Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи даҳум
АНДАР БАЁНИ РАВҒАНҲО
Гуфтори мо оид ба равғанҳо андар ин Ҷумла ба ҳасби шарти мо [ёд карда] бувад.
Равғани нордин

Суди ин бисёр буда, яке аз шарифтарини равғанҳост ва аз барои ҳар гуна дарде, ки аз сабаби сардӣ андар шикам падид ояд ва аз бодҳои шикам суд дорад. Ин дардҳои сарди гӯшро таскин дода, нест кунад, аз тариқи афкандан андар бинӣ сардарду дарди нимсараро бибарад, рангро беҳ кунад, қулинҷу печиши гирди ноферо, ки ҳар ду аз бод падид омада бошанд, нест карда, аз барои дардҳои онҳо суд бахшад, дардҳои ҷигару шикамро таскин диҳад, заҳдонро гарм кунад ва чун андар сӯрохи нара бо обдуздак бифиристанд, гурда, обгаҳ ва истирхои обгаҳро суд бахшад.
[Ҷӯшонидани аввал ва]224 таркиби он: аз наи бӯё, мушки замин, барги даҳмаст, шохаҳои баласон, содаи ҳиндӣ, росан, гӯргиё, абҳал, мӯрд, қардамоно ва марзангӯш ду уқиягӣ гирифта, ба таври дурушт бикӯбанд, андар дег биафкананд, бар вай шароб ва об рехта, тар кунанд.
Сипас аз болои он панҷ қист равғани кунҷид рехта, андар ҷогаҳи дучандӣ бо оташи нарм шаш соат биҷӯшонанд ва ҳар соате омезиш диҳанд. Сипас, аз оташ фуруд оранд ва бигузоранд, то сард бигардад, он гоҳ равғанро биполанд.
Ҷӯшонидани дуввум ва таркиби он: аз гули сурх, салиха, афшураи мӯрди тоза ва мурр ду уқиягӣ гирифта, ба таври дурушт бикӯбанд, бар он ба қадри тар шудан обу шароб ва инчунин равғани ҷӯшонидаро бирезанд ва бар оташи нарм се соат ҷӯшонида, сипас сард кунанд ва биполанд.
Ҷӯшонидани севвум ва таркиби он: аз сунбул, мехак ва майъа се уқиягӣ, аз гавзи бӯё панҷ уқия ва аз равғани баласон шаш уқия гирифта, доруҳоро ба таври дурушт бикӯбанд ва бар онҳо об бирезанд. Ҳар гоҳ ин [омехта] гарм шуд, бар вай он равғани ҷӯшонида, равғани баласон ва майъаи равонро рехта биҷунбонанд, то омехта бигарданд ва то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Сипас онро биполанд, андар ҷогаҳи обгинагӣ бигиранд ва ба кор баранд.

Равғани мастако

Ин аз барои заъфи меъда ва омосҳои он созгор буда, сахтиро нарм кунад.
Таркиби он: (397) аз равғани кунҷид ду қист ва аз мастако шаш уқия бигиранд ва мастакоро кӯфта, андар ҷогаҳи дучандӣ бар равған бирезанд.
Равғани афсинтини офтобхӯрда

Ин андомҳои сардро гармӣ ва қувват бахшад.
Таркиби он: аз равғани кунҷид як даврақ [гирифта], андар ҷогаҳи обгинагӣ бирезанд ва аз афсинтин [низ] ду уқия [афзуда], чиҳил рӯз андар офтоб бигузоранд. Сипас онро полида бигиранд ва то ба ҳангоми ҳоҷат нигоҳ доранд.
Равғани шибит

Аз равғани кунҷид як қист ва аз тухми шибити андар соя хушконида як уқия гирифта, андар ҷогаҳи обгинагӣ кунанд, бист рӯз андар офтоб бигузоранд ва сипас ба кор баранд.
Равғани савсан

Ин аз сардии заҳдон, ихтиноқи ба сабаби он падидоянда ва аз қулинҷ суд бахшад ва гурдаву обгаҳро гармӣ бахшад.
Таркиби он: аз салиха, қуст, донаи баласон ва мастако як уқиягӣ, аз мехак ва қирфа ним уқиягӣ ва аз заъфарон як уқия гирифта, бикӯбанд ва бо якуним ратл равғани кунҷид ва сиҳ дона савсани озоде андар ҷогаҳи обгинагӣ афкананд, ки зардӣ ва буни баргҳои онҳоро канда партофта бошанд ва инро андар соя ва ҷои муътадил то ҳангоме бигузоранд, ки равған қуввати онҳоро бигирад.
Сипас онро полида ба кор баранд.
Равғани содаи савсан

Аз савсани сафеди покиза ду дирам ва аз равғани кунҷид як қист [гирифта], андар ҷогаҳи обгинагӣ ниҳанд, то равған қуввати онро бигирад ва сипас ба кор баранд.

Равғани майъа

Ин аз барои пайвандгоҳҳое, ки ба сӯи онҳо моддаҳо рехта бошанд, суд дорад, мушакҳо, омосҳои сард, заҳдони сард ва гурдаву обгаҳро гармӣ бахшад.
Таркиби он: аз равғани кунҷид як қист ва аз майъаи хушк се уқия гирифта, бо оташи нарм чандоне биҷӯшонанд, ки равған қувваи майъаро бигирад ва сипас андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд.

Равғани хори хасак

Ин аз барои ба душворӣ омадани пешоб суд дорад.
Таркиби он: аз равғани кунҷид як уқия, аз об як ратлу чаҳоряк, аз занҷабил чаҳор дирам ва аз хори хасак даҳ дирам гирифта, доруҳоро ба таври дурушт бикӯбанд, бо об ва равғани кунҷид андар дег кунанд ва то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Аз он андар сӯрохи нара бичаконанд.

[39] Равғани бобуна

Аз равғани кунҷид як қист, аз ҳулба ва аз шукуфаи бобуна, ки шуста, андар соя хушконида бошанд, ду уқиягӣ гирифта, андар ҷогаҳи обгинагӣ тар кунанд, чиҳил рӯз андар офтоб бигузоранд ва сипас ба кор баранд.

Равғани дигари хори хасак

Ин аз барои пайвандгоҳҳо созгор аст, рангро беҳ кунад, боҳро биафзояд, бар ҷимоъ биангезад ва агар ҳар рӯз
бо майпухта ва ё набиз як уқия аз он биошоманд, гурда, об гаҳ ва пуштро созгор бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ