Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Таркиби он: аз иқлимиёи шуста ва шоданаи сӯхтаи шуста бисту ҳашт мисқолӣ, аз хокистари қолибҳои мисрезӣ бисту чаҳор мисқол, аз мурр чиҳилу ҳашт мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол, аз афюн ҳамин мисқол, аз мурчи сафед сиҳ дона ва аз самғ шаш мисқол [гирифта], бо шароб маъҷун созанд ва бо сафедии хояи мурғ аз барои маҳаллҳои [бемории] ба наздикӣ ба амал омада ба кор баранд. Бояд он тунук бошад. Бархе аз мардумон андар он дувоздаҳ мисқол заъфарон афзоянд.
Шиёфи ҳавоӣ, ки лақаби «ҳиндӣ» дорад

Аз хусусияти он ин аст, ки ҳар гуна омоси чашмро ба амал омадан нагузорад. Вай аз фасод, хориш ва хӯраи гӯшаи дарунии чашм суд дорад, осори [решҳо] бибарад ва чашми аз он молидаро ба тавре муҳофазат кунад, ки на ба ҳангоми молидан ва на баъди он тира нагардад.
Таркиби он: аз сафедаи арзиз чиҳилу ҳашт мисқол, аз иқлимиёи қубрусӣ бисту чаҳор мисқол, аз мидоди ҳиндӣ панҷ мисқол, аз армониюн, аз омехтае, ки онро «фасуриқун» номанд ва маънояш [доруи] «гарӣ» бошад, аз афшураи хушки ғӯраи ангур ва аз афюн панҷ мисқолӣ, аз мурчи сафед шаш мисқол, аз равғани баласон ҳашт мисқол (вале аз рӯи нусхаи дигар аз ин шаш мисқол бигиранд), аз самғ шонздаҳ мисқол ва аз дорчинӣ ду мисқол гирифта, бикӯбанд ва бо оби борон сиришта, ба кор баранд.
Як дору

Ин аз омоси шадид ва аз он омоси чашм, ки аз сабаби ғалабаи гармӣ бархезад, суд дорад.
Таркиби он: аз афюн, касиро, филзаҳра ва сафеда шаш дирамӣ ва аз самғи арабӣ дувоздаҳ дирам [гирифта], ҳамаро бикӯб ва бисов. Сипас шоҳисфарами тозаро гирифта, бо ду ратл оби борон ба ҳадде биҷӯшон, ки ба (419) сеяк бирасад. Баъд, он обро бипол, бо вай доруҳоро сиришта, ба қадри нахӯд шиёфҳо бисоз ва андар соя бихушкон. Ҳар гоҳ агар онро ба чашм кашидан бихоҳӣ, бо оби сард, ё шири зан, ё сафедии хояи мурғ ва ё бо оби шанбалити ҷӯшонида бар порае аз садаф ва ё санги чарх бисов ва сипас пагоҳӣ ёздаҳ ва ё ҳафт сари мил аз он ва бегоҳӣ низ ҳамин қадар ба чашм бикаш. Ин дору гармиро шиканад, рутубати ба сӯи чашм ояндаро қатъ кунад, чашмро қувват бахшад ва омосро бибарад.
Як доруи [дигар]

Ин аз рамади шадид суд дошта, омосро бигардонад, тариро бартараф кунад ва гармиро таскин бидиҳад.
Таркиби он: аз шиёфи момисо чиҳилу ҳашт дирам, аз заъфарон бисту чаҳор дирам, аз афюн дувоздаҳ дирам, аз филзаҳра ва қурси афшураи хушки банги сафед шаш дирамӣ, аз барги гули тозае, ки бунҳои сафеди барги онро канда бошанд, чиҳил дирам ва аз самғи арабӣ чиҳилу ҳашт дирам гирифта, ҳамаро бикӯб ва бо оби борон ва оби шоҳафсар бисов. Агар шоҳафсар тар бошад, фишурда, [обашро бигир], вале агар хушк бошад, биҷӯшон ва оби онро бипол. Баъд, доруҳоро совида, бо оби он маъҷун кун ва аз он ҳаббҳое мисли нахӯд сохта, бихушкон. Сипас онро бо оби сард, ё шири зан ва ё сафедии хояи мурғ бар санги чарх ва ё садаф совида, саҳару бегоҳ бар чашм бикаш.

Доруе, ки «иксирини287 сурх» ном дорад

Ин аз решҳое, ки андар чашм падид оянд ва аз гармии шадид суд дорад, чашмро аз намие пок кунад, ки ба сабаби бисёрии фазлаҳо ва рутубат андар [чашм] ҷамъ шавад ва пӯшиши чашмро қавӣ созад.
Таркиби он: аз афюн, шодана, рӯсӯхта ва мағзи гандум ҳашт дирамӣ, аз самғи арабӣ чиҳилу ҳашт дирам, аз сафеда шасту чаҳор дирам ва аз иқлимиё бисту ҳашт дирам гирифта, шодана ва рӯсӯхтаро ҷудогона бо об нек бисов, сипас ҳамаро якҷоя карда, хушк бисов ва баъд аз он онро мисли санги сурма ба чашм бикаш.
Сифати марҳаме, ки бар чашм биниҳанд

Ин аз шиддати гармие, ки андар чашм авҷ гирад, суд дорад, рутубатҳои ба сӯи он ҷамъшавандаро қатъ кунад, чашмро қувват бахшад ва дардро таскин диҳад.
Таркиби он: аз барги гули хушк, пӯсти тари анори ширин ва наск панҷ дирамӣ бигир, бар онҳо як ратл об рехта, нек биҷӯшон, обро бипол ва онҳоро хуб кӯфта, бо миқдоре аз обу равғани гул маъҷун соз ва бар чашм бинеҳ.
Доруи дигар

Ин аз дардҳои гарми чашм суд дорад.
[Таркиби он]: аз заъфарон, лубон, сабр, мурр, афюн ва анзарут панҷ дирамӣ гирифта, бикӯб, бисов ва ба ҳангоми оғози дард онро бо сирко ва оби коснӣ, ё оби фарфин (хурфа), ё оби банг ва ё оби кашнизи тар бар чашм тило кун. Агар дард давом кунад, онро бо тило бар чашм, пешонӣ ва пеши сар тило кун ва [пеш аз ин] андаке гармаш соз. Ё аз писти ҷав чаҳор дирам, аз коҷираи даштӣ ду дирам ва аз афюн як дирам гирифта, нек бисов, бо равғани гул маъҷун соз ва бар чашми омосида ва варами гарми [чашм] бинеҳ.
Сурмае, ки онро «истотиқун» номанд

Инро агар аз барои тирагии чашм ва сурхии он андар чашм бичаконанд, агар аз барои оғози обравӣ ба чашм бикашанд ва агар онро бо сурмаи вардӣ биомезанд, судманд хоҳад буд.
Таркиби он: аз қалимиё,288 миси сӯхта [48] ва сабр як бахшӣ, аз сунбул ва мурр панҷ бахшӣ, аз заъфарон ва афюн ним бахшӣ, аз ақоқиёи соф чаҳор бахш, аз ҳузаз панҷяк бахш ва аз самғи арабӣ чаҳор бахш гирифта, қалимиё, мис, сабр ва ақоқиёро бо оби хуш чаҳор (420) моҳ бисованд. Сипас, ҳузаз, заъфарон ва афюнро андар зерсанги дигаре панҷ рӯз совида, баъд бо онҳо биомезанд. Самғро андар об то гудохта шудан тар карда, бар доруҳо бирезанд, аз тариқи совидан онҳоро биомезанд, сипас қурсҳо ва ё ҳаббҳо сохта, бар чашм бикашанд, бо хости Худой суд бахшад.
Як сурмаи [дигар]

Ин аз ҳамаи дардҳои аз назлаҳо падидомадаи чашм суд дорад.
Таркиби он: барги марвиҷонро гирифта, оби онро бифишоранд, биполанд ва [баргро] андар зерсанг то ситабру сахт гардидан андак-андак бисованд. Сипас, якчанди он самғи арабӣ гирифта, бо миқдори андаке аз об тар кунанд, то гудохта шуда, мисли ангубин бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ