Қонуни тиб

Марҳами бузурги босалиқун236
Ин аз барои решҳо суд дошта, онҳоро [гӯшт] пур кунад ва аз барои маҳалҳои асабнок ва ҷароҳатҳое созгор бошад, ки ҳарорат надошта бошанд.
Таркиби он: аз мум як ратл, аз зифт ҳашт уқия, аз мурр ва ротиёнаҷ ҷаҳор уқиягӣ, аз сақизи набатӣ чаҳор уқия ва аз равғани зайтун панҷ ратл гирифта, мум ва зифтро андар равғани зайтун бигудозанд, мурр ва ротиёнаҷро совида, андар ҳован бо онҳо якҷоя кунанд ва марҳам созанд.
(405) Марҳами хурди босалиқун
Аз ротиёнаҷ,237 зифт ва мум ба қадри баробар гирифта, бо равғани зайтун ба кор баранд.
Марҳами сафедаи бо сирко
Аз сафедаи совидаву бехта як ман ва аз равғани зайтун ду ратл гирифта, сафедаро бо равғани зайтун шикананд. Сипас даҳ ратл сирко гирифта, бар онҳо андак-андак рехта, то баста гардидан бишкананд ва андар ҷогаҳе бардошта, ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Марҳами мурдосанги бо сирко
Аз мурдосанг ба қадри дилхоҳ гирифта, бибезанд, андар ташт афкананд ва бар вай сиркову равғани зайтун рехта, бо даст нек биомезанд ва ба кор баранд.
Марҳами зангор
Ин аз барои решҳои куҳан суд дорад [ва гӯшти зиёдтиро бихӯрад].
[Тариқаи сохтани он]: аз зангор ду дирам ва аз мум, ротиёнаҷ ва сақизи санавбар панҷ дирамӣ гирифта, зангорро бисованд, дигар доруҳоро ба қадри ҳоҷат бо равғани зайтун гудохта, бар зангор бирезанд, то расидан бишкананд ва сипас ба кор баранд.
Марҳами қалқадис, ки Ҷолинус онро «фуниқӣ»238 хондааст
Ин аз тоун суд дорад, решҳои ба сахтӣ фароҳамоянда ва хуниро фароҳам оварад, аз кабудшудагӣ,239 шикастагӣ, кӯфтагӣ ва ҳамаи омосҳо суд бахшад.
Таркиби он: аз равғани куҳани чодарпиҳ ду ратл, аз равғани зайтуни куҳан се ратл ва аз қалқадис чаҳор уқия гирифта, пиҳро бигудозанд ва қалқадисро совида, бо се ратл равғани зайтун биомезанд. Сипас се ратл мурдосангро совида, бо он ва бо пиҳ андар ҳован биомезанд, баъд онҳоро андар потилаи покиза рехта, бо саъфа, яъне шохае аз нахл, то расидан бизананд ва ба кор баранд.
фед як кайлачагӣ гирифта, ҳар кадомро ҷудогона як шабу як рӯз тар кунанд. Сипас аз луоби ҳар кадоми онҳо як ратлию чаҳоряк, аз мурдосанг якуним ратл ва аз равғани зайтун ду ратл гирифта, луобҳоро як бор биҷӯшонанд ва аз оташ бигиранд. Баъд, равғани зайтунро бо мурдосанги совида то баста гардидан ва дигар шудани ранги он биҷӯшонанд. Сипас, бар вай луобҳоро як ба як рехта, онҳоро бо оташи нарм баста созанд.
Марҳами сурх
Аз мурдосанги кӯфтаю бехта як ман, аз равғани зайтун ду ратл ва аз сирко даҳ ратл гирифта, ба андозае ба ҳам бишикананд, ки баста бигарданд ва баъд аз баста шудан андар он як ратл бехи совидаву бехтаи рангрезон биафкананд.
Марҳами паямбарон
Ин дашлиҳо, яъне марҳами ҳавориён (ёрони Исо, алайҳи-с-салом) буда, бо «марҳами шукуфа» ва «мандиё» маъруф аст. Ин марҳам ба оҳистагӣ носурҳои душвор ва хукакҳои мушкилро беҳ кунад ва чизе ба дараҷаи он намерасад. Вай хуроҷҳоро аз гӯшти мурда ва рим пок кунад ва бисабзонад. Гуфтаанд, ки ин ба шумораи дувоздаҳ ҳаворӣ аз дувоздаҳ дору иборат аст.
Таркиби он: аз муми сафед ва ротиёнаҷ бисту ҳашт дирамӣ, аз говшир ва зангор чаҳор дирамӣ, аз уша чаҳордаҳ дирам, аз зарованди дароз ва кундури нар шаш дирамӣ, аз мурр ва борзад чаҳор дирамӣ, аз муқл шаш дирам ва аз мурдосанг нуҳ дирам гирифта, муқлро бо сиркои хамрӣ тар кунанд ва андар тобистон бо ду ратл равғани зайтун ва андар зимистон бо се ратл биҷӯшонанд.
Марҳами шангарф
Ин аз барои хукакҳо, саратон ва омоси хояҳо суд дорад.
Таркиби он: аз мурдосанг ва борзад панҷ дирамӣ, аз лубон ва уша даҳ дирамӣ, (406) аз сақизи набатӣ шаш дирам, аз мум240 даҳ истор, аз шангарф ҳашт дирам ва аз равғани зайтун ба қадри кифоят бигиранд.
Марҳами кирмҳои қирмиз
Ин аз дарди мақъад ва «оташи форсӣ» суд дорад.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал, кундуша, ушнон ва гӯгирд се дирамӣ, аз мурдосанг ва шиёфи момисо шаш дирамӣ, аз испанд ва марқуну-л-қирмиз,241 яъне кирмҳои қирмиз [42] дувоздаҳ дирамӣ, аз симоб ду дирам ва аз зифт даҳ дирам гирифта, кирмҳоро бо равған гудохта, ба кор баранд.
Марҳами доғниҳӣ
Марҳами сиёҳ
Аз зоги зарди бирёнкарда даҳ дирам ва аз оҳаки обнорасида ва лабанӣ ду дирамӣ бигиранд.
Марҳами диёхилун
Аз момирон, зардчӯба, борзад, уша, анзарут, самғ ва
хуни сиёвушон як бахшӣ, аз мурдосанг ба қадри вазни
ҳамаи доруҳо, аз ҳар кадоми равғани кунҷид ва равғани
зайтун ба қадри вазни ҳамаи доруҳо242 ва аз мум ба қад
Аз мурдосанг як уқия, аз сиркои тез се уқия ва аз равғани зайтун ду уқия гирифта, ҳамаро бо бисёр эҳтиёткорӣ биҷӯшонанд, то насӯзад ва биомезанд, то баста гардад.
Аз барои домғулҳо, хукакҳо ва омосҳои сахт суд дорад.
Таркиби он: аз шанбалит, тухми катон ва хитмии са
Марҳаме, ки Аз-Заранҷӣ онро санҷида аст ри кифоят гирифта, мумро андар деги сафолини нав бо равған бигудозанд ва дигар доруҳоро баъд аз совидану бехтан бар вай бипошанд, биомезанд ва ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор