Қонуни тиб

Ҳабби бадбӯи бузурги [дигар]
Ин аз дарди қулинҷ, ниқрис, сутунмуҳра ва зону судманд аст ва хилти ситабру часпаки танро ҳал кунад.
Таркиби он: аз муқл, сакбина, уша, говшир, тухми испанд, дилаи ҳанзал, сабр ва афитимун даҳ дирамӣ, аз маҳмуда шаш дирам, аз дорчинӣ, сунбул, заъфарон ва гунди бедастар ду дирамӣ ва аз уфурбиюн як дирам гирифта, самғҳоро бо оби гандано тар кунанд ва [сипас аз ҳама] ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ ду дирам бувад.
Ҳабби бадбӯи хурд
Ин сутуни пушт ва зонуҳоро аз хилти ситабри часпак пок кунад.
Таркиби он: аз сакбинаи исфаҳонӣ, уша, говшир ва муқл даҳ дирамӣ, аз турбид бист дирам ва аз дилаи ҳанзал дувоздаҳ дирам [гирифта], самғҳоро тар кунанд ва бо доруҳо маъҷун созанд. Як ошомиданӣ [аз ин] ду дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Ҳабби бадбӯи Ал-Киндӣ
Ин аз барои дарди пайвандгоҳҳо ва ниқрис, аз ҳар гуна дарде, ки ба сабаби [балғами] хом, сафро ва савдо падид ояд ва аз фалаҷ судманд аст.
Таркиби он: аз сабр, ҳалилаи зарди аз дона поккарда, испанд, афитимуни қаритӣ, мағзи турбид, уша, говшир, сакбина ва муқли яҳудӣ чаҳор бахшӣ, аз дилаи ҳанзал се бахш, аз маҳмуда ду бахш, аз уфурбиюн, гунди бедастар, дорчинӣ ва заъфарон як бахшӣ гирифта, самғҳоро бо оби гандано ва ё оби каранб як шабу як рӯз тар кунанд. Сипас доруҳои хушкро бикӯбанд ва баъд самғҳоро чандоне бикӯбанд, ки мисли марҳам гарданд. Баъд доруҳоро бар [самғҳо] пошида, ҳамаро якҷоя то омехтан бикӯбанд ва ба қадри нахӯд210 ҳаббҳо сохта, андар соя хушк кунанд.
Як ошомиданӣ аз ин ду дирам буда, ба аввали шаб бо оби нимгарм [биошоманд] ва бояд таоми [бемор] ғолибан зирабои мурғҷӯҷа ва шаробаш набизи ангубину мавиз ва ё дӯшоб бошад.
Ҳабби шитараҷи бузург
Ин аз дардҳои ҳар ду дӯш, ҳар ду тиҳигоҳ ва аз қавин судманд буда, хилти ситабри часпакро ба исҳол оварад.
Таркиби он: аз сакбина, уша, муқл, уфурбиюн ва говшир (392) як дирамӣ, аз сабр, афитимун ва ғориқун якуним дирамӣ, аз зарованди гирд, қантуриюн ва гунди бедастар ду дирамӣ, аз дорфилфил, занҷабил, зира, нонхоҳ, тухми карафс, анисун, мурр ва заъфарон чаҳор донгӣ, аз ҳалилаи зард, суринҷон ва бехи моҳизаҳра дуним дирамӣ ва аз хардал, шитараҷ, дилаи ҳанзал, шохаи ваҷ ва намаки ҳиндӣ чаҳор донгӣ [гирифта], бо оби кокана маъҷун кунанд ва ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ ду дирам бувад.
Ҳабби шитараҷи хурд
Ин аз истирхои ними [тан], фалаҷ, дарди ҳар ду тиҳигоҳ, зону ва пайвандгоҳ ва аз ниқриси сард суд дорад ва хилти хоми ситабрро ба исҳол оварад.
Таркиби он: аз ҳалилаи зард даҳ дирам, аз сабр бист дирам, аз занҷабил ду дирам, аз мурч ва дорфилфил як дирамӣ, аз хардал се дирам, аз шитараҷи ҳиндӣ, намаки ҳиндӣ ва дилаи ҳанзал ду дирамӣ ва аз пониз чаҳор дирам [ги
рифта], бо оби каранб маъҷун кунанд ва ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ ду дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Нусхаи дигари ҳабби шитараҷ
Аз сабр, турбид ва суринҷон даҳ дирамӣ, аз шитараҷ,
ваҷ, намаки нафтӣ, дилаи ҳанзал, ғориқун, [37] донаи испанд, муқл ва сакбина ду дирамӣ, аз занҷабил, дорфилфил,
мурч, мастако, хардал, анисун, қуст ва нонхоҳ як дирамӣ ва аз афитимун ва ҳалилаи сиёҳ панҷ дирамӣ [гирифта], бо оби каранб ва кокана маъҷун созанд. Як ошомиданӣ ду ё се дирам ва бо оби гарм бувад.
Ҳабби алафи гулӯдард
Ин аз дарди ҷигар, ярақон ва табҳо судманд аст.
Таркиби он: аз сабр, афшураи алафи гулӯдард ва ҳалилаи зард бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо оби карафс сиришта, ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ [аз ин] ду дирам бувад.
Ҳабби фирӯзибахш
Ин аз фалаҷ, лақва, дардҳои зону ва дардҳои пайвандгоҳҳо, ки аз балғам падид омада бошанд, суд дорад.
Таркиби он: аз абардаҳёрақ,211 ки ин доруи ҳиндист, сотиқ,212 уштурангубин,213 ки ин доруи дигари ҳиндист, турбид, донаи нили ҳиндӣ ва гиёҳи гулӯдард бист мисқолӣ гирифта, бо панҷоҳ ратл об то ним шудан биҷӯшонанд ва биполанд. Ин обро дубора бар оташ ниҳода, то баста шудан биҷӯшонанд ва бар вай аз данди чинии аз пӯсти берунааш поккарда, ки мағзи он мисли «забони гунҷишк» андар миёнааш ҷой гирифтааст, яъне аз дилаи он, ағориқун, мастако, сабри сақутарӣ, баранги муқашшар ва афшураи ширинбаён бист мисқолӣ биафкананд. Ҳамаи инҳоро ба ғайр аз данд кӯфта, бо ҳарир бибезанд, вале дандро ҷудогона кӯфта, сипас бо доруҳо биомезанд, зеро вай ба сабаби равғаннокӣ бехта нашавад. Баъд, инҳоро бар оби ҷӯшонидаи бастагардонида биандозанд ва онро то ба дараҷаи қивоми ангубин бирасонанд ва сипас доруҳоро бо он сиришта, ҳабб созанд. Аз инҳо аз ду донг то ним дирам ва аз ҳама бештар чаҳор донг гирифта, бо оби гарм ба шаб истеъмол кунанд.
Ҳабби ал-ҷосалиқ214
Ин ҳаббест, ки меъдаро аз балғаму савдо зудуда, онҳоро берун кунад ва бодҳои ба ҳангоми заъфи гувориш ҷойдоштаро бишиканад. Ин ҳаббро зимистону тобистон [ба бемор] бидиҳанд.
Таркиби он: аз дорчинӣ, заъфарон, қуст, ҳамомо, сунбул, камозариюс, донаи бон, маҳлаб, қирфа ва ағориқун ду дирамӣ, аз мурр ва мехак се дирамӣ ва аз сабр шонздаҳ дирам гирифта, тобистон бо афшураи гул ва зимистон бо афшураи каранб ҳабб созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам буда, бо тило ва пеш аз таом [биошоманд] ва баъди як соат нахӯдоб бихӯранд.
(393) Ҳабби «ад-дурӣ» аз китоби Ал-Фаҳламон215
Бӯи даҳон хуш кунад, бинишро зудоиш диҳад, балғамро бибарад, иштиҳои таом оварад ва дандонҳои хоянда ро қавӣ созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор