Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас, аз шири навдӯшида ва об даҳ ратлӣ ва аз равғани кунҷид панҷ ратл гирифта, андар деги дучандӣ то рафтани обу шир ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд.
Равғани хояи мурғ

Инро ё аз тариқи орд кардани зардии хояи ҷӯшонида,
ё аз тариқи арақкашӣ бо қорураи сарнагун ва ё аз тариқи арақкашии ба тариқи бухоркунӣ ба даст оранд.
Равғани калкалонаҷ232

Ин аз барои сакта, фалаҷ, истирхо, сардмизоҷӣ, ташаннуҷ, нотавонии меъда, қавин ва дардҳои пайвандгоҳҳову пушт созгор аст, аз қулинҷ суд дорад, хуни ҳайз битозонад, заҳдонро гармӣ бахшад, сангро бигудозад, дарди мақъадро таскин диҳад ва суддаҳои танро бикушояд.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула даҳ дирамӣ, аз бехи карафс ва бехи бодиён ҳафт дирамӣ, аз дорфилфил, мурч ва занҷабил шаш дирамӣ, (401) аз говшир, банг ва сакбина панҷ дирамӣ, аз турбид чаҳор истор ва аз каранби тоза, судоби тоза ва хасаки тар як қабзагӣ гирифта, доруҳои хушкро ба таври дурушт бикӯбанд, тараҳоро реза кунанд ва ҳамаро андар дег карда, аз болояш бисту чаҳор ратл об рехта, то ними он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас, биполанд ва бар он чаҳор ман равғани беданҷир рехта, то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Бархеҳо андар он ду истор бехи савсан, чаҳор дирам шитараҷ ва ду дирамӣ анисун, адунис (адрасмон), усабид (нилуфари ҳиндӣ) ва оқирқарҳо биафзоянд.
Равғани заъфарон

Ин асабро нарм кунад, ташаннуҷ бибарад, аз сахтии заҳдон суд бахшад ва рангро беҳ созад.
Таркиби он: аз заъфарон шаш дирам, аз наи бӯё панҷ дирам, аз мурр ним дирам ва аз қардамоно шаш дирам гирифта, ба ғайр аз қардамоно [дигар] доруҳоро ҷудогона ва мурро ҷудогона бо сирко тар кунанд ва панҷ рӯз бадин ҳол бигузоранд. Рӯзи шашум қардамоноро низ бо сирко тар карда, як рӯз бигузоранд ва сипас ба рӯзи ҳафтум аз болои онҳо панҷ истор равған рехта, бо оташи нарм то рафтани сирко ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд.
Равғани ушна

Аз ушна панҷ истор, аз қуст даҳ дирам, аз салиха ва наи бӯё се дирам, аз марвхуш ду дирам, аз майъа панҷ дирам ва аз равғани мӯрд якуним ратл гирифта, доруҳоро бикӯбанд, бо сирко тар кунанд ва се рӯзи паёпай бадин ҳол бигузоранд. Сипас онро биполанд ва бо равған то рафтани сирко ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд.
Равғани уфурбиюне, ки аз мост

Ин аз барои дардҳои сарди хусусан асабҳо, аз қавин ва дарди миёну пой судманд аст.

Сифати он: аз қусти талх [41] даҳ дирам, аз гунди бедастар панҷ дирам, аз пудинаи хушк дувоздаҳ дирам, аз оқирқарҳо ҳафт дирам, аз кундуша чаҳор дирам ва аз мавизак се дирам гирифта, ҳамаро бикӯбанд ва баъд аз як шабу як рӯз тар кардан андар чаҳорсад дирам шароби райҳонӣ бо он ба ҳадде биҷӯшонанд, ки миқдори [шароб] ба камтар аз сеяк бирасад. Сипас онро сард карда, сахт биомезанд ва биполанд. Баъд бар вай ба қадри ними вазни он равғани кунҷид, ё равғани савсани озод ва ё равғани хайрӣ рехта, то рафтани шаробу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Сипас ба ҳар як даҳ дирами ин равған ду дирам уфурбиюни сафеди тоза гирифта, онро мисли гард суда кунанд, бо равған биомезанд, бар оташ биниҳанд, то як сар биҷӯшад ва баъд бардоранд.
Як равғане, ки ба румӣ «домомун» ном дошта, маънояш «дорои даҳ омехтагӣ» бувад

Ин аз сардии меъда ва асаб суд дошта, андомҳоро қувват бахшад, фазлаҳоро биронад ва асабҳоро нарм кунад.
Таркиби он: аз майъа чаҳор уқия, аз мастако дувоздаҳ уқия, аз содаи ҳиндӣ ва сунбул чаҳор уқиягӣ, аз уфурбиюн се уқия, аз дорчинӣ шаш уқия, аз муми сафед дувоздаҳ уқия, аз равғани бон чиҳилу ҳашт уқия, аз равғани баласон дувоздаҳ уқия ва аз мурч як уқия гирифта, доруҳои хушкро бисованд, ғайри онҳоро бигудозанд ва бибардоранд.
Равғани лола

Ин меъдаи сардро гарм созад ва агар онро бо пиҳи ғоз ва ё мурғ омехта, ба кор баранд, дамиш ва омосро ҳал кунад.
Таркиби он: аз равғани ба ғоят хуби зайтун як ратл ва аз гули лола ду уқия гирифта, андар ҷогаҳе кунанд ва даҳ рӯз андар офтоб ниҳода, сипас бибардоранд. Ин равғани хуб аст, вале бӯй надорад.
Равғанҳои сода

[Равғанҳои] савсан, биҳӣ, себ, хардал ва хиёри даштиро бад-ин гуна бисозанд, (402) ки як бахш равғани кунҷид ва се бахш оби [инҳоро] гирифта, чиҳил рӯз офтоб диҳанд.
[Равғани бодоми талх

Ин равған аз барои дардҳои заҳдон, ихтиноқ, сарнагун шудан ва омосҳои он ва аз барои дарди сар, дарди гӯш ва садову танини он созгор аст, касонеро, ки дарди гурда ва ё ба душворӣ омадани пешоб бошад, суд дорад. Агар онро бо ангубин ва бехи савсан омехта, бо равғани ҳино ва ё равғани гул [ба кор баранд], касони гирифтори санг, дамкӯтоҳӣ ва омоси испурчро суд бахшад. Ин [равған] доғҳои аз фазлаҳои тан андар рӯй падидомадаро бибарад, аз калаф судманд бувад, чинҳои рӯйро ҳамвор кунад ва тирагӣ ва кундии чашмро суд бахшад. Агар онро бо «хамс»233 биомезанд, аз решҳои таре, ки андар сар падид оянд ва аз шӯра ва сабӯсаи он судманд бувад.
[Тариқаи] сохтани он: аз бодоми талх даҳ ратл гирифта, пок кунанд, хушк кунанд ва андар минҷоре (ҳоване) аз чӯб нарм ва ба андозае сабук бикӯбанд, ки ҳамаи он як пораи ягона бигардад. Сипас бар вай се уқия оби гарм рехта, ним соат бигузор, то обро ба худ бикашад, сипас онро бикӯб ва бо дастат фишурда, [оби] аз миёни ангуштонат та ровидаро андар ҷогаҳе бигир.

пешина
аз 1215
навбатӣ