Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инчунин, онро андар зимни ҳуқнаҳо ба кор баранд.
Таркиби он: аз равғани кунҷид, шири ширини гов ва афшураи хори хасаки тар даҳ ратлӣ, аз понизи сафед панҷ ратл ва аз занҷабил дуним ратл гирифта, понизро кӯфта, бибезанд ва ҳамаро якҷоя андар деги сафолин афканда, аз зераш оташи нарме афрӯзанд, то оби хори хасак ва шир бираванду танҳо равған боқӣ бимонад, он гоҳ вайро аз оташ фуруд оранд. Аз ин ба тавре биошоманд, ки мо ёд кардем ва он аз заъфи гурда судманд буда, боҳ ва маниро афзоиш бидиҳад.
Равғани хори хасак аз рӯи нусхаи дигар

Ин аз барои бастагии шикам, дарди тиҳигоҳ ва гурда суд дорад.
Таркиби он: аз оби хуш понздаҳ сукарраҷа, аз занҷабили резакарда чаҳор дирам, аз хори хасаки резакарда даҳ дирам ва аз равғани кунҷид як сукарраҷа гирифта, андар деги покиза бо оташи нарм то рафтани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Сипас аз оташ фуруд оварда, бигузоранд, то сард шавад, он гоҳ биполанд. Инро аз пас ба тариқи ҳуқна бирезанд ва аз пеш аз тариқи рехтан андар сӯрохи нара [ба кор баранд].
Равғани мор

Ин аз парюн ва истирхои мақъад суд дорад.
Таркиби он: се қист равғани кунҷидро гирифта, андар деги сафолин кунанд ва аз панҷ то даҳ мори сиёҳи зинда андар он афканда, сари дегро сахт бибанданд ва бо оташи нарм то нек пухтан биҷӯшонанд. Сипас аз оташ фуруд оварда, бигузоранд, то сард шавад ва сари онро бикушоянд, вале аз бухори он бояд эҳтиёт шуд. Онро то сард шудан, дам гирифтан ва рафтани бухор аз он бигузоранд, сипас андар ҷогаҳи обгинагӣ бигиранд ва ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ биафтад, фақат бо пар аз барои тило кардан ба кор баранд.
Равғани ромишдод

Ин аз барои фалаҷ, лақва, ниқрис, раъша, аз барои дардҳои пайвандгоҳҳову пушт, аз барои носуру босур ва аз барои қулинҷу поғура суд дорад.
Таркиби он: аз муқл (398) даҳ дирам, аз уша, сакбина, говшир, донаи баласон, афюн, баспоя, харбақи сафед, зарнаб, фаланҷа, шитараҷ ва бодоми талхи муқашшар шаш дирамӣ, аз мехак, гавзи бӯё, занҷабил, хуланҷон, дорчинӣ, лозан ва гунди бедастар се дирамӣ, аз касило, тухми банг, сисолиюс, лубон, сиёҳдона, тухми таратезак, тухми гандано, нонхоҳ ва қуст панҷ дирамӣ, аз мушки замин, донаи испанд, мурд, сақиздона, тухми беданҷир ва марзангӯш чаҳор дирамӣ ва аз барги алафи гулӯдард ва ушна панҷ дирамӣ гирифта, ин доруҳоро ба таври дурушт бикӯбанд, андар дег афкананд, бар онҳо шаш ратл афшураи каранб рехта, бо оташи нарм то ба ду ратл расидан биҷӯшонанд. Сипас онро фуруд оранд, биполанд, ба ҳадде бифишоранд, ки андар он чизе аз қувваи ин доруҳо боқӣ намонад ва дубора ба дег биандозанд. Баъд, бар вай аз равғани зайтун шаш ратл, аз равғани гов, равғани савсани сафед, равғани беданҷир ва равғани даҳмасте, ки онро бо бӯйафзорҳо ҷӯшонидаанд ва ин равғанро аз Миср оваранд, даҳ дирамӣ, аз орди бодо

ми талх ду дирам,225 аз донаи даҳмаст ва санавбар шаш дирамӣ, аз равғани савсан ва равғани таратезак панҷ дирамӣ, аз равғани сақиздона даҳ дирам, аз равғани кунҷид ва ё равғани савсани сафеде, ки андар он судоб ҷӯшонида бошанд, се дирам, аз ушна се дирам, аз равғани ҳино панҷ дирам ва аз ангубини балозур се дирам афзуда, ин равғанҳоро андар дег бирезанд, бо он об даҳ дирам саҷазаниё гудозанд ва ҳамаро бо оташи нарм оҳиста то як сукарраҷа аз об боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас онро аз оташ фуруд оваранд, бо рӯймоли зич бофта биполанд, бори дигар ба дег баргардонда, бар вай аз борзад шаш дирам ва аз ангубин даҳ дирам биафкананд ва бар оташи лахча ниҳода, об кунанд. Баъд онро аз оташ фуруд оранд, бо он даҳ дирамӣ лабании моеъ, нафти сафед ва равғани баласон биомезанд, андар шиша бардоранд ва сари онро сахт бибанданд. Як ошомиданӣ аз ин аз чаҳоряк дирам то як мисқол ва бо оби нахӯд бувад.
Равғани қуст

Инро чун биошоманд, аз сардии андомҳо ва хусусан ҷигару меъда суд бахшад, суддаҳо бикушояд, асабро сахту қавӣ кунад, рангро беҳ созад ва сиёҳии мӯйро нигоҳ дорад.
Таркиби он: аз қусти талх даҳ дирам, аз салиха шаш дирам ва аз барги марвхуш даҳ истор [гирифта], ба таври дурушт бикӯбанд, як шаб бо шароб тар кунанд, сипас бар вай якуним ратл равғани кунҷид афканда, андар ҷогаҳи дучандӣ то рафтани шароб ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд.
Равғани дигари қуст

Ин аз барои дарди ҷигару меъда, дарди пайвандгоҳҳо, ки аз сардӣ хеста бошад ва аз истирхои як ними [тан] суд дорад.
Таркиби он: аз мехак як уқия, аз наи бӯё, сунбул, содаи ҳиндӣ, майъа, бехи савсани осмонгунӣ, қирфа, ушна ва қуст ду уқиягӣ, аз росан ва салиха як уқиягӣ ва аз мурр ним уқия [гирифта], доруҳоро ба таври дурушт бикӯбанд ва як шабу як рӯз андар сирко тар кунанд. Баъд бар вай аз равған ва об панҷ ратлӣ рехта, бо оташи нарм то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд, сипас полида, бо аввалӣ биомезанд.
Равғани борикар226

Ин доруи ҳиндӣ буда, аз бодҳои ситабр ва аз дарди сарди заҳдон суд дорад.
Таркиби он: аз сакбина, борзад, мушки замин ва хардали сафед понздаҳ дирамӣ, аз сақизи набатӣ ҳашт дирам, аз говшир чаҳор дирам, аз қирфа, қуст, зарованди дароз ва ё гирд ду дирамӣ, аз ваҷ, уша, санбар, ки доруи ҳиндист,227 фул ва оқирқарҳо дуним дирамӣ, (399) аз зурунбод, даруна, гунди бедастар, судоб, хори хасак, қайсум, бехи савсан, судоби кӯҳӣ, му, ардашерон, каранб, марзангӯш, сисанбар ва мехаки бӯстонӣ ним дирамӣ, аз мурр, ангужади хушбӯй, ангужади бадбӯй ва ангудон [40] чаҳоряк дирамӣ, аз равғани зайтун ҳафт ратл ва аз об ҳаждаҳ ратл гирифта, бо оташи нарм то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Як ошомиданӣ аз ин аз ним то ду дирам ва бо оби шибит бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ