Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд, онро бо оби марвиҷон омехта, якчанд рӯз бисириштанд, то бихушкад ва ҳабб сохтани он мумкин бигардад. Сипас онро ҳабб сохта, андар соя хушк кунанд ва бар чашм бикашанд.
Решҳо, табишҳо ва рими чашм

Бидон, ки шиёфи ёдшудаи «ситора» аз барои инҳо сахт судманд, шиёфи фирӯзманд ҳамчунин ва шиёфи «себӣ» ба ғоят хубанд.
Шиёфе, ки ба Моҳур нисбат дорад

Ин аз барои иллатҳои куҳан ва риме, ки андар чашм падид ояд, судманд бувад.
Таркиби он: аз тӯтиё сиву ду мисқол, аз миси сӯхта бисту ду мисқол, аз заъфарон шонздаҳ мисқол, аз мурр шонздаҳ мисқол, аз шодана даҳ мисқол, аз мурчи сафед чиҳил дона ва аз самғ чиҳил мисқол гирифта, бо шароб маъҷун созанд. Ба ҳасби як нусхаи дигар андар он аз афюн даҳ мисқол биафкананд.
Даридагии табақаи шохгун

Шиёфи вардӣ аз ҳамаи намудҳои мӯрсарак суд дорад.
Як хокаи пошиданӣ

Ин маҳалли костаи табақаи шохгунро пур кунад.
[Таркиби он]: аз садафҳои бузурги сӯхта ва шодана ду дирамӣ289 гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва андар чашм бипошанд.
Ғарб

Шиёфе, ки онро Суриёс тартиб додааст, аз барои ғарб судманд аст.
Сафедӣ ва осори решҳо

Гоҳе аз барои сафедӣ доруи қибтии мисрӣ ва шиёфи ҳиндӣ суд бахшанд ва бар чашм кашидани саргини карбоса низ судманд аст.
Шиёфи зард, ки бо номи «хилофи тирасозанда» маъруф аст

Ин аз парда гирифтан, торикии чашм ва иллатҳои куҳан суд дорад ва осори [решҳо] ва сахтиҳоро бибарад.
Таркиби он: аз иқлимиё бисту чаҳор мисқол, аз афшураи хушки ғӯраи ангур дувоздаҳ мисқол, аз навшодир якчанди он, аз афюн ҳашт мисқол, аз самғи арабӣ бисту чаҳор мисқол, аз сафедаи арзиз якчанди он, аз заъфарон шонздаҳ мисқол ва аз мурчи сафед бисту чаҳор мисқол гирифта, бо оби борон маъҷун созанд.
Як сурмаи шигифтовар

Инро Масеҳ290 аз барои сафедӣ ва ашкрезии чашм санҷида ва сутуда аст. Ин [сурма] пардаи [чашм] ва ҳар гуна ситабрии андар пилк ба амал ояндаро бизудояд ва бинишро сахт тез кунад.

Таркиби он: аз тӯтиёи ҳиндӣ дуним дирам, аз санги сурмаи исфаҳонӣ чаҳор дирам, аз санги рӯшноӣ дуним дирам, аз миси сӯхта ду дираму ду сеяк,291 аз иқлимиёи зар ва иқлимиёи сим як дирамӣ, аз шодана як дирам, аз бехи марҷон, марвориди хурд ва пӯстҳои мис ду донгӣ, аз дерманаи сӯхта ду дираму ду сеяк, аз обгинаи гудохта ним дирам ва аз обгинаи фиръавнӣ ним дирам гирифта, ин доруҳоро бо оби борон бисованд ва чун то охир суда шуда чизе намонад, бар онҳо аз кофури совида як донг ва аз мушк як қирот афканда, аз тариқи совидан ҳамаро биомезанд, ҳабб созанд ва андар соя бихушконанд. Сипас онро андар садаф бо об совида, ба чашм бикашанд.
[Доруи] дигар

Ин аз барои сафедӣ судманд буда, санҷидашуда ва шигифтовар аст.
Таркиби он: аз сӯҳонрезаи сӯзанҳо ду дирам ва аз симоб як дирам гирифта, ҳар дуро якҷоя бисованд, андар найчаи наӣ бикунанд, даҳони онро бо хамир бибанданд, (421) ҳамаи он найро бо хамир бипӯшонанд, аз болои он гиле бимоланд, ки бо пашм сиришта бошанд ва аз болои он риштаҳо печида, баъд аз он бори дигар бо гил андуда кунанд. Сипас онро андар оташи лахча чандоне бипазанд, ки санг баста, мисли сафол бигардад ва баъд [найро] берун оварда, он доруро аз дарунаш бароранд [ва онро чунон дарёбӣ, ки андар ҳам рафта, чун шиёф гардида бошад].292 Се дирам иқлимиёи сафеди совида гирифта, бо он дору биомезанд, дубора андар найчаи дигаре андохта, бо он он корҳоеро кунанд, ки бо аввалӣ карданд ва чун санг баст, боистӣ берунаш оранд.
Сипас ба баргҳои катоне, ки пеш аз расидани борон онҳоро ҷамъ ва хушк карда бошанд, рӯ оварда, аз онҳо як дирам ва аз марвориди ношикофта ним дирам бигиранд ва ҳар дуро бо дигар доруҳо ба ғоят совида, чандоне нарм созанд, ки мисли гард бигарданд. Ҳар гоҳ бо он муолаҷа кардан бихоҳӣ, нахуст се рӯз паёпай бар чашми бемор афшураи бехи савсан ва сипас ин доруро бикаш. Баъд аз он як рӯз аз ин дору ва як рӯз аз афшураи савсан кашидан бигир.
Як хокаи пошиданӣ аз барои сафедии чашм

[Таркиби он]: аз зангор, уша ва харчанги дарёии сӯхта панҷ дирамӣ, аз дилаи ҳанзал дуним дирам, аз заҳраи барзагов ва бураи арманӣ ду дирамӣ, аз намаки андаронӣ се дирам, аз мурчи сафед бист дирам, аз кафки дарё чаҳор дирам, аз пӯстҳои хояҳои чӯҷабароварда се дирам, аз резаҳои санги чарх панҷ дирам, аз саргини сусмор даҳ дирам ва аз марвориди ношикофта чаҳор дирам бигиранд.
Сабал

Як сурмаест, ки аз барои боди сабал судманд буда, яке аз он доруҳои санҷидашуда ва сутуда аст.
Таркиби он: пӯстҳои хояҳоеро, ки аз онҳо андар зери мурғ нав чӯҷа баромада бошад, бигиранд, бо сиркои тез даҳ рӯзи паёпай биҷӯшонанд, сипас полида, андар қорура ва ё ҷогаҳи сафолин бигиранд ва ин ҷогаҳро андар ҷои бечанг ба зери офтоб ниҳанд, то чизи андарун будаи он бихушкад. Сипас онро гирифта, бисованд ва бар чашм бикашанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ