Қонуни тиб

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ЧАШМ
Омоси чашм ва таровидани моддаҳо ба
сӯи он
Инро шиёфе суд бахшад, ки як пизишки чашм аз мардумони Софлус272 тартиб додааст.
Нусхаи он: аз шиёфи момисо чиҳилу ҳашт мисқол, аз анзарут бисту чаҳор мисқол, аз шодана273 дувоздаҳ мисқол, [аз афюн дувоздаҳ мисқол]274, аз афшураи ябруҳ ҳашт мисқол, аз самғ шонздаҳ275 мисқол ва аз касиро дувоздаҳ мисқол [гирифта], бо об маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Як шиёфе, ки «хобоваранда» ном дорад
Ин аз дарди сахт, аз ҳар гуна омос ва аз ҷамъ шудани моддаҳои сахт тарованда судманд аст.
Нусхаи он: аз момисо бисту чаҳор мисқол, аз анзарут ҳашт мисқол, аз заъфарон, мурр, афюн ва зоги сӯхта ҳашт мисқолӣ ва аз самғ дувоздаҳ мисқол гирифта, бо оби борон маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ ба кор баранд.
Сифати доруи Ирасистаротус276
Ин аз гар ва омоси куҳани чашм суд дорад ва гӯше, ки аз он рим ояд, решҳои ба душворӣ фароҳамоянда ва хӯраи андар даҳон воқеъшавандаро низ судбахш бувад.
Таркиби он: аз миси сӯхта ду мисқол, аз мурр як мисқол, аз зоги сӯхта як мисқол, аз мурч сеяки як мисқол, аз заъфарон ним мисқол, (416) аз шароб нуҳ уқия ва аз оби бастаи ангур (майпухта) чаҳору ним уқия гирифта, доруҳои хушкро бисованд ва ҳангоми совидан бар онҳо шаробро бипошанд. Ҳар гоҳ бихушканд, бар онҳо оби бастаи ангурро афканда, бисованд, андар ҷогаҳе гирифта, бар оташи нарм биҷӯшонанд ва сипас андар ҷогаҳи мисин бардошта, нигоҳ доранд.
Як андудание, ки онро Филуксонис277 тартиб додааст
Ин аз барои бисёрии модда ва дарди сахт суд дорад.
Таркиби он: аз гули тоза ду мисқол, аз тухми банг ҳашт мисқол, аз кундур шаш мисқол, аз мурр чаҳор мисқол, аз писти ҷав ҳаждаҳ мисқол, зардии як хояи бирёни мурғ, аз афшураи ябруҳ чаҳор мисқол, аз заъфарон ду мисқол ва аз афюн чаҳор мисқол [гирифта], бо миқдори кофие аз шароби қабзкунанда маъҷун кунанд, аз онҳо қурсҳо созанд ва сипас ба кор баранд.
Як шиёфи дигар, ки пеш аз гармоба кардан ба кор баранд
Ин аз барои таровидани моддаҳои бисёр ва хусусан ҳангоме судманд аст, ки агар чашм ба душворӣ рутубатгиранда бошад ва ранги варамидагии он ба сафедӣ моил буда, аз омоси сахте гувоҳӣ диҳад, ки ба ҳангоми он сафедии чашм болои сиёҳии онро бигирад.
Инро ба ҳоле бояд ба кор бурд, ки баъди он беморро ба гармоба даромадан фармоянд.
Таркиби он: аз санге, ки онро «сиҷистус»279 номанд, ҳашт мисқол, аз кундур ҳафт мисқол, аз миси сӯхтаи шуста, афюн ва самғ ҳашт мисқолӣ ва аз мурр чаҳор мисқол гирифта, бо миқдори кофӣ аз шароб маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ ба кор бурда, онро ба шакли тунук бисёр маротиба андар чашм бичаконанд.
[Доруи] дигаре, ки пеш аз гармоба ба кор баранд
Инро Армиёси пизишки чашм тартиб додааст ва он аз дардҳои сахт суд дошта, худи ҳамон рӯз онҳоро ба таври хеле зиёд таскин бидиҳад ва аз омоси куҳани чашм низ судманд бувад.
Таркиби он: аз сабр ҳашт мисқол, аз миси сӯхтаи шуста, афюн ва самғ шонздаҳ мисқолӣ, аз мурр дувоздаҳ мисқол, аз заъфарон ҳашт мисқол, аз иқлимиё чаҳор мисқол ва аз кундур се мисқол гирифта, бо шаробе маъҷун созанд, ки «қандисун»280 хонанд ва бо сафедии хояи мурғ ба шакли тунук ба кор бибаранд. Бояд онро канда-канда ҳар се-чаҳор соат як бор ба чашм бикашанд, сипас чашмро ба ҳоли хеш бигузоранд, то роҳат кунад ва баъди он ба бемор гармоба даромадан бифармоянд.
Шиёфи фирӯзманд
Ин худи ҳамон рӯз дарди чашмро таскин бидиҳад ва онро «сагча»281 номанд. Низ андар як замон омосро ҳал карда, пароканда созад.
Таркиби он: аз санги сурма ва ақоқиё чиҳил мисқолӣ, аз иқлимиё шаш мисқол, аз миси сӯхтаи шуста чаҳордаҳ мисқол, аз сафедаи арзизӣ ҳашт мисқол, аз сунбул ва ҳузаз чаҳор мисқолӣ, аз гунди бедастар, сабр, афюн ва қалқатори сӯхта ду мисқолӣ ва аз самғ чиҳил мисқол гирифта, бо обе, ки андар он гул ҷӯшонида бошанд, маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ як миқдор гудохта гардонда, ба кор баранд.
Шиёфе, ки Ҷолинус тартиб додааст
[Як доруи] дигаре, ки онро «ал-лаҳабӣ»
номанд
[Таркиби он]: аз миси сӯхтаи шуста дувоздаҳ мисқол, аз заъфарон шаш мисқол, аз мурчи сафед чаҳор мисқол, аз мурр ва афюн чаҳор мисқолӣ ва аз самғ дувоздаҳ мисқол [гирифта], бо шароб маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Ин бо номи «мураккаби сода» маъруф буда, аз дардҳои сахт ва аз иллатҳо ҳангоми андар марҳалаи пастравии онҳо судманд аст.
Таркиби он: аз иқлимиёи шуста шонздаҳ мисқол, аз ақоқиё чиҳил мисқол, аз миси сӯхтаи шуста чаҳордаҳ мисқол, аз афюн, ҳузаз, сода, сунбули хушбӯй, заъфарон, сабр ва гунди бедастар ду мисқолӣ, аз мурр чаҳор мисқол, аз сафедаи арзизӣ ва санги сурмаи шуста (417) ҳашт мисқолӣ ва аз самғи арабӣ чиҳил мисқол гирифта, бо об маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор