Қонуни тиб

Касеро, ки бавосир аст, ба ошомидани он эҳтиёҷ дорад. Ӯ бояд ангушти ишорат ва нарангуштро андаке равғани бодоми ширин молида, сипас бо ангуштҳояш он ҳаббро ба қадре бимолад, ки равғанолуд бигардад ва сипас онро биошомад. Чун ин кор бикунад, ба ӯ ҳеҷ зиён нарасонад.
Таркиби он: аз ёраи фиқро бисту чаҳор дирам, аз ҳалилаи зард ва ҳалилаи сиёҳ шаш дирамӣ, аз мастако, анисун,220 афшураи алафи гулӯдард ва афшураи афсинтин ду дирамӣ ва аз гули сурх чаҳор дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо об сиришта, ба қадри донаи мурч ҳабб созанд. Як ошомиданӣ аз ин аз як то якуним дирам буда, онро баъд аз гузаштани ду соат аз аввали шаб пеш аз хоб рафтан биошоманд ва сипас бихобанд. Ин аз ду то чаҳор бор тақозои халоҷо нишастан ба амал оварад ва таъсираш ба рӯз бошад.
Ҳаббе, ки аз уфурбиюн созанд
Аз барои оби зард, дарди пушту сурин, ниқрис ва истирхои андомҳо суд дорад.
Таркиби он: аз уфурбиюн ва мастако чаҳор дирамӣ, аз маҳмуда ва ғориқун панҷ дирамӣ, аз дилаи ҳанзал се дирам, аз сабр ва афитимун даҳ дирамӣ, аз афшураи афсинтин панҷ дирам, аз намаки ҳиндӣ якуним дирам, аз дорфилфил ду дирам, аз анисун чаҳор дирам ва аз сунбул даҳ дирам гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд, бибезанд ва бо оби каранб сиришта, мисли донаи мурч ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ аз ин дору ёздаҳ ҳабба, яъне то ним дирам, пеш аз таом ва баъд аз он буда, аз болои он оби гарм биошоманд.(395)
Як ҳабби [дигар]
Ин суддаҳо бикушояд, хилтҳои ситабрро латиф созад ва хилтҳову рутубатҳои часпаки ситабрро бикашад.
Таркиби он: аз содаи ҳиндӣ, мурр, шукуфаи гӯргиё, шукуфаи афсинтини румӣ, мастако ва заъфарон ним дирамӣ, аз тухми карафс, анисун, муқл ва сакбина як дирамӣ, аз сабр ҳафт дирам ва аз турбид ва ғориқун севу ним дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва сиришта, ҳаббҳо созанд.
Ҳабби сакбина
Ин аз барои дарди зону, ҳар ду тиҳигоҳ ва ҳар ду паҳлу созгор аст.
Таркиби он: аз тухми карафс ва тухми испанд як дирамӣ, аз сакбина ва муқл ду дирамӣ, аз ёраи фиқро ду дирам, аз дилаи ҳанзал ва ағориқун се дирамӣ ва аз турбид шаш дирам гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва сиришта, ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам ва бо оби нимгарм бувад.
Ҳабби говшире, ки аз Салмавайҳ аст
Ин аз барои дарди зоную пушт, фалаҷ ва лақва созгор аст.
Таркиби он: аз занҷабил, мурч, дорфилфил, шитараҷи ҳиндӣ, ҳалилаи зард, балила, омула, мурр, турбид, маҳмуда, заъфарон ва гунди бедастар ду дирамӣ, аз говшир, суринҷон, сакбина, муқл, уша ва дилаи ҳанзал даҳ дирамӣ ва аз сабр бист дирам гирифта, самғҳоро бо оби каранб тар кунанд ва [дигар] доруҳоро бо он сиришта, ҳаббҳо созанд.
Як ошомиданӣ аз ин ду дирам бувад.
Ҳабби уфурбиюн
Як ҳабби дигар
Ин аз таби дерина, заъфи ҷигару испурч ва оғози об221 суд дорад.
Таркиби он: аз камофитус, камозариюс, бехи ширинбаён, заъфарон, лок ва афсинтин даҳ дирамӣ, аз тухми карафс, анисун ва тухми бодиён панҷ дирамӣ, аз афшураи алафи гулӯдард, гул ва рованди чинӣ222 ҳашт дирамӣ, аз тухми зарпечак понздаҳ дирам ва аз гесугуна ва зуфо ҳафт дирамӣ бигиранд. Агар сурфа бошад, андар ин понздаҳ дирам рубби ширинбаён ва агар бемории испурч ҷой дошта бошад, даҳ дирам усқулуфандариюн ва ҳашт дирамӣ бехи кабар ва газмозу биафзоянд.
Як ҳабби дигар
Ин аз барои таби деринае, ки аз сабаби хилтҳои омехта падид омадааст, аз барои дарди ҷигар ва оғози истисқо суд дорад.
Таркиби он: аз афсинтин ва ё афшураи он, афшураи алафи гулӯдард, ҳалилаи зард, сабр, мастако, заъфарон, рованди чинӣ, локи шуста, анисун, шоҳтараи хушк ва ёраи фиқро як бахшӣ гирифта, бикӯбанд ва бо оби ангури сагак сиришта, ҳаббҳо созанд. Як ошомиданӣ аз ин як мисқол буда, бо оби нимгарм шаб [биошоманд]. Агар сурфа ҷой дошта бошад, бо доруҳо ба қадри ним вазни ҳамаи онҳо рубби ширинбаён биомезанд.
Ин аз барои фалаҷ, истирхо ва хилтҳои хоми ба сӯи асабҳо фурудоянда судманд аст.
Таркиби он: аз ағориқун, дилаи ҳанзал, уфурбиюн, сакбина ва муқл як дирамӣ ва аз сабр ду дирам гирифта, бикӯбанд ва бо оби каранб сиришта, ҳабб созанд. (396) Ҳабби ҳиндие, ки бо мушк созанд
Ин аз барои дарди меъда судманд аст, бӯи бади даҳон ва бӯи шаробошомидагиро бибарад ва рутубати [меъдаро] бичинад.
Таркиби он: аз ромак ва кабар як ратлӣ гирифта, реза кунанд, бо об бишӯянд, андар дег афканда, аз болояш чиҳил ратл об бирезанд, то панҷ ратл мондан биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас онро дубора ба деги покиза бирезанд ва ин обро бори дигар танҳо то баста шудан, биҷӯшонанд ва баробари ин бо кафча омезиш бидеҳ, то часпида насӯзад. Сипас онро андар тағораи сабз рехта, мисли хушконидани сабри шуста бихушкон. Агар бихоҳӣ, ки ҳабб бисозӣ, аз он бист мисқол гирифта, бисов ва бибез. Сипас аз ҳил, мехак, гавзи бӯё, басбоса, уди ҳиндӣ, сода, қафтиғон,223 сандали сафед, ҳарнува ва кабоба як мисқолӣ, аз мушк панҷ мисқол ва аз кофур даҳ мисқол гирифта, ҳар кадомро ҷудогона бикӯб, бибез ва баъд ба ҳам омехта соз. Сипас аз ромак дубора панҷ мисқол гирифта, бар вай шаш уқия об бирез ва то ду уқия боқӣ мондан биҷӯшон ва бипол. Баъд, бо он доруҳоро сиришта, ба қадри нахӯд ҳабб бисоз, бихушкон ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба кор бар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор