Қонуни тиб

Таркиби он: аз қирфа, мехак, рӯян, кашниз, ҳили бӯво, қандид,216 фуфил ва карнус217 як дирамӣ ва аз мушк як қирот [гирифта], бикӯбанд, бибезанд ва бо оби самғ ҳалкарда маъҷун созанд.
Як ҳабби [дигар]
Ин аз бодҳо, сардҷимоъӣ, заъфи меъда ва бавосир суд дорад.
Таркиби он: аз рими оҳан сад мисқол гирифта, ҳафт рӯзи паёпай андар оби гандано тар кунанд ва ҳар рӯзе оби онро як бор дигар кунанд. Сипас аз тухми таратезаки шоҳӣ дусад дирам, аз тухми гандано, тухми таратезак, тухми анори даштӣ, тухми карафс, тухми газар, тухми турб, ҳулба ва тухми пиёз бисту панҷ дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва ҳамаро бо оби гандано сиришта, ҳаббҳо созанд.
Ҳабби данд
Ин аз барои лақва, қулинҷ, дардҳои пушту зону, ҳар дарде, ки ба сабаби балғами ситабри часпак падид омада бошад ва аз ҳар гуна боди ситабр судманд аст.
Таркиби он: аз данди чиние, ки пӯсти болои онро канда, забончаҳои андар миёни ду пораи он бударо барандохта, фақат мағзашро гирифта бошанд, донаи мавизаки асалӣ, рубби ширинбаён, ғориқуни сафед, киё, гиёҳи гулӯдард, афсинтин ва сабр бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо оби карафс сиришта, ҳаббҳои хурд-хурд созанд. Каси ҳаббсозанда бояд бар дасташ равғани равшани баласон бимолад. Як ошомиданӣ аз ин аз як то ду дирам бувад ва таоме, ки аз болои он бихӯранд, бояд зирабо бошад.
Ҳабби шикаморандаи намак
Ин аз лақва суд дорад, чашмро бизудояд, шунавоиро тез кунад ва аз дардҳои испурч, ниқрис, дардҳои пайвандгоҳҳо, истирхои мушакҳо ва офатҳои сардию рутубат [нофеъ бошад].
Таркиби он: аз намаки андаронӣ шаш уқия, аз мурч дувоздаҳ дирам ва аз занҷабил, тухми карафс, зуфо, ангудон, карафси кӯҳӣ, тухми бодиён, анисун, содаи ҳиндӣ, ағориқун, маҳмуда, тухми сипандон ва мехак чаҳор дирамӣ гирифта, баъд аз бехтан ҳамаро ҷамъ кунанд ва андар ҷогаҳе бардошта, ба кор баранд.
Ҳабби устумахиқуни218 бузург219
Ин меъдаро қавӣ созад ва иштиҳои таом оварад. Ин [ҳабб] аз барои меъда, ҷигар ва испурч судманд буда, ҳавосу рӯдаҳоро пок кунад ва аз тамоми тан фазлаҳо, яъне ҳар ду намуди заҳра ва балғамро берун орад.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ шаш бахш, аз намаки ҳиндӣ, афсинтини румӣ, ғориқуни резонак ва маҳмудаи кабуд се бахшӣ, аз асорун, анисун ва тухми карафс ду бахшӣ, аз мағзҳои турбиди сафед ҳафтдаҳ бахш, аз афитимуни қаритии сурхи покиза ва нав панҷ бахш, аз ёраи фиқро ҳафт бахш ва аз мехак як бахш гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз бехтан ба ҳам биомезанд. Сипас бар онҳо аз обе андак-андак бирезанд, ки андар он чаҳор бахш понизи санҷарӣ гудохта бошанд, то қивоми дӯшоб ба худ бигиранд. Баъд аз он онҳоро ба қадри донаи мурч ҳабб созанд. Як ошомиданӣ аз он ду мисқол бувад.
Ҳабби Бармакӣ
Ин сар ва андомҳои атрофиро пок кунад ва аз омосҳо суд бахшад. Онро биошоманд ва бихобанд, то он [моддаҳоро] хуб бикашад.
Таркиби он: аз сабри сақутарӣ ва дилаи ҳанзал ҳафт мисқолӣ, аз заъфарон, сунбул, дорчинӣ, донаи баласон, асорун, мастако, афсинтини румӣ, маҳмуда ва турбид як мисқолӣ ва аз салиха ним мисқол гирифта, нарм бикӯбанд, бибезанд ва бо оби нимгарм сиришта, ҳаббҳо созанд. [Андар ин ҳангом] дастро бо равғани бодоми ширин равған кунанд. Аз ин ба қадри нармию хушкии табиат ҳадди ақал се ҳабба (394) ва ҳадди аксар ёздаҳ ҳабба ба кор баранд. Як ошомидании тамом аз ин ду дирам ва ба ҳангоми хуфтан бувад.
Ҳабби Ибни Ал-Ҳорис
Инро чун аз барои баҳаки аз ҳад бад санҷидаанд, онро андар миёни се рӯз нест кардааст. Ин [ҳабб] аз барои таб, бодҳо, дардҳои пайвандгоҳҳо ва аз ҳар гуна бемории балғамӣ ва савдовӣ суд дорад.
Таркиби он: аз ҳалилаи зард, ҳалилаи сиёҳ, сабри сақутарӣ, анзарут, муқли сурх, сакбинаи исфаҳонӣ ва дилаи ҳанзал панҷ бахшӣ, аз сипандони сафед, саътари форсӣ, сиёҳдона, зираи кирмонӣ, намаки даронӣ ва сақизи румӣ як бахшӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан, ба таври пурра ба ҳам ҷамъ кунанд, вале самғҳоро андар ҷогаҳи мисин андар он миқдоре аз оби гандано тар кунанд, ки бо он дигар доруҳоро маъҷун тавон кард ва андар офтоб биниҳанд, то самғҳо ҳал шаванд. Сипас доруҳои бехтаро бар вай биафкананд ва онҳоро нек ва сахт кӯфта, маъҷун созанд, то ки аз он ҳаббҳое ба қадри мурч сохтан мумкин бигардад. Баъд, онҳоро андар соя хушк кунанд. Як ошомиданӣ аз ин як мисқол ва бо оби нимгарм бувад, вале ду рӯз пеш аз ин аз хӯрдани ҳамаи чизҳо, ба ҷуз нон ва зирабо худдорӣ кунанд.
Ҳабби Ибни Ҳубайра
Иттифоқ бар он аст, ки ин [ҳабб] ба таври намоён аз барои бодҳо, сафро, бодҳои бавосир, [хилти] хом, баҳак ва хориш суд дорад. Онро андар шабонарӯзӣ [як бор] зимистону тобистон биошоманд.
Таркиби он: аз ҳалилаи зард, ҳалилаи сиёҳ ва балилаи дона баргирифта дувоздаҳ мисқолӣ, аз омула шаш мисқол, аз шитараҷи ҳиндӣ ва дорфилфил панҷ мисқолӣ, аз гавзи бӯё ва намаки даронӣ як мисқолӣ ва аз турбиди сафед ва сабр се мисқолӣ гирифта, ҳамаро бикӯбанд, бибезанд ва бо равғани бунафша мисли донаҳои тасбеҳ сохта, андар соя хушк кунанд. Як ошомиданӣ аз ин шаш мисқол буда, ними шаб бо оби гарм [биошоманд] ва таъсири аҷибе мушоҳада хоҳӣ кард.
Ҳабби серманфаате аз Ибни Ал-Ҷаҳм
Ин аз барои он фазлаҳои балғам, заҳраи зард ва заҳраи сиёҳе, ки андар тан ҷой дошта бошанд, суд дорад ва
агар андар сар фазлаи ин хилтҳо ва ё яке аз онҳо ҷой дошта бошад, онро низ суд бахшад ва карии аз он сабаб ба
амал омадаро бикушояд. Ин ҳабб меъдаро суд дошта,
онро пок кунад, ҷигарро суд дошта, онро қувват бахшад
ва аз бетобию ҳар гуна таби куҳан нофеъ бувад. [Инчу нин], ҳамаи хилтҳоро ором кунад, хунро фурӯ нишонад ва аз барои намудҳои гуногуни [38] решҳо ва хориш шифобахш бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор