Қонуни тиб

Сипас бар он чи, ки ба фишурдан ҳосил кардӣ, якуним уқия об бирез ва як соат бигузор, то обро ба худ бикашад. Сипас бо он он кореро бикун, ки бори аввал кардӣ. Ҳамин тариқ, аз даҳ ратл бодом нуҳ уқия равған ҳосил карда, ба кор бибаранд.
Равғани булут
Тариқаи сохтани ин айнан ҳамон таврест, ки дониста шуд. Ин дорои қувваи зудояндагӣ буда, ҳар чи аз доғҳо, ки аз сабаби фазлаҳои тан андар рӯй падид омада бошад, рутубатҳои ширӣ, озахҳо ва пайҳои сиёҳи аз фароҳамоии решҳо падидомадаро бизудояд. Ин [равған] шикам орад ва аз барои меъда бад бошад. Агар онро бо пиҳи мурғобӣ биомезанд ва андар гӯш бичаконанд, дарди гӯш ва садову танини онро созгор бошад.
Равғани банг
Ин аз барои дарди гӯш созгор аст ва барои нарм кардан андар таркиби баъзе аз фарзаҷаҳо бидарояд.
[Тариқаи] сохтани он: аз донаи банг сафеди хушки тозаи онро гирифта, бикӯб, бо оби гарм бисиришт ва андар офтоб бигузор. Ҳар он чи ки аз он хушкид, бо дигар бахши он биомез ва ин корро то замоне идома бидеҳ, ки он сиёҳ гашта, бӯй бигирад. Сипас онро андар занбилҳои барги хурмо234 фишурда, бигир ва нигоҳ дор.
Равғани газна
Агар ин ошомида шавад, қувваташ аз исҳоли шикам суд бахшад.
[Тариқаи] сохтани он: инро ҳамон гунае созанд, ки равғани бангро бисозанд. Равғани коҷираро низ ҳамин тавр созанд ва таъсири он ба таъсири тухми газна шабоҳат дорад, вале аз он камқувваттар бошад. Равғани турбро низ ҳамин тавр ҳосил кунанд. Он касеро созгор аст, ки андар сар ва тани ӯ ба иллати беморӣ шупуши бисёр падид омада бошад ва дуруштиҳои андар рӯй бударо бизудояд. Мардумони Миср онро андар таом ба кор баранд. Тариқаи гирифтани равғани сиёҳдона низ ҳамчунин аст ва қувваташ мисли қуввати равғани турб бувад.
Равғани даҳмаст
Ин дорои қувваи гармиоваранда, нармкунанда, даҳони рагҳоро кушоянда ва мондагиҳоро ба таҳлил баранда бувад. Аз барои ҳар як дарди асаб, аз барои фарошо, аз барои дардҳои гӯш, аз барои назлаҳо ва сардард созгор аст. Агар касе онро биошомад, ӯро маниши гаштан падид ояд, вале [танаш] хушбӯй бигардад.
[Тариқаи] сохтани он: донаи даҳмастро баъд аз расидан чун бигиранд ва бо об биҷӯшонанд, бар [сатҳи] қишри он равған зоҳир шавад ва онро бо даст пок карда, андар садафе бигиранд. Бархе аз мардумон нахуст равғани зайтуни норасидро бо мушки замин, гӯргиё ва наи бӯё тунд гардонида, сипас андар он баргҳои тари даҳмастро афканда, биҷӯшонанд. Бархе аз мардумон бо барги даҳмаст донаи онро низ афкананд, вале ҳамаи эшон онро то замоне биҷӯшонанд, ки бӯи он сахт паҳн бигардад. Созгортарин даҳмасте, ки аз он равған бисозанд, онест, ки кӯҳии паҳнбарг бувад ва беҳтарин равға
ни даҳмаст онест, ки нави сабзранги сахт талхи тезмаза бувад. Он дорои қувваи гармкунандаи нармсозандаи даҳони рагҳоро кушоянда аст.
(403) Равғани гӯргиё
Аз барои барас созгор аст, гоҳе андар таркиби доруҳое бидарояд, ки мондагиҳоро бибаранд ва ба таври умум аз ҳамаи намудҳои хориш судманд аст.
[Тариқаи] сохтани он: самари онро, ки ҳар гоҳ пухт, бигиранд ва баъд аз кӯфтан ҳамон кореро кунанд, ки бо самари даҳмаст кунанд.
Равғани гул
Он дорои қувваи гирандаи сардиоваранда буда, аз барои равғанмолӣ созгор аст ва онро бо зимодҳо биомезанд. Агар онро биошоманд, шикам орад ва афрӯхтагии меъдаро хомӯш кунад. Он андар решҳои жарф гӯшт бирӯёнад ва бадии решҳои бадро ором кунад. Бо он решҳои тари андар сар бударо равған кунанд ва аз барои ширинча онро ҳамроҳи лахлаха андар марҳалаи оғози он бар сар бимоланд. Онро аз барои дарди дандонҳо зимод кунанд. Агар онро [бар чашм] бикашанд, пилкҳои ситабрӣ доштаро созгор бувад. Агар аз барои сӯзиши рӯдагон ва заҳдон онро ба тариқи ҳуқна ба кор баранд, суди намоёне бахшад.
[Тариқаи] сохтани он: аз гӯргиё панҷ бахш ва аз равғани зайтун бист бахш гирифта, сипас гӯргиёро бикӯбанд ва бо об тар кунанд. Баъд онро бо рағани зайтун биҷӯшон ва ҳангоми ҷӯшонидан, онро омезиш бидеҳ. Сипас онро полида бигир ва бар он ҳазор [дона] гули хушки кулоҳакҳо барандохтаи обнорасида афкан. Дастатро бо ангубини хушбӯй андуда, онро бо даст борҳо рӯгардон бикун, сипас сабук фишурда, як шаб бигузор биистад, то [гул равғанро] ба худ бикашад. Сипас онро бифишор ва андар тағораи ангубинандуда полида, [бигир].
Сипас туфолаи гулро андар ҷогаҳе бардор ва аз болояш ду бахш равғани зайтуни бо гӯргиё тундгардондаро бирез, баъд онро мисли аввалӣ бори дуввум нек бифишор ва бори севвум ва чаҳорум низ чунин бикун. Бархе аз мардумон гулро кӯфта, андар равғани зайтун тар кунанд ва ҳар ҳафт рӯз онро дигар кунанд. Ин корро се бор такрор карда, сипас гирифта, нигоҳ доранд ва [ба вақти ҳоҷат] ба кор баранд. Ин судманд аст.
Равғани бехи савсани осмонгунӣ
Қувваи равғани бехи савсани осмонгунӣ гармиоварандаи нармсозанда буда, хушкрешиҳо, гандидагиҳо ва
шухҳоро пок кунад, аз барои дардҳои заҳдон, омосҳои
гарми он ва баста шудани даҳони он созгор аст, ҷанинро берун орад, даҳонаҳои бавосирро бикушояд, агар онро бо сирко, судоб ва бодоми талх ба кор баранд, садо
додани гӯшҳоро созгор бошад, агар бо он ҳар ду сӯрохи
биниро равған кунанд, назлаҳои дерраванда ва ганди
биниро созгор бувад ва агар аз он ба миқдори якуним
уқия биошоманд, шикам орад. Он касонеро хуб аст, ки
қулинҷи маъруф ба «иловус» дошта бошанд ва пешобро битозонад. Агар бо он ангуштон ва пареро биолоянд, ки бо онҳо қай биангезанд, қай карданро бар касе,
ки ба душворӣ қай кунад, ҳамвор бигардонад. Агар онро бар ком биолоянд ва бо он ғарғара кунанд, касонеро созгор бувад, ки хуноқ ва андар нои шуш дуруштӣ дошта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор