Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зимоди Андрумохус

Ин аз барои бемори испурч, бемори истисқо, каси ҳар ду бараш аз ҳам кашидашуда ва низ аз барои дарди пайвандгоҳҳо, қавин ва иллатҳои дерравандаи куҳан суд дорад.
Таркиби он: аз мум ва зифт як ратлӣ, аз самғи санавбар як ратл, аз равғани зайтун ҳашт қавосус ва аз зирнихи сурхи заргун, замчи яманӣ ва оҳаки обнорасида ду уқиягӣ гирифта, ба тарзи тавсифшуда [зимод] омода созанд.
Як зимоди аҷиби мансуб ба Андрумохус

Ин аз барои он маҳалле, ки аз он ҷой [ягон чиз] кашидан бихоҳанд, созгор буда, он ҷойро бикафонад ва устухонҳои табаҳшуда, пайкон ва хорро берун бикашад.
Низ аз барои қавин, омадани хуноба, сахтии андомҳои дарунӣ, печидагии як андом ба як андоми дигар судманд аст ва ҷароҳатҳоро бибандад.
Таркиби он: аз донае, ки аз самари растании бо номи «сумоло»243 ёдшаванда бигиранд, аз бураи сурх, навшодир, аз зарованди қаритӣ, аз бехи хиёри даштӣ ва аз сақизи хинҷак бист мисқолӣ, аз мурч, дорфилфил, уша, ҳамомо ва шохаҳои баласон даҳ мисқолӣ, аз кундури нар, мурр, ротиёнаҷи хушк ва мавизаки асалии коркардашуда даҳ мисқолӣ, аз шири дарахти тут даҳ мисқол, аз мум сиҳ мисқол, аз пиҳи буз понздаҳ мисқол ва аз туфолаи равғани савсан ба андозае бигиранд, ки барои сириштани дору кифоят бошад. Баъд, доруҳои хушкро кӯфта, бибезанд, ҳар як доруи гудохташавандаро ҷудогона хуб молиш дода, нарм кунанд ва сипас ҳамаро якҷоя созанд, боз молиш дода, нарм кунанд ва каси онҳоро молишдиҳанда бояд бар дасти хеш туфолаи равғани савсан бимолад. Ҳар гоҳ хуб ба ҳам омехта шуданд, онҳоро бардошта, [то ба ҳангоми ҳоҷат] нигоҳ доранд. Ҳар гоҳ туро аз барои бартараф кардани мондагӣ ба истеъмоли он эҳтиёҷ афтад, аз он се уқия, аз пиҳи мурғобӣ се уқия ва аз равғани ҳино се уқия гирифта, биомез ва ба кор бибар.
Як зимоди дигар

Ин аз барои дарди пайвандгоҳҳо ва ниқрис судманд буда, доруи бо муваффақият шифобахшанда аст.
[Таркиби он]: аз тухми шавкарон як қист, аз ағориқун, бура ва шанбалит як уқиягӣ, аз мум244 як ратл, аз ротиёнаҷи пухта як ратл, аз равғани зайтуни куҳан як ратл, аз мағзи устухони гавазн чаҳор уқия ва аз бехи савсан [низ] чаҳор уқия [гирифта], доруҳои хушкро кӯфта, бибезанд, доруҳои гудозандаро бигудозанд ва бигузоранд, то сард шаванд. Сипас онро бар доруҳои хушк афканда, биомезанд, бибардоранд ва ба кор баранд.
Зимоди Филағриюс

Инро агар аз берун тило кунанд, аз барои дарди меъда ва ҷигар, дардҳои заҳдон ва омосҳо судманд бувад.
Низ онро бар пашминае гирифта, аз барои занон ба кор бибаранд ва бо он заҳдонро тило кунанд.

Таркиби он: аз заъфарон ду дирам (407) ва ба ҳасби нусхаи дигар дувоздаҳ дирам, аз муқл, мастако, уша, сабр ва майъаи тар ҳашт дирамӣ, аз мум се истор, аз пиҳи ғоз дувоздаҳ дирам, аз зуфои хушк ва ё тар сиҳ дирам ва аз равғани нордин ба қадри кифоят бигиранд.
Як марҳам

Ин аз сахт нотавон будани ҷигару меъда суд дорад, сахтиро нарм кунад ва дарунрави ҷигариро бибандад.
Таркиби он: аз коки шомӣ чаҳор дирам, аз киё, афсинтин ва лубон ду дирамӣ, аз мурр, сабр, наи бӯё, уд ва ақоқиё як дирамӣ, аз лозан ду дирам, аз биҳии пӯсткардаи дона баргирифтаи пухта шаш дирам, аз хурмои қасб панҷоҳ дона ва аз мум, равғани нордин ва равғани гул ба миқдоре бигиранд, ки бо он марҳам сохтан битавон. Хурмо ва кокро андар тило тар кун, биҳиро гирифта, аз донаву пӯст пок соз ва бо тило ба андозае биҷӯшон, ки бипазад. Сипас онро нек бикӯб ва бо хурмо ва кок якҷоя сохта, чандоне бисов, ки ба ҳам омехта шаванд. Мумро бо равған бигудоз, дигар доруҳоро бикӯб, бибез ва бар муми бо равған гудохта бипош. Ҳамаи онҳоро андар ҳован якҷоя сохта, бо ҳовандаста то нек омехта шудан бизан, сипас миқдоре аз онро бар варақе тило карда, бар ҷигар ва меъда бинеҳ.
Марҳаме, ки аз дилаи ҳанзал омода созанд

Ин аз барои он чизҳое суд дорад, ки андар охири ин нусха ёд шудаанд.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал чаҳордаҳ дирам, аз турбид, маҳмуда ва уфурбиюн ҳашт дирамӣ, аз тухми шибит, намак, мурр, сабр, талхаи гов, намаки ҳиндӣ, сиёҳдона, мавизаки кӯҳӣ, мурч, занҷабил, ҳалилаи зард, мозариюн ва балила дувоздаҳ дирамӣ, аз кур,245 уша, говшир ва сакбина ҳафт дирамӣ, аз бура ва гӯгирди зард шонздаҳ дирамӣ, аз шанбалит, бобуна ва тухми катон даҳ дирамӣ ва аз лабанӣ ва мум даҳ исторӣ [гирифта], ҳар чи аз ин доруҳо гудохтанист, бо равғани гов бигудоз, ҳар чи таркарданист, андар тило тар кун ва ҳар чи хушк аст, кӯфта, бибез. Сипас таркардагиҳоро бисов ва ҳамаро чандоне бо ҳам биомез, ки марҳам бигарданд.
Баъд, бо он ҷигару меъдаро тило кун ва он оби зардро фуруд хоҳад овард. Ҳар кӣ шикам равон кардан бихоҳад, вале дору ошомидан натавонад, бар меъдааш аз ин тило кун, онро равон кунад.
Марҳаме, ки аз қардамоно созанд

Ин аз дардҳои куҳане, ки андар меъда, ҷигар ва испурч ҷой дошта бошанд, аз сахтие, ки андар онҳо падид ояд ва аз сардӣ суд дорад.
Таркиби он: аз қардамоно, сунбул, ҳамомо, мурч, дорфилфил, қуст, салихаи поккарда, лубон, оқирқарҳо, кавр, уша, киё, мурр, лабанӣ, донаи баласон, зарованди дароз, зарованди гирд, мушки замин, шоҳафсар, лозан ва мехак чаҳор дирамӣ, аз заъфарон ду дирам, аз бехи савсани осмонгунӣ, борзад, равғани баласон, пиҳи гов ва ё мурғобӣ панҷ дирамӣ ва аз самғи бодоми талх панҷ дирам бигир ва мумро бо равғани нордин гудохта, сипас чунин бикун, ки мо тавсиф кардем.

пешина
аз 1215
навбатӣ