омадани пешоб ва дарди ҷигару меъда суд дорад ва онро бо равғанҳо ва ғайри онҳо ба кор баранд.
Сифати он: аз ҳар кадоми пӯсти бехи бодиён, пӯсти бехи кабар, пӯсти бехи карафс, бехи гӯргиё, тухми бодиён, карафс, анисун, сунбули хушбӯй, пари сиёвушон, сунбул, мастако ва мавизи аз дона поккарда ба қадри ҳоҷат гирифта биҷӯшонанд ва ба қадри ҳоҷат [ба бемор] бидиҳанд, биошомад.
Ҷӯшонидаи оби бехҳо аз Ал-Киндӣ
Ин аз барои дарди ҷигар судманд аст.
Таркиби он: аз пӯсти бехи бодиён ва карафс як дирамӣ, аз тухми бодиён ва тухми карафс ним дирамӣ, аз гули сурхи ордкарда, пудина ва гӯргиё ним дирамӣ, аз мавизи дона баргирифта ду дирам, аз асорун ду донг ва аз сунбул ду донг гирифта, бар онҳо ду сеяки як ратл об бирезанд ва то ду уқия ва ё андаке бештар аз он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас онро биполанд, бар вай як дирам равғани бодоми ширин рехта, биошоманд.
Ҷӯшонидаи афсинтин
Ин аз барои дарди ҷигару меъда ва табҳои гуногуни сарди балғамӣ ва савдовӣ суд дорад.
Таркиби он: аз ҳар кадоми анисун, тухми карафс, афсинтини румӣ, асорун, тухми бодиён ва бехи гӯргиё ба қадри ҳоҷат гирифта биҷӯшонанд, оби онро ҷудо карда, [ба бемор] бидиҳанд.
Ҷӯшонидаи алафи гулӯдард
Ин барои касоне созгор аст, ки таби чаҳоррӯзӣ, таби балғамӣ, таби омехта ва хушкии табиат дошта бошанд.
(391) Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, мавизи поккарда, шоҳтара, бозовард, алафи гулӯдард ва чарха бахшҳои баробар [гирифта], биҷӯшонанд ва биполанд.
ФАСЛИ ҲАББҲО208
Як ҳабб
Ин аз барои касони бодҳои ситабр дошта, аз барои дамиш, ташаннуҷи асаб ва дамидагии хояҳо созгор аст.
Таркиби он: аз тухми карафс, тухми испанд, анисун, мастако ва заъфарон як дирамӣ, аз ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула ду дирамӣ, аз сакбина ва муқл якуним дирамӣ ва аз пудина, карафси кӯҳӣ, шукуфаи гӯргиё, асорун, қуст, зурунбод ва шохаи ваҷ ним дирамӣ [гирифта], ҳабб созанд.
Ҳабби бадбӯи бузург
Ин хилтҳои ситабрро биронад, суддаҳо бикушояд ва аз дарди пайвандгоҳҳо ва тиҳигоҳ, аз барас, баҳак, ҷузом ва поғура суд дорад. Ин ҳабб бо номи «моҳонӣ» маъруф аст.
Таркиби он: аз уша, сакбина, говшир, сабр, муқл, испанд, ҳалила ва дилаи ҳанзал ҳашт дирамӣ, аз шибрам, афитимун, уфурбиюн, шитараҷ ва суринҷон чаҳор дирамӣ, аз турбид даҳ дирам, аз гунди бедастар ду дирам, аз маҳмуда се дирам, аз ғориқун ду дирам ва аз заъфарон, сунбул қоқула, бехи хитмии сафед, киё, дорчинӣ ва хуланҷон як дирамӣ [бигиранд]. [Онҳоро кӯфта, тибқи қоидаи расмшуда ҳабб созанд].209

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор