Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе аз он ба касоне бидиҳанд, ки саморуғи футр, банг ва кашниз ошомида бошанд.
[Тариқаи] сохтани он: аз қишри ниёми шукуфаи хурмо шаш бахш ва аз равғани зайтун ҳафт бахш гирифта, қишрро нарм бикӯб ва андар нуҳ бахш аз об тар карда, ҳамроҳи равғани зайтун андар деги мисин бигир ва то аз равған баромадани бӯи [қишрҳо] онҳоро биҷӯшон. Сипас, онро андар тағораи ангубинандуда бипол. Навъи олии равғани бехи савсани осмонгунӣ аз ҳамин равғани зайтуни тундгардонида сохта мешавад. Аз ин равғани зайтун чаҳордаҳ бахш гирифта, бар вай бехи савсани осмонгунии кӯфта афкан ва ду шабу ду рӯз бигузор биистад, сипас онро сахт бифишор. Агар равғанро қавитар кардан бихоҳӣ, ду-се бори дигар аз нав ба миқдори аввала аз бехи савсани осмонгунӣ биафкан ва онро бифишор.
Равғани бобунаи говчашм

Ин [равған] сахт афрӯзандаи гармиоваранда буда, нармсозанда аст ва даҳонаи рагҳоро бикушояд, пешоб битозонад, агар андар таркиби доруҳои гандонанда бидарояд, аз барои носурҳо баъд аз шикофтани онҳо судманд бувад. Хушкрешиҳо ва решҳои палидро суд бахшад, аз барои ба душворӣ омадани пешоб ва омосҳои мақъад созгор аст ва агар мақъадро бо он равған кунанд, бавосирро бикушояд. Агар онро андар заҳдон баргиранд, хуни ҳайзро битозонад. Ин [равған] сахтиеро, ки андар заҳдон бувад ва омосҳои балғамии онро ба таҳлил бибарад. Агар пашминаеро бо он тар карда, бар ҷароҳатҳое биниҳанд, ки андар мушакҳо ва асабҳо падид омадаанд, аз барои онҳо созгор хоҳад буд.
[Тариқаи] сохтани он: инро аз равғани зайтуни норасид ва равғани булуте бисозанд, ки ҳар дуро бо шохаи баласон, гӯргиё, наи бӯё, қуст, ҳамомо, нордин, салиха (404) ва донаи баласон тунд гардонида бошанд. Ҷогаҳро бо шароб ва ангубин андуда, бӯйафзорҳои кӯфтаро маъҷун созанд, сипас бобунаи говчашмро бо онҳо биомезанд ва он кореро кунанд, ки андар [сохтани] дигар [равғанҳо] гуфта шуд.
Равғани дермана

Қуввати ин тез буда, аз баста шудани заҳдон ва сахтии он суд бахшад, хуни ҳайз битозонад ва ёракро берун орад.

[Тариқаи] сохтани он: аз барги дермана ҳашт бахш гирифта, андар равғани хушбӯйе, ки аз он равғани ҳино бисозанд, як шабонарӯз тар кун, сипас бифишор ва [боз] тар кун. Агар бихоҳӣ, ки бӯи он қавӣ бошад ва онро хушбӯй гардонӣ, барги дерманаро бори дигар бар ҳамон равғани фишурдаат афкан ва сипас бифишор.
Равғани шанбалит

Он дорои қувваест, ки кафгиракро нарм кунад ва бипазонад ва аз барои сахтии андар заҳдон падидомада сахт созгор аст. Аз он аз барои заҳдони зане ҳуқна бисозанд, ки рехтани рутубатҳо аз [раҳми] он кам шуда, таваллуд карданаш душвор гардида бошад. Гоҳе онро ба тариқи ҳуқна аз барои печиши ноф ба кор баранд.
Сабӯсаи сар ва решҳои тари онро бизудояд. Агар онро бо мум биомезанд, аз сӯхтагӣ ва аз кафидагиҳое, ки бар асари сармо падид омада бошанд, суд дорад. Гоҳе онро андар доруҳои калаф бо хурмо биомезанд. Баргузидаи ин ҳамонест, ки нав буда, аз он бӯи шанбалит ояд.
[Тариқаи] сохтани он: аз шанбалит нуҳ бахш, аз равғани зайтун панҷ бахш, аз наи бӯё як бахш ва аз мушки замин ду бахш гирифта, ҳафт рӯз андар равғани зайтун [доруҳоро] тар кун ва ҳар рӯз се бор онро омезиш деҳ.
Сипас онро фишурда, [бигир] ва нигоҳ дор. Бархе аз мардумон ба ҷои наи бӯё қардамоно ва ба ҷои мушки замин шохаи баласонро ба кор баранд. Бархе дигар равғани зайтунро бо ин бӯйафзорҳои ёдшуда тунд бигардонанд ва баъд аз он ҳулбаро андар он тар кунанд ва фишурда бигиранд. Баргузидаи он ҳамон аст, ки агар ангуштатро бо он андуда, андар офтоб бидорӣ, бӯи онро ширин ва таъми онро талх дарёбӣ].235 Равғани марзангӯш

Марзангӯшро гирифта, бикӯбанд ва андар деги покизае ниҳода, аз болояш ба андозае шароби райҳонӣ бирезанд, ки онро бипӯшонад ва чаҳор ангушт бар шавад. Сипас онро бар оташи нарм ба қадре биниҳанд, ки нимаш биравад ва фишурда биполанд. Баъд, дубора ба дег баргардонда, аз болояш ба қадри ним чанди шароб равған бирезанд ва чандоне биҷӯшонанд, ки шароб бираваду равған боқӣ монад. Ин равғани қавӣ буда, чи аз тариқи ошомидан ва чи молидан қуввату гармӣ бахшад, латифӣ оварад ва гармиро биангезад. Гармию хушкияш андар дараҷаи севвум бувад. [Низ] ба тариқи чаконидан аз дарди гӯш суд бахшад.

Мақолаи ёздаҳум
АНДАР БАЁНИ МАРҲАМҲО ВА ЗИМОДҲО

Марҳами сафеда

Ин аз оташсӯхта ва пӯстрафтагӣ суд дорад.
Таркиби он: аз мурдосанг як дирам, аз сафеда панҷ дирам, аз муми сафед ҳафт дирам ва аз равғани гул ду уқия гирифта, мум ва равғанро бигудозанд ва андар ҳован бар сафедаву мурдосанг афкананд. Онҳоро пеш аз сард шудан биомезанд ва сипас бо онҳо сафедии як хояи мурғро сиришта, ба кор баранд.

[Нусхаи] дигар

Аз сафеда панҷ дирам, аз мурдосанг ду дирам, аз рими сим як мисқол ва аз касиро як дирам [гирифта], бикӯбанд ва бо ҳарир бибезанд. Сипас, аз муми сафед як уқия гирифта, бо се уқия равғани гул бигудозанд ва андар ҳован бар доруҳо афкананд ва бисованд.

пешина
аз 1215
навбатӣ