Қонуни тиб

Як равғани синдӣ, ки «Абӯ Симод»
ном дорад
Ин аз сурфа ва бодҳои ситабр суд дошта, хилтҳои ситабрро бикашад ва бавосирро нофеъ бувад.
Таркиби он: аз абҳал, мурч, дорфилфил, кошим, занҷабил, шитараҷи ҳиндӣ, намаки сурх ва зира шаш дирамӣ ва аз писти кунор як қафиз [гирифта], як қафиз донаи анорро андар об тар кунанд ва бар ин доруҳо биполанд.
Равғани беданҷири бузург
Ин аз истирхо, фалаҷ ва лақва судманд аст, суддаҳои ҷигару испурч бикушояд ва андар таркиби ҳуқнаҳои қулинҷ бидарояд.
Таркиби он: аз нонхоҳ, саътар, пудинаи кӯҳӣ, мурр, марвхуш, тухми карафс, тухми бодиён, анисун, тухми девсипист, мастако, асорун ва ҳулба ҳафт дирамӣ, аз биҳии ҳиндӣ, бул, фул, ваҷ, шитараҷи ҳиндӣ ва муқл панҷ дирамӣ, аз сакбина, уша ва говшир се дирамӣ, аз бехи карафс, пӯсти бехи бодиён, гӯргиё, бехи савсан, росани хушк ва хори хасак даҳ дирамӣ, аз ҳазоргашон ва шашбандон се дирамӣ, аз занҷабил, дорчинӣ, мехак, қоқула, хирбӯво, кабоба, дорфилфил, мурч, гавзи бӯё, басбоса, сиёҳдона, қуст ва каравиё чаҳор дирамӣ ва аз зурунбод ва даруна панҷ дирамӣ [бигиранд]. Ин доруҳоро ба таври дурушт бикӯбанд, бар онҳо ба андозае об бирезанд, ки онҳоро паноҳ кунад ва то нек пухтан биҷӯшонанд.
Сипас онро биполанд ва бар вай ҳафт ратл равғани афшураи беданҷир рехта, бар оташи нарм то рафтани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд ва ба ҳангоми ниёзмандӣ ба қадри ду-се мисқол аз онро бо оби бехҳо ба кор бибаранд.
[Кашидани равғани [беданҷир]
Бархе аз мардум аз донаҳои расидаи беданҷир ба қадри дилхоҳ гирифта, то кафидану пӯст боз кардан, офтоб диҳанд, сипас мағзҳои онро ҷамъ карда, андар ҳоване кунанд ва нарм бикӯбанд. Сипас онро андар деги бо арзиз сафедкорӣ шуда бигиранд, аз болояш об рехта, биҷӯшонанд. Ҳар гоҳ ҳамаи равғанаш берун омад, дегро аз оташ фуруд оварда, равғани бар сари об баромадаро бигиранд ва андар ҷогаҳе кунанд ва ба кор баранд.
Аммо мардумони Миср ба миқдори зиёде аз он эҳтиёҷ доранд ва онро аз [беданҷири] тар ба тариқи дигаре ҳосил кунанд. Бад-ин тариқа, ки донаи беданҷирро баъд аз шикофтан нарм биҷӯшонанд, сипас андар ҳавзи холие афканда, бо чархушт ва ё путк кӯфта, [равғанашро] бикашанд. Нишонаи расидани беданҷир аз қишри берунияш канда шудани он бувад].228 Равғани содаи беданҷир
Инро танҳо бо об биҷӯшонанд ва чун бо оби танҳо биҷӯшонанд, гармияш бикоҳад, яъне ин мисли равғани зайтуни рикобие бувад, ки онро танҳо бо об шӯянд.
Равғани каду
Ин аз барои ҳар гуна гармию тезии андар тан ҷой дошта судманд буда, агар ин [гармӣ] андар ягон андоми беруна бошад, аз ин равған бар он бимоланд, вале агар андар обгаҳ ва ё гурда бошад, инро бимоланд, биошомо
нанд ва ҳамчун нонхӯриш ба кор баранд. Агар гармӣ андар тан бошад, аз он биошоманд ва нонхӯриш кунанд ва агар [гармӣ] андар сар бошад, онро [бар сар] бимоланд ва андар бинӣ афкананд. Агар андар рӯдагон сӯзиши заҳра ҷой дошта бошад, аз он биошомонанд. (400) Ин ба таҳқиқ аз ҳамаи ин [ҳолатҳо] судманд аст.
Сифати он: кадуи бузурги пурраро гирифта, пӯст кунанд, бикӯбанд ва обашро бикашанд. Сипас аз оби он чаҳор бахш ва аз равғани кунҷиди тоза як бахш гирифта, бо оташи нарм то рафтани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Баъд, онро полида, андар обгина бигиранд ва ба кор баранд.
Равғани шоҳисфарам
Аз барои боди зону, пайвандгоҳҳо ва тамоми тан суд дорад.
Сифати он: аз оби шоҳисфарам як бахш ва аз равғани кунҷид як бахш гирифта, то тамоман рафтани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Сипас онро полида, андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд ва сари онро сахт бибанданд. Як ошомиданӣ аз он, чунонки ёд кардем, аз як мисқол то ним уқия буда, онро бо ду уқия оби нахӯде биошоманд, ки бо он нахӯд миқдоре аз зираро ҷӯшонида бошанд ва аз болои он зирабо бихӯранд. Агар онро бар андомҳо бимоланд, суд бахшад.
Равғани барои гӯш229
Аз равғани кунҷид ду ратл, аз саътар даҳ дирам, аз рӯян ду уқия ва аз говшир, сакбина, мурр, муқл, уша, сабр ва лубон ду дирамӣ гирифта, [доруҳоро] бикӯбанд, андар потила афкананд, аз болояш андаке об рехта, бо даст нек бифишоранд ва сипас бар вай равған рехта, бо оташи нарм то ситабр шудан биҷӯшонанд ва ба кор баранд.
Равғани дигари барои гӯш
Аз нилаҷи резакарда ду уқия, аз равғани зайтун як ратл ва аз оби марзангӯш ним ратл гирифта, ҳамаро андар кафлези оҳанин бо оташи нарм биҷӯшон, бипол ва аз он андар гӯш бичакон.
Равғани филфилод229
Ин аз барои дарди пайвандгоҳҳо, ташаннуҷ ва истирхои андомҳо созгор аст.
Таркиби он: аз биҳии ҳиндӣ, фул, бул, ваҷ, шитараҷи ҳиндӣ, росан, дорфилфил, гавзи қай, бехи савсан, тухми бодиён, қуст, мурр, дабидор,230 зурунбод ва даруна панҷ дирамӣ гирифта, ба таври дурушт бикӯбанд, андар деге афкананд ва бар вай аз равғани кунҷид, шир ва об ду манӣ рехта, андар ҷогаҳи дучандӣ то обу шир рафтан ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд, сипас полида, ба кор баранд.
Нусхаи дигар
Ин аз дардҳои сарди обгаҳ ва заҳдон, аз қавин, сардии гурдаҳо, истирхои андомҳо, қулинҷ, лақва, фалаҷ, аз бодҳои сарди ситабре, ки андар асабҳо падид оянд, аз дарди пушт ва аз ҳар гуна дарде, ки аз сардӣ ва ситабрии [хилтҳо] бархезад, суд дорад ва он равғани ҳиндӣ бувад.
Таркиби он: аз биҳии ҳиндӣ, фул, бул, ваҷ, шитараҷи ҳиндӣ, бехи савсани осмонгунӣ, росан, дорфилфил, гавзи қай, гавзи сарв ва санавбар, қуст, тухми бодиён, зурунбод, девдор231 ва даруна даҳ дирамӣ [гирифта], ҳамаро ба таври дурушт бикӯбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор