Қонуни тиб

Инро андар марҳалаи оғози беморӣ низ ба кор баранд.
Шиёфе, ки онро «қақнус»282 хонанд
Инро як шоҳбону тартиб додааст ва аз дардҳои сахт [суд дорад].
Таркиби он: аз иқлимиё шонздаҳ мисқол, аз сафедаи шуста чиҳил мисқол, аз нашоста, касиро, ақоқиё ва афюн ду мисқолӣ ва аз самғ дувоздаҳ мисқол [гирифта], бо оби борон маъҷун созанд. Ҳар гоҳ вақти аз он ҳамчун шиёф ба кор бурдан фаро бирасад, бар вай сафедии чаҳор хояи тозаи мурғро биафзой.
Шиёфе, ки онро «тобистонӣ» лақаб ниҳодаанд
[Таркиби он]: аз иқлимиёи сӯхтаи шуста, гили
Шомус ва сафедаи арзизӣ бист мисқолӣ, аз пӯстҳои шустаи мис, ақоқиё ва пӯсти кундур ду мисқолӣ, аз касиро панҷ мисқол ва аз самғ понздаҳ мисқол гирифта, бо об маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ ба кор баранд.
Шиёфе, ки онро «ситораи мағлубнашаванда» хонанд
Ин аз дардҳои сахт, табишҳо, мӯрсарак, решҳои чиркнок, решҳои хӯранда ва иллатҳои куҳан суд дорад ва осори [обиларо] зудуда бибарад.
Таркиби он: аз иқлимиёи сӯхтаи шуста ва сафедаи арзизии шуста шонздаҳ мисқолӣ, аз сурма ва нашоста дувоздаҳ мисқолӣ, аз хокистари қолибҳои мисрезӣ, сурби сӯхтаи шуста ва гили Шомус ҳашт мисқолӣ, аз мурр ду мисқол, аз афюн ду мисқол ва аз касиро ҳашт мисқол гирифта, бо оби борон маъҷун созанд.
Шиёфи Бовқротус283
Ин шиёф шиёфи фирӯзманд аст.
[Таркиби он]: аз иқлимиё ва заъфарон дувоздаҳ мисқолӣ, аз афюн ва пӯстҳои мис шаш мисқолӣ, аз пӯстҳои шопургони поккарда ва сурби сӯхтаи шуста панҷ мисқолӣ, аз мурр се мисқол, аз сунбули хушбӯй ду мисқол, аз ақоқиё ду мисқол ва аз афшураи гул ва самғ дувоздаҳ мисқолӣ гирифта, бо оби борон маъҷун созанд.
Шиёфе, ки онро «вардӣ» («гулӣ») лақаб ниҳодаанд ва Нилус284 онро тартиб додааст
Ин аз дарди сахт, аз ҷамъ шудани моддаҳои тунуки зиёд, аз табишҳо ва мӯрсарак суд дорад.
Таркиби он: аз гули тозаи кулоҳакҳо барканда чаҳор мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол, аз афюн шашяк мисқол, аз сунбули хушбӯй шашяк мисқол ва аз самғи арабӣ се мисқол [гирифта], бо оби борон маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ ба кор баранд.
Шиёфи дигари вардӣ, ки «ҳусн»
(«зебогӣ») лақаб дорад
Ин низ аз барои иллатҳои ёдшуда судманд аст.
Таркиби он: аз гули тари поккарда бисту чаҳор мис
қол, аз заъфарон дувоздаҳ мисқол, аз нашоста шаш мисқол, аз гулнор чаҳор мисқол, аз афюн чаҳор мисқол ва аз касиро ҳашт мисқол гирифта, [47] бо афшураи барги сарв маъҷун созанд.
Шиёфи вардие, ки Торонтинус285 тартиб додааст
[Таркиби он]: аз гули тар дувоздаҳ мисқол ва аз хокистари қолибҳои мисрезӣ, сунбул, заъфарон, афюн ва самғ чаҳор мисқолӣ гирифта, бо оби борон маъҷун созанд.
Шиёфи дигари вардӣ, ки онро Диёғурос тартиб додааст
Инро «шиёфи бузург» номанд ва аз дарди сахт, пайҳои табишҳо, решҳои сахт фурӯрафтаи чиркнок ва андар табақаи шохгун падид омада, аз мӯрсарак, аз моддае, ки ба муддати мадид ҷамъ шуда бошад ва аз омоси куҳани ба душворӣ беҳшаванда суд дорад.
Таркиби он: аз гули тари (418) кулоҳакҳо барчида ҳафтоду ду мисқол, аз иқлимиёи сӯхтаи шуста бисту чаҳор мисқол, аз заъфарон шаш мисқол, аз афюн се мисқол, аз санги сурма се мисқол (вале бархеҳо аз он шаш мисқол биафкананд), аз пӯстҳои мис ду мисқол, аз сунбули хушбӯй ду мисқол, аз мурр чаҳор мисқол (вале бархеҳо аз он шаш мисқол биафкананд), аз зангор ду мисқол (вале бархеҳо се мисқол бигиранд) ва аз самғ бисту чаҳор мисқол гирифта, бо оби борон маъҷун созанд ва бо шир ба кор баранд.
Шиёфи фирӯзманде, ки аз ёсамин созанд
Ин аз ҷамъ шудани моддаҳо [андар чашм] суд дорад.
Таркиби он: аз ақоқиё ва афшураи ёсамин чиҳилу ҳашт мисқолӣ, аз хокистари қолибҳои мисрезӣ ва заъфарон бисту чаҳор мисқолӣ, аз афюн чаҳор мисқол (ба ҳасби як нусхаи дигар шаш мисқол), аз мурр чаҳор мисқол, аз афшураи банг чаҳор мисқол, аз миси сӯхтаи шуста чаҳор мисқол ва аз самғ чиҳил мисқол гирифта, бо шароб маъҷун созанд.
Шиёфе, ки онро «себӣ»286 гӯянд
Ин аз барои касе созгор аст, ки чашмаш таҳаммули расондани доруро надорад ва аз табишҳо, решҳои сахт нишастаи чиркноки андар табақаи шохгун падидомада, аз мӯрсарак, аз барои моддаҳои бисёр ва аз иллатҳои ба наздикӣ ба амал омада судманд аст.
Таркиби он: аз иқлимиёи сӯхтаи андар шир хомӯш карда шаш мисқол, аз сафедаи арзизии шуста ҳашт мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол ва аз касиро ду мисқол гирифта, бо оби борон маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ ба кор баранд.
Як шиёфе, ки ба номи каси тартибдиҳандаи он, яъне Суриёс, лақаб ниҳода шудааст
Ин шиёф фирӯзманд буда, аз дардҳои куҳан, аз нест шудани гӯшти гӯшаи бузурги чашм, яъне иллате, ки онро «ашкрезӣ» номанд, аз хуроҷе, ки андар ин гӯша падид ояд, яъне носур суд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор